Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Директори Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Моту Кониши

10.12.2009 18:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Моту Кониширо ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистин бо ин муассисаи бонуфузи байналмилалии молиявӣ баррасӣ гардид.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки айни ҳол дар Тоҷикистон бо маблағгузории Бонки умумиҷаҳонӣ 18 лоиҳа бо маблағи 212 миллион доллари амрикоӣ амалӣ мегарданд, ки аз он 110 миллионаш грант ё худ кӯмаки бебозгашт аст.

Гуфтугӯйи судманд оид ба ҳамкории босамар баҳри коҳиш додани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ба Тоҷикистон ва мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, пеш аз ҳама рушди соҳаҳои энергетика ва кишоварзӣ сурат гирифт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Стратегияи кишварии Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба Тоҷикистон барои солҳои 2010-2013 - ро мавриди муҳокима қарор дода, изҳори боварӣ намуд, ки дар он масоили вобаста ба таъмини амнияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва рушди ҳамкории минтақавӣ мақоми хос хоҳанд дошт.

Моту Кониши изҳор дошт, ки Бонки умумиҷаҳонӣ омода аст баҳри тезондани асосноксозии иқтисодӣ-техникӣ ва баҳодиҳии иҷтимоӣ-экологии лоиҳаи бунёди нерӯгоҳи обии Роғун ва ҳамчунин лоиҳаи хатти интиқоли барқи КАСА - 1000 тадбирҳои муассир андешад. ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки Бонки умумиҷаҳонӣ омода аст ба Тоҷикистон дар паст намудани бӯҳрони энергетикӣ дар мавсими зимистон кӯмак расонад, аз ҷумла тавассути маблағгузории воридоти нерӯи барқ аз хориҷи кишвар.

Ёдовар мешавем, ки хатти 500 киловолтаи интиқоли нерӯи барқ КАСА - 1000 бояд аз қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон кашида шавад.

Моту Кониши изҳор дошт, ки Бонки умумиҷаҳонӣ омода аст ба Тоҷикистон дар паст намудани бӯҳрони энергетикӣ дар мавсими зимистон кӯмак расонад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид бар он дошт, ки дар шароити кунунии минтақаи Осиёи Марказӣ роҳи асосӣ ва ягонаи таъмини амнияти энергетикии Тоҷикистон ин таҷдиди нерӯгоҳҳо ва воситаҳои мавҷудаи интиқоли нерӯи барқ ва сохтмони хатҳо ва нерӯгоҳҳои нави обӣ мебошад.

Гуфтугӯйи судбахш ҳамчунин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла баҳри ҳаллу фасли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва ҳам доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520