Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев

12.10.2020 12:16, шаҳри Душанбе

Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни суҳбат сарвари Қазоқистони бо мо дӯст муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати аз нав интихоб шуданашон ба мансаби олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфта, ба Пешвои миллат беҳтарин таманниёти худро баён намуданд.

Муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев саҳми бузурги Пешвои миллатро дар таъмини рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ва таҳкими нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ ба таври хосса таъкид карданд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои табрикоти самимӣ ба  Президенти Қазоқистон изҳори миннатдорӣ намуданд.

Ба аҳамияти иқдомҳои муштараки минбаъда дар роҳи таҳким ва таъмиқи муносиботи шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон мутобиқ ба манфиатҳои аслии ду давлат ишора карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев бо камоли хоҳиш аз Пешвои миллат даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб ба Қазоқистон сафари расмӣ анҷом диҳанд. Замони сафар тариқи роҳҳои дипломатӣ мувофиқа карда мешавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520