Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи хати нави технологӣ оид ба истеҳсоли 10 намуд кулчақанд дар ҶДММ “Маҳмудов Ғ” дар шаҳри Хуҷанд

15.10.2020 12:33, шаҳри Хуҷанд
Ифтитоҳи хати нави технологӣ оид ба истеҳсоли 10 намуд кулчақанд дар ҶДММ “Маҳмудов Ғ” дар шаҳри Хуҷанд  15.10.2020

15 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд хати нави технологии истеҳсоли 10 намуд кулчақанд дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маҳмудов Ғ”- ро ба истифода доданд.

Коргоҳи истеҳсолӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ, дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат дар шаҳри Хуҷанд бунёд гардида, бо номи “Азизи ман” 10 номгуи кулчақанди дорои сифати баландро истеҳсол менамояд.

Хати муосири технологӣ аз Федератсияи Россия ворид шуда, васлу насб гардиааст, ки бо фаъол шудани он 20 нафар занону бонувони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гаштанд.

Арзиши хатти истеҳсолӣ 1 миллиону 150 ҳазор сомонӣ буда, иқтидори истеҳсолӣ дар як шабонарӯз 2 тонна кулчақанд мебошад. Асосан барои омода кардани кулчақанд орд, равған ва шакар истифода мегардад, ки дар бозори истеъмоли ин навъи маҳсулот талабгорони зиёд дорад.

Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маҳмудов Ғ” 60 нафар коргар фаъолият дошта, беш аз 50 намуд маҳсулоти ивазкунандаи воридот, аз ҷумла кулчақанди “Президент”, ҳасибҳои дуд ва буғкардашуда, ҳасибчаҳо, майонез ва дигар намуди маҳсулоти истеъмолӣ истеҳсол шуда, ба бозорҳо бароварда мешавад.

Тамоми номгӯи маҳсулоти ғизоӣ дар  озмоишгоҳҳо аз ташхис гузашта, дорои сертификати мутобиқат мебошад.

Ҷамъияти мазкур соли 2004 таъсис ёфта, дар масоҳати 1,5 гектар ҷойгир аст.

Корхонаи истеҳсолӣ тӯли фаъолияти босамари худ, маҳсулоти зиёд истеҳсол намуда, дар таъмини бозори истеъмолии мамлакат саҳми назаррас дорад.

Масъулони ширкат азм доранд, ки бо тавлиди маҳсулоти босифат онро ба хориҷ содирот намоянд.

Пас аз ифтитоҳи хати муосири технологӣ ва шиносоӣ бо фаъолияти коргоҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти истеҳсолнамудаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маҳмудов Ғ”, ки дар саҳни корхона ташкил карда шуд, дидан карданд.

Дар намоиш  номгӯи зиёди маҳсулоти корхона муаррифӣ карда шуд. Зимни шиносоӣ Сарвари давлат ба сифати маводи ғизоӣ диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, масъулонро барои тавлиди босифати маҳсулоти мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ҳидоят карданд.

Масъулони ширкат нақша доранд, ки фаъолияти корхонаро васеъ ва ҷоннок намуда, бо истеҳсоли маҳсулоти баландсифати ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар рушди бештари саноати хуроквории мамлакат ҳиссагузор бошанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520