Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои маркази ташхисӣ - табобатии “Муҳаммадҷон” дар деҳоти Ҳаёти Нави ноҳияи Шаҳринав

30.09.2020 10:13, ноҳияи Шаҳринав
Ифтитоҳи бинои маркази ташхисӣ - табобатии “Муҳаммадҷон” дар деҳоти Ҳаёти Нави ноҳияи Шаҳринав  30.09.2020

Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳринав Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҳаёти Нав маркази ташхисӣ - табобатии “Муҳаммадҷон” - ро ифтитоҳ карданд.

Маркази ташхисӣ - табобатии 2-ошёна бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Аҳмадзода Ҷамолиддин дар доираи эълон гардидани солҳои 2019 - 2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар масоҳати 15 садяк замин бунёд гардидааст.

Дар ин ҷо шароити ташхису табобат ва хизматрасонии тиббӣ фароҳам мебошад. Дар Маркази ташхисӣ - табобатии “Муҳаммадҷон” намудҳои зиёди ташхис, муолиҷа ва хизматрасониҳои тиббӣ - санитарӣ, аз қабили табобати касалиҳои дарунӣ, урологӣ, системаи асаб, амрози занона бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ ба роҳ монда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муассиси марказ ва табибону кормандон дастур доданд, ки ба сифати хизматрасонии тиббӣ, муошират бо беморон диққати ҷиддӣ диҳанд ва ҳамзамон ҳамаи қоидаю талаботи санитарию гигиениро риоя намоянд.

Дар муассиса ҳамаи шароити меъёрии талаботи тиббӣ-санитарии безараргардонӣ, таъмизгардонии дастгоҳу таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ фароҳам аст.

Ҳуҷраҳои дандондармонӣ барои калонсолон ва кӯдакон аз хизматрасониҳои дигари ин иншооти соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад.

Дар муассиса барои табобати офиятбахшӣ баробари ҳуҷраҳои алоҳида гӯшаи гиёҳдармонӣ таъсис дода шудааст, ки дар он бо истифода аз гулу гиёҳҳои шифобахши аз лиҳози экологӣ тоза ба дарди беморон дармон мебахшанд.

Баъди бунёди Маркази тиббии хусусӣ 20 нафар табиб, мутахассисони дорои донишу таҷриба ва кормандони миёнаи тиб ба кор ҷалб шудаанд.

   Мутобиқи маълумот корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2018 оғоз гардида, барои бунёди он 20 нафар коргарони маҳаллӣ ҷалб шуданд.

Саҳни Беморхона сафолакпӯш карда шуда, даромадгоҳ ва ҳавлии он бо гулу буттаҳои ороишӣ зебу зиннат дода шудааст, ки ба кас руҳу илҳоми тоза мебахшад.

   Пешвои муаззами миллат аснои шиносоӣ бо шарту шароити маркази тозатаъсис ба иқдоми соҳибкори ватанӣ баҳои баланд дода, ба табибону дигар кормандони соҳаи тандурустӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Таъкид гардид, ки табибон бо истифода аз шароиту имконияти барояшон фароҳамгардида ба халқу миллат содиқона хизмат намоянд.   

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520