Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Гурҷистон дар Тоҷикистон Георгий Кублашвили

02.12.2009 16:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Гурҷистон дар Тоҷикистон Георгий Кублашвили эътимоднома қабул намуд.

Баъди анҷоми маросими эътимодномасупорӣ миёни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Георгий Кублашвили оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ду кишвар сӯҳбати ҷолиб доир гашт.

Таваҷҷӯҳи асосӣ мубодилаҳои сиёсӣ оид ба масоили минтақавию ҷаҳонӣ, барқарорсозии робитаҳои қаблии иқтисодию тиҷоратӣ ва дарёфти роҳу василаҳои нави ҳамкорӣ зоҳир гардид.

Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ба таҳкиму густариши муносибатҳо таъкид намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520