Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ

24.03.2012 17:00, шаҳри Душанбе

Ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистон дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Осиф Алӣ Зардорӣ ва баъдан зимни музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои васеъ мавриди муҳокима қарор гирифт.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз пайвастагӣ ва муҳтавои мулоқотҳои сатҳи олии миёни ду кишвар изҳори боварӣ намуд, ки рушди робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, нақлиётӣ, энергетикӣ, саноатӣ, кишоварзӣ ва ҳам амниятии Тоҷикистону Покистон натанҳо ба нафъи ҳарду кишвар, балки кулли минтақа, аз ҷумла Афғонистон мебошад.

Аз густариши бесобиқаи робитаҳои сохторҳои давлатӣ ва соҳибкорону тоҷирони ду кишвар, ки боиси афзоиши намоёни ҳаҷми муомилоти молу маҳсулот миёни ду кишвар гардидааст, изҳори хушҳолӣ карда шуд.

Ба идомаи машваратҳои судманди сиёсӣ ва таҳкиму густариши ҳамкории миёни сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ду кишвар дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир низ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520