Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифититоҳи бозор дар маркази ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

24.09.2020 16:04, ноҳияи Шамсиддини Шоҳин
Ифититоҳи бозор дар маркази ноҳияи Шамсиддини Шоҳин  24.09.2020

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар маросими ифтитоҳи Бозори марказии ноҳия иштирок намуданд.

Корҳои сохтмонӣ дар бозори мазкур моҳи сентябри соли 2019 оғоз гардида, дар рафти корҳои сохтмонӣ 30 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд.

Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати бозор 2 ҳазору 400 метри мураббаъро ташкил дода, дар он 112 ҷойи болопӯшида барои савдо ва 22 дукони тиҷоратӣ ҷойгир карда шудааст. Бозор бо маблағгузории Иттифоқи “Тоҷикматлубот” бунёд карда шудааст.

Мавриди зикр аст, ки дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин то ин дам бозор вуҷуд надошт ва сокинон барои харидории молу маҳсулоти ниёзи аввал ба дигар шаҳру ноҳияҳо сафар мекарданд.

Кишоварзон ҳосили ҷамъоварӣ кардаашонро ба шаҳри Кӯлоб ва дигар ноҳияҳо ба савдо мебароварданд, ки дар аксари маврид меваю сабзавот ҳангоми кашонидан талаф меёфт.

Акнун дар бозор барои соҳибкорон ва хоҷагидорон барои ба фурӯш баровардани молу маҳсулот ва ба сокинон барои бо нархи дастрас харидорӣ кардани маводи зарурӣ шароити мусоид муҳайё карда шуд.

Дар ин ҷо беш аз 100 нафар соҳибкорону сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Пешвои миллат зимни суҳбат бо соҳибкорон ва роҳбарияти бозор, дастур доданд, ки барои таъмини аҳолӣ бо меваю сабзавот ва дигар намуди молу маҳсулот бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони дигар шаҳру ноҳияҳо шартнома баста, фаровонии бозорро таъмин намоянд.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520