Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҷаласаи IV –уми Шӯрои машваратии назди Президенти Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои саромягузорӣ

08.12.2009 13:00, шаҳри Душанбе

Таҳти Раисии  Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи IV –уми Шӯрои машваратии назди Сарвари давлат оид ба беҳтар кардани фазои саромягузорӣ доир гардид.

Дар ҷаласаи IV –уми Шӯрои машваратӣ аъзои Шӯро, масъулини ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва намояндагони созмонҳои байналмилалии мададрасон иштирок намуданд.

Оид ба рафти татбиқи барномаи «200 – рӯзи ислоҳот» ва беҳсозии фазои сармоягузорию соҳибкории кишвар ҳисоботи роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат, аз ҷумла, Вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои хориҷӣ, Бонки миллӣ, Кумитаи давлатии омор ва Агентии сохтмон ва меъморӣ ва ҳамчунин гузориши намояндагони созмонҳои байналмилалии мададрасон чун Кордори Иттиҳоди Аврупо, Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ, Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ва Кӯмаки техникии Олмон шунида шуд.

Зимни ҷаласаи IV –уми Шӯрои машваратӣ бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар доираи татбиқи барномаи «200 – рӯзи ислоҳот» механизми «Равзанаи ягона» дар бақайдгирии субектҳои соҳибкорӣ 6 моҳ пеш аз мӯҳлат ба кор шурӯъ намуд ва имрӯз фаъолияташ дар назди мақомоти андози шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо муваффақиёт ба роҳ монда шудааст.

ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки як комиссияи ҳукуматӣ ва вазорату идораҳои дахлдор баҳри кам кардани шумораи иҷозатномаҳо ва бартараф намудани ҳамаи расмиёти маъмурӣ, ки ба соддагардонии фаъолияти соҳибкорӣ монеа мешаванд, чораҳои муассир андешида истодаанд, аз ҷумла тариқи таҳияи санадҳои нави қонунгузорӣ ва таѓйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии амалкунанда.

Аъзои шӯро ва намояндагони созмонҳои байналмилалии мададрасон ба рафти татбиқи барномаи «200 - рӯзи ислоҳот» баҳои мусбӣ дода, бо назардошти он, ки беҳсозии фазои соҳибкорию сармоягузорӣ бевосита таҳти роҳбарии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад, дурнамои ин корро умедбахш арзёбӣ намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520