Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Бразилия дар Тоҷикистон Алфредо Леони

02.12.2009 17:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Бразилия дар Тоҷикистон Алфредо Леони эътимоднома қабул намуд.

Дар сӯҳбати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Сафири нав, ки баъди маросими эътимодномасупорӣ сурат гирифт, масоили вобаста ба таҳким ва густариши муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Бразилия баррасӣ шуд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки сарфи назар аз масофаи хеле дур муносибатҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Бразилия ташаккул ёфта, рӯ ба густариш доранд.

Баҳри рушди минбаъдаи муносибатҳои судманд ба роҳ мондани робитаҳои пайваста дар сатҳу зинаҳои гуногун, аз ҷумла дар сатҳи олии сиёсӣ ва муҳайё намудани заминаи қарордодӣ-ҳуқуқии ҳамкорӣ зарур шумурда шуд.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин оид ба масоили минтақавию ҷаҳонӣ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520