Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ниҳолшинонӣ

31.12.2009 12:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди Қасри Миллат бо фарзандону наберагони худ ва кормандони Дастгоҳи иҷроияи Сарвари Давлат беш аз 1000 бех ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабзу сояафкан шинонда, дар арафаи фарорасии Соли нави мелодӣ ба мавсими нави ниҳолшинонӣ дар мамлакат оғоз бахшид.

Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фарзандону наберагони худ бевосита дар ниҳолшинонӣ иштирок намуда, дар арафаи соли нав оғоз ёфтани мавсими нави ниҳолшинониро фоли нек аз файзу барор дар соли оянда арзёбӣ намуд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки соли нав барои Тоҷикистони азиз дар татбиҚи наҚшаю барномаҳои сершумори бунёдкорию созандагӣ, ободонию кабудизоркунӣ, бунёди боғҳои нав ва барҚарорсозии боғҳои кӯҳна файзбору пурбарор хоҳад шуд.
Чунонки аён аст, бо ҷаҳду талошҳои доимӣ ва иштироки бевоситаи Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи ду – се соли ахир атрофи Касри Миллат аз як мавзеи хушку сӯзон ба боғу бӯстони дилфиреб табдил ёфта, ба маркази пойтахт ҳусну намои зебо зам намудааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520