Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар

22.09.2020 17:09, шаҳри Бохтар

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтарро, ки ба хотири пешвози сазовор аз ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бо тарҳи нави меъморӣ бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.

Бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дорои 10 утоқ, аз қабили ҳуҷраҳои корӣ, китобхона бо фарогирии 1200 нусха адабиёти соҳавию бадеӣ, ду толори маҷлис бо 110 ҷойи нишаст мебошад, ки дар он беҳтарин шароити корӣ фароҳам оварда шудааст.

Иншоот аз се ошёна иборат буда, атрофи он бо дарахтони ҳамешасабз оро дода шудааст. 3 садяк замини саҳни бино сабзкорӣ ва масоҳати 268 метри мураббаъ сафолакпӯш гардидааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид аз бинои нав ва шиносоӣ бо шароити кору фаъолият ба иқдоми соҳибкорону аъзои фаъоли ҳизб баҳои арзанда дода, анҷоми чунин амали наҷиби созандагиро шоистаи дастгирӣ ва намунаи ибрат арзёбӣ намуданд.

 Ба Роҳбари давлат иттилоъ дода шуд, ки аксари кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтарро ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳо аз технология ва илмҳои муосир ба хубӣ бархӯрдоранд.

Бо шарофати даврони соҳибистиқлолии мамлакат 9 нафар корманди ҳизби шаҳри Бохтар, ки қаблан дар бинои ҳизбии вилоят фаъолияти корӣ доштанд, соҳиби бинои алоҳидаи хуштарҳ гардида, фаъолияти худро дар ҳуҷраҳои кушоду барҳаво идома хоҳанд дод. 

 Гуфта шуд, ки агар соли 2013-ум танҳо  дар 5 шаҳру ноҳияи вилоят Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон соҳиби бинои алоҳидаи худ буданд, бо дастгирӣ ва ғамхориҳои доимии Роҳбари муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар соли ҷорӣ аллакай ин шумора ба 21 адад расонида шуд. Ба замми ин, 25 сохтори ҳизбӣ соҳиби нақлиёти хизматӣ гардида, шумораи аъзои ҳизб нисбат ба 7 соли қаблӣ 100 ҳазор нафар афзун гардидааст.

 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кормандон ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ, саҳм гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлоли давлатиро талаб намуданд. 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520