Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай

24.03.2012 18:00, шаҳри Душанбе

Шоми имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай, ки ин бегоҳ барои иштирок дар ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Конфронси 5 – уми байналмилалии ҳамкории минтақавии иқтисодӣ доир ба Афғонистон (RECCA-5) ба шаҳри Душанбе ташриф овард, мулоқот намуд.

Бегоҳии рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай мулоқот намуд.

Масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории миёни Тоҷикистон ва Афғонистони ҳамсоя низ нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат ва сипас зимни музокирот бо иштироки ҳайатҳои расмӣ баррасӣ шуд.

«Мо самимона хоҳони таъмини сулҳ, амният ва суботи Афғонистон ва саодату хушрӯзии мардуми бародари он ҳастем» - таъкид дошт зимни суҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд: «мо ниҳоят зарур медонем, ки ҷомеаи байналмилалӣ баъди соли 2014 низ Афғонистонро ҳамаҷониба дастгирӣ намояд».

Тавре таъкид гардид, «Тоҷикистон низ дар доираи имконоти худ ба таҳкими суботи сиёсӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии Афғонистон саҳми намоёни худро мегузорад».

Бо ёдоварӣ аз фаъолшавии хатти 220 - киловолтии интиқоли барқи Сангтӯда – Қундуз – Пулихумрӣ изҳори боварӣ карда шуд, ки имсол то 700 мегаватт нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон содир карда мешавад.

«Тоҷикистон, ҳамчунин метавонад дар бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ дар Афғонистон иштироки фаъол дошта бошад», - бо итминон изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон. Тавре иттилоъ дода шуд, аз ҷониби як ширкати Тоҷикистон имрӯз дар вилояти Нимрӯзи Афғонистон Банди Камолхон бунёд меёбад, ки бо анҷоми он ҳудуди 80 ҳазор гектар замин обёрӣ ва наздики 300 ҳазор нафар соҳиби ҷойи кор хоҳанд шуд. Аз ҷониби ҳамин ширкат як лоиҳаи аз ин бузургтар дар вилояти Форёб оғоз ёфтааст.

Бо хушнудӣ иттилоъ дода шуд, ки танҳо дар соли 2011 мубодилаи мол миёни Тоҷикистону Афғонистон нисбат ба соли 2010 ҳудуди 2 маротиба афзуда, ба беш аз 200 миллион доллари амрикоӣ расид. Дар соли 2012 ин нишондод имкон дорад то ба 250 – 300 миллион доллари амрикоӣ расонда шавад. Тайи 6 соли охир бошад мубодилаи мол қариб 40 баробар афзудааст.

Бо назардошти судоварии беҳудуди лоиҳаҳои сершумори минтақавӣ, аз қабили бунёди роҳҳои нави оҳану мошингард, нерӯгоҳҳои барқӣ, кашидани хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ ва ғайра, ҳарду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба афзоиши ҷаҳду талош дар ин масир таъкид доштанд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки Конфронси 5-уми байналмилалии ҳамкории минтақавии иқтисодӣ доир ба Афғонистон (RECCA-5), ки рӯзи 26 март дар шаҳри Душанбе оғоз меёбад, имконоти хуб барои муаррифии шоистаи чунин лоиҳаю барномаҳо ба миён меоварад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520