Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

07.12.2009 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат ва дигар шахсони масъул оид ба омодагӣ ба интишор ва фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун машварати корӣ доир намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масоили интишори саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун, роҳҳои ба харидорон пешниҳод намудани онҳо ва ҳамчунин ҳуқуқи саҳмиядорон таваҷҷӯҳи хос зоҳир намуда, дастур дод, ки саҳмияҳо бо сифати баланди хоси қоғазҳои қиматнок чоп карда шаванд ва харҷи ҳадафманди маблағҳои ҷамъшуда зери назорати қатъӣ қарор бигиранд.

Бо назардошти шумораи зиёди хоҳишмандоне, ки ғайр аз хариди саҳмияҳо омодаанд ба суратҳисоби нерӯгоҳи Роғун маблағҳои хайрия равона созанд, дастур дода шуд, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла дар назди филиалҳои маҳаллии бонкҳо марказҳои қабули маблағҳои хайрия кушода шаванд.
Бо дархостҳои сершумори тоҷику тоҷикистониёни бурунмарзӣ супориш дода шуд, ки механизми қабули маблағҳои хайрия ва фурӯши саҳмияҳо ҳамчунин дар кишварҳои хориҷӣ муайян карда шавад.

Аз мардуми мамлакат бори дигар даъват карда шуд, ки аз ҳисоби кам кардани хароҷоти маъракаҳои хурсандӣ ва дигар расму ойин ҳарчи бештар дар маблағгузории сохтмони нерӯгоҳи Роғун саҳмгузорӣ намоянд.

Роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла маориф, кор бо ҷавонон ва занону оила вазифадор шуданд, ки дар тарғибу ташвиқи ҳадафманди мардум ба саҳмгузорӣ дар бунёди нерӯгоҳи тақдирсози Роғун фаъол бошанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520