Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Қисми мустақили 55-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Ховалинг

25.09.2020 18:03, ноҳияи Ховалинг
Ифтитоҳи Қисми мустақили 55-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Ховалинг  25.09.2020

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг бинои Қисми мустақили 55-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти  давлатии оташнишонӣ оид  ба  муҳофизати ноҳияи Ховалингро ифтитоҳ намуданд.

Иншоот аз  ду  ошёна иборат буда, бо тарҳи зебо дар идомаи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.

Бинои нав аз 12 утоқи корӣ, синфхонаи таълимӣ, маҷлисгоҳ бо 40 ҷойи  нишаст, ошхона барои кормандон ва хобгоҳ иборат мебошад.

 Барои  фаъолияти мунтазам ва фаврии кормандон Хадамоти  давлатии оташнишонӣ дар ноҳияи Ховалинг се адад воситаи нақлиёти муосир ва  махсусгардонидашуда, ки ҳар яки он имкони ғунҷоиши то 6 тонна обро доранд, дастрас карда шудааст.

100 бех ниҳоли  сояафкан  ва 4000 гулҳои рангоранг  ҳудуди  иншоотро зиннат мебахшад.

Дар доираи созандагиҳо ҳамчунин атрофи бино сафолакпӯш карда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати шахсии ниҳоди мазкурро  барои  истифодаи  пурсамар  аз  шароити  фароҳамгардида ҷиҳати хизмати содиқона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.

Президенти  мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз  шиносоии пурра бо шароити  кору  фаъолият дар Хадамоти  давлатии оташнишонӣ дар ҳамин ҷо аз намоиши  ҳунарҳои  мардумӣ боздид  намуданд.

 Дар намоишгоҳ навъҳои гуногуни таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла гулдӯзӣ, овезаҳо, нақшу  нигор, зарфҳои  аз  чӯбу  кулол, мису оҳан ва аз  дигар металҳо сохташуда  ба таври  васеъ  муаррифӣ карда  шуд.

Тавре мушоҳида гардид, занону  бонувони  дар  ин сохтори  Вазорати  корҳои  дохилӣ  фаъолияткунанда  низ ба  рушди ҳунарҳои миллӣ ва  дар самти эҳёи он таваҷҷуҳи хоса доранд.

 Сарвари  давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо иштирокчиёни намоиши ҳунарҳои мардумӣ сокинонро ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва рушди анъанаҳои миллӣ ҳидоят карданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520