Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани бинои маркази хизматрасонии муосир ва супоридани тӯҳфаҳо ба ятимони кулл дар ноҳияи Шаҳритус

22.09.2020 09:23, ноҳияи Шаҳритус
Ба истифода додани бинои маркази хизматрасонии муосир ва супоридани тӯҳфаҳо ба ятимони кулл дар ноҳияи Шаҳритус   22.09.2020

22 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар ноҳияи Шаҳритус ҳамзамон ба фаъолияти маркази хизматрасонии муосир оғози расмӣ бахшиданд.

Сохтмони маркази хизматрасонӣ яке аз бандҳои нақшаи тадбирҳо ба истиқболи сазовори ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Холназар Достиев дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланди меъморӣ анҷом дода шуд.

Ба Пешвои муаззами миллат иттилоъ доданд, ки бино аз 2 ошёна ва таҳхона иборат буда, қабати якум аз тарабхона, ошёнаи дуюм меҳмонхона ва қабати поёнии он аз ошхона иборат аст. Тарабхонаи маркази хизматрасонӣ барои 150 нафар пешбинӣ гардида, дар он барои баргузории тую маъракаҳо ва дигар ҷашну чорабиниҳои фарҳангӣ имконияти хуб фароҳам оварда шудааст.

Бинои мазкур дар доираи эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ҷиҳати беҳтар намудани инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ, бунёд шуда, дорои 40 ҷойи хоб ва ҳуҷраҳои алоҳидаи қабули меҳмонон мебошад.

Меҳмонхона низ бо риоя ва услуби хоси меъмории ҷаҳонӣ бунёд гардида, барои муштариён имкониятҳои мусоиди истироҳатро фароҳам овардааст.

Ошхонаи маркази хизматрасонӣ дар як вақт метавонад 120 нафарро қабул намояд.

Намои берунаи бинои тозабунёд бо тарҳ ва усули миллӣ оро ёфта, саҳни он дар масоҳати 500 метри мураббаъ сафолакпӯш гардидааст. Чароғонкунӣ ва бо гулу дарахтони сояафкану ороишӣ оро ёфтани атрофи бино ба ҳусни маркази ноҳияи Шаҳритус зебогии тоза зам менамояд.

Баъди ба фаъолият пардохтани марказ 20 нафар сокини ноҳия бо кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба фаъолият пардохтани иншооти мазкурро ҷиҳати беҳтар намудани инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

Дар ҳамин ҷо ҳамчунин Пешвои муаззами миллат бо як гурӯҳ ятимон ва маъюбон аз ноҳияҳои Қубодиён, Дӯстӣ, Носири Хусрав ва Шаҳритус мулоқот намуда, аз ҳолу аҳволи онҳо пурсон шуданд.

Зимни мулоқоти самимӣ Сарвари давлат наврасону ҷавононро, ки бо амри тақдир аз падару модар маҳрум гаштаанд, ба омӯзиши илмҳои муосир, дӯст доштани Ватан, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ободу зебо кардани Ватани аҷдодиамон ҳидоят намуданд.

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 78 ятим, писарону духтарон, ки зери парастории Ҳукумати мамлакат қарор доранд, туҳфаҳо иборат аз сару либосӣ мавсимӣ, шиму костюм ва пойафзол тақдим намуданд.

Ин иқдоми башардӯстонаи Сарвари ғамхору дилсӯзи миллат боиси шодиву хурсандии наврасон гардид.

Дар охири мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ятимону маъюбон даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз имкониятҳои фароҳамнамудаи давлату Ҳукумати мамлакат бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, соҳибилм шаванд ва бо касбу ҳунари худ фарди ватандӯсту ватандор гарданд.

Дар навбати худ кӯдакону наврасон ба Пешвои миллат ва ғамхору сарпарасти ятимон изҳори сипос намуда, ваъда доданд, ки минбаъд низ ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи зиндагии худ карда, дар оянда барои ободӣ ва пешрафти Тоҷикистони азиз саҳмгузорӣ менамоянд.

Маврид ба ёдоварист, ки ятимону бепарасторон ва оилаҳои камбизоат ҳамеша зери таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат қарор доранд ва барои беҳдошти зиндагии онҳо аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешавад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520