Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

04.12.2009 18:00, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони бонкҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, корхонаю ширкатҳои бонуфузи истеҳсолию тиҷоратӣ, раисони як қатор шаҳру ноҳияҳо ва дигар шахсони марбут ҷамъомади корӣ доир намуд.

Дар ҷамъомад масоили вобаста ба вазъи энергетикии мамлакат ва роҳҳои бартараф намудани норасоии нерӯи барқ баррасӣ гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бунёди нерӯгоҳҳои нав, таҷдиди нерӯгоҳҳои мавҷуда ва воситањои интиқоли нерӯи барқ, гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасраф ва албатта ба анҷом расондани сохтмони нерӯгоњи азими Роғунро аз роњњои асосии бартараф кардани норасоии нерӯи барқ ва расидан ба истиқлоли энергетикӣ арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгоҳҳои марказии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кулли мансабдорон ва соҳибкорону тоҷирони бонуфузи мамлакат бояд дар харидории саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун пешсаф ва намунаи ибрати дигарон бошанд.

Оид ба намунаҳои сањмияҳо, роҳҳои ба фурӯш баровардани онҳо ва ҳуқуқи сањмдорон Вазири молияи мамлакат Сафаралӣ Наҷмиддинов гузориш дод.
Аз ҷумла зикр гардид, ки сањмияњо бо арзиши номиналии 100, 500, 1000 ва 5000 сомонӣ аз рӯзҳои аввали соли нави мелодӣ ба фурӯш бароварда мешаванд. Ташкилоту муассисаҳо ва касоне, ки бо маблағи беш аз 5 ҳазор сомонӣ харидорӣ мекунанд, соҳиби сертифати махсус бо сабти номашон мешаванд. Барои ин қоғазҳои қиматнок 4 дараҷаи муҳофизат пешбинӣ шудааст, то чопи саҳмияҳои қалбакӣ пешгирӣ карда шавад. Саҳмияҳо тавассути бонкҳо, идораҳои молиявии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳо ба фурӯш пешниҳод мегарданд.

Чунонки зикр гардид, баъди ба кор даромадани нерӯгоҳ ва фоидаовар шуданаш саҳмдорон аз фоидаи он баҳравар мешаванд. ғайр аз ин саҳмдорон ҳуқуқ доранд, ки саҳмияҳои худро бо нархи дилхоҳ ба хоҳишмандон бифурӯшанд. Бори дигар таъкид гардид, ки ҳуқуқи харидории ин саҳмияҳоро танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон доранд.

Роҳбарони як қатор вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорони сершумор, ки дар ин ҷамъомад иштирок доштанд, ба харидорӣ аз ин саҳмияҳо изҳори омодагӣ карданд ва таъкид доштанд, ки омодаанд ба хариди сањмияњои нерӯгоҳи Роғун маблағҳои калон равона созанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520