Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

29.10.2020 15:53, шаҳри Душанбе

Ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд.

Дар табрикномаи Сарвазири Япония Суга Ёсихидэ чунин омадааст:

“Ҷаноби Олӣ,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон,

Иҷозат диҳед Шуморо ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намоям. Аз лаҳзаи ба истиқлолият расидани Тоҷикистон Япония пайваста бо кишвари Шумо ба нафъи рушди он ва суботи минтақавӣ ҳамкорӣ мекунад.

Бо дар назар доштани он, ки соли 2022 ба барқарории муносибатҳои дипломатии байни Япония ва Тоҷикистон 30 сол пур мешавад, ман ният дорам, ки дар якҷоягӣ бо Шумо, Ҷаноби  Олӣ, тамоми имконотро ҷиҳати таҳкими муносиботи дӯстонаи байни кишварҳоямон, аз ҷумла тавассути ҳамкорӣ дар чорчӯбаи муколамаи «Осиёи Марказӣ+Япония» мавриди истифода қарор диҳам.

Эътиқод бар он дорам, ки ҳамкорӣ бо Шумо,  бо дарназардошти таҷрибаи ғании Шумо,  ба таъмиқ ва тавсеаи минбаъдаи шарикиамон мусоидат хоҳад кард.

Ба Шумо саломатии бардавом ва ба мардуми Тоҷикистон шукуфоӣ орзу менамоям”.

Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:

“Ҷаноби Олӣ,

Хушҳолам аз номи мардум ва Ҳукумати Покистон ва аз номи худам табрикоти самимиро ба муносибати интихоби муҷаддади Шумо ба мақоми Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон расонам.

Идомаи раёсати ҷумҳурии Ҷаноби Олӣ инъикосгари эътимоди баланд ва боварии комили мардуми Тоҷикистон мебошад.

Покистон ва Тоҷикистон робитаҳои бародарона доранд, ки дар таърих ва фарҳанги муштараки мо, ҳамчунин дар робитаҳои тамаддунии мо реша давондааст.

Мо сидқан мехоҳем, ки миқёси ҳамкориҳо бо Тоҷикистон боз ҳам амиқ гашта, густариши бештар  ёбад.

Бо истифода аз фурсати муносиб, мехостам аз самими қалб аз Ҷаноби Олӣ ҷиҳати ташриф ба Покистон даъват биёварам. Мардуми Покистон бесаброна мунтазири истиқболи шумо дар наздиктарин фурсат мебошад.

Ба Ҷаноби Олй саломатии бардавому дар фаъолияти ояндаатон муваффақият ва ба мардуми Тоҷикистон пешрафту шукуфоӣ хоҳонам.

Фурсатро ҷиҳати изҳори ғояти эҳтиром ғанимат медонам”.

Президенти Ҷумҳурии Латвия Эгилс Левитс, дар барқияи шодбошии худ зикр менамояд:

“Ҷаноби Олӣ,

Табрикоти ин ҷонибро аз номи мардуми Латвия ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.

Ман ба Шумо дар идомаи масъулияти баландатон ҷиҳати таъмини субот ва рушди иқтисодиёти кишваратон муваффақият хоҳонам.

Умедворам муносибатҳои дуҷониба миёни Латвия ва Тоҷикистон  минбаъд низ дар соҳаҳои гуногуни манфиатҳои тарафайн, аз ҷумла муколамаи сиёсӣ, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва маориф рушд хоҳанд ёфт.

Ман инчунин интизори ҳамкориҳои пурсамар дар доираи муколамаи Иттиҳоди Аврупо, Созмони Милали Муттаҳид ва дигар чаҳорчӯби ҳамкориҳои бисёрҷониба мебошам.

Лутфан, Ҷаноби Олӣ, эҳтироми фоиқаи маро бипазиред”.

Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон дар номаи шодбошии худ ба унвонии Президенти Тоҷикистон чунин менигорад:

“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Ба муносибати пирӯзиатон дар интихоботи президентӣ аз номи мардуми Молдова ва шахсан аз номи худам беҳтарин табрикоту таманниёти самимӣ   ва дар фаъолияти пурмасъулиятатон бар нафъи Ҷумҳурии Тоҷикистон муваффақиятҳои ҷадидро иброз менамоям.

Бо интихоб карданатон ба маснади олии давлатӣ, мардуми тоҷик ба Шумо боварии баланд изҳор намуда, роҳи Шуморо дар рушди сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии кишвар ба таври васеъ дастгирӣ кард.

Муътақидам, ки ҳамкориҳои самарабахши байни Молдова ва Тоҷикистон, ки бар дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ асос ёфтаанд, минбаъд ҳам дар соҳаҳои гуногун муваффақона густариш хоҳанд ёфт.

Бо истифода аз ин имконияти фараҳбахш, ба Шумо муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом, комёбӣ ва дастовардҳову пирӯзиҳои нав орзу намуда, хоҳишмандам пазироии эҳтиромоти амиқи маро қабул намоед”.

Дар табрику таҳнияти Дабири Кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Станислав Зас чунин омадааст:

“Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,

Ба муносибати интихоб шуданатон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимитарин ва гармтарин табрикотро бипазиред.

Дар пасманзари пирӯзии мутлақатон обрӯи Шумо, ки дар натиҷаи фаъолияти бисёрсолаатон чун сарвари Тоҷикистон ба даст овардаед, ҳамчунин истеъдоди пешвои бомарому фаъол аён мегардад.

Дар кишварҳои аъзои СААД ба дастовардҳои рӯзафзуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи бунёди ҷомеаи муосири шаҳрвандӣ дар такя ба анъанаҳои миллӣ, боварӣ ва дастгирии мардуми тоҷик, инчунини ба муваффақиятҳои он дар рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва бунёди заминаи мудофиавӣ бо таваҷҷуҳи зиёд менигаранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати сулҳпарваронаи хориҷиро татбиқ  намуда, дар арсаи байналмилалӣ аз обрӯи сазовор бархурдор мебошад. Кишвари Шумо дар сафи аввали мубориза бо маҷмуи таҳдиду хатарҳои  муосир, қарор дошта, ба фаъолиятҳои дастҷамъонаи давлатҳои аъзои СААД ҷиҳати таҳким бахшидани амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ саҳми калон мегузорад. 

Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ аз самими қалб саломатии қавӣ ва дар фаъолиятатон дар маснади олии давлатӣ муваффақиятҳои нав орзу менамоям”.

Номаҳои табрикотӣ ба унвони Пешвои миллат ҳамчунин аз номи  Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии гумрук ҷаноби Кунио Микурия ва Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ ҷаноби Зураб Пололикашвили ворид гардиданд. 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520