Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

03.12.2009 18:00

Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд қонунҳо, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расид. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ », «Оид ба ворид намудани таѓйиру иловаҳ о ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ -ҷустуҷўи», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Бояд қ айд кард, ки Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни нав ва мукаммал буда, бо назардошти талаботи ҷаҳони муосир ва стандартҳои байналмилалӣ қабул карда шудааст. Меъёрҳ ои он барои таъмини риояи қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ , пешгирии ҷиноят, ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ба амал баровардани адолати судӣ равона шуда, тартиби пешбурди мурофиаи ҷиноятиро дар ҷумҳурӣ аз тарафи мақ омоти таъқ иби ҷиноӣ ва суд дар асоси принсипҳ ои эҳ тироми шаъну шарафи шахс, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳ ои инсон, дахлнопазирии манзил, баробарӣ дар назди қ онун ва суд, ошкоро будани муҳ окимаи судӣ , мубоҳиса ва баробарии тарафҳ о ва дигар принсипҳ ои башардўстона ба танзим медарорад. Кодекси мазкур аз 1-апрели соли 2010 мавриди амал қ арор дода мешавад ва дар баробари мавриди амал қ арор гирифтани ин Кодекс, ҳамзамон Кодекси амалкунандаи мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳ урии Тоҷикистон, ки аз соли 1961 инҷониб амал мекунад, аз эътибор соқ ит мегардад.

Қонунҳ ои ба имзорасида пеш аз ҳама ба таъмини ҳуқуқу озодиҳ ои инсон, ҳифзу ҳимояи манфиати давлату ҷамъият, шахсони ҳуқуқӣ , беҳдошти вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар, такмили қонунгузории ҷорӣ ва тақ вияти фаъолияти мақомоти давлатӣ , танзиму таҳ кими муносибатҳ ои ҷамъиятӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ нигаронида шуда, барои пешрафти минбаъдаи ҳаёти ҷомеа мусоидати бештаре хоҳ ад кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520