Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси ширкати Зиҷинг Майнинги Ҷумҳурии Мардумии Чин Чен Тсзинхе

21.12.2009 17:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси ширкати Зиҷинг Майнинги Ҷумҳурии Мардумии Чин Чен Тсзинхеро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар соҳаи саноати кўҳӣ, аз ҷумла истихроҷи тилло ва дигар металҳои қиматбаҳо баррасӣ шуд.

Чен Тсзинхе ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба фаъолияти ширкати муштараки Зарафшон, ки аз ҷониби Тоҷикистон ва ширкати Зиҷинг Майнинги Ҷумҳурии Мардумии Чин таъсис ёфтааст, гузориш дода, аз ҷумла таъкид дошт, ки соли равон ҳаҷми истихроҷи тилло аз кони Тарор ба 800 килограмм мерасад ва дар давоми 3 соли оянда ин нишондод бояд ба 4-5 тонна расонда шавад. Тибқи иттилои ў аллакай соли 2010 бояд ҳаҷми истихроҷи тилло ба якуним тонна расад.

Иттилоъ дода шуд, ки ширкати Зиҷинг Майнинг барои муҳайё намудани шароити хуби корӣ бо технологияи муосири истихроҷи маъданҳои кўҳӣ дар ширкати муштараки Зарафшон то имрўз беш 100 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ намудааст ва нақша дорад, ки минбаъд ҳаҷми сармоягузорӣ ва истихроҷи маъданҳоро афзун намуда, ба рушди иқтисоди Тоҷикистон мусоидати фаъол намояд.

Таъкид гардид, ки бо зиёд шудани ҳаҷми кор шумораи коргарон низ афзун мешавад. Айни ҳол дар ин корхона наздики 1500 нафар коргарону мутахассисони маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мебошанд.

Зикр гардид, ки ширкат Зиҷинг Майнинги Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамчунин тасмим дорад дар истихроҷи маъданҳои кўҳӣ аз дигар конҳои Тоҷикистон низ ширкати фаъол дошта бошад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки саҳми ширкати Зиҷинг Майнинги Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамчунин бояд дар ворид намудани технологияҳои муосир ва омўзишу омодасозии кадрҳои маҳаллӣ намоён бошад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520