Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири нақлиёти Фаронса Тйерри Мариани

26.03.2012 17:00

Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як зумра иштирокдорони воломақоми Конфронси 5-уми байналмилалии ҳамкории минтақавии иқтисодӣ барои Афғонистон (RECCA-5)-ро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбати нахусти Эмомалӣ Раҳмон, ки бо Вазири нақлиёти Фаронса Тйерри Мариани сурат гирифт, масоили ҳамкории дуҷониба ва минтақавии ду кишвари шарик баррасӣ шуд.

Тйерри Мариани ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон паёми Президенти Фаронса Никола Саркозиро расонид, ки дар он ба ҷониби Тоҷикистон барои сатҳи баланду мусоиди ташкили конфронси мазкур ва нақши намоёну муассираш дар рушди ҳамкории минтақавӣ арзи сипос карда мешавад.

Тйерри Мариани ҳавасмандии Фаронсаро ба густариши ҳамгироӣ бо Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва нақлиётию транзитӣ дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон таъкид намуд.

Бо изҳори қаноатмандӣ аз ҳамкории босамари сохторҳои низомии Тоҷикистону Фаронса, ҳамчунин таҳким ва густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишвар зарур шумурда шуд.

Ба густариши ҳамкории иқтисодӣ дар бахшҳои саноати кӯҳӣ, сабук, хӯрокворӣ, кимиё ва ғайра изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520