Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ бо фаъолони вилояти Суғд дар шаҳри Қайроқум

01.12.2009 15:00, шаҳри Гулистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қайроқум бо фаъолони вилояти Суғд оид ба натиҷаҳои фаъолияти хоҷагии халқ дар 10 моҳи соли равон ва мушаххас намудани нақшаҳои минбаъдаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ машварати корӣ доир намуд.

Зимни машварат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вазъи имрӯза, нақшаҳои минбаъдаи вобаста ба тараққиёти вилояти Суғд ва ҳисоботи раиси вилояту раисони шаҳру ноҳияҳои онро мавриди баррасӣ қарор дода, дар назди онҳо ва масъулини сатҳи ҷумҳуриявӣ баҳри бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ва рушди бонизоми оянда супоришҳои мушаххас гузошт.

Дар суханронии ҷамъбастии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон масоили вобаста ба рафти иҷрои қисми даромади буҷети давлатӣ, пардохти маошу нафақа, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, муҳайё намудани заминаи мосири моддию техникӣ дар муассисаҳои маорифу тандурустӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли наврас, таҳкими одобу ахлоқи хизматчиёни давлатӣ, таваҷҷӯҳ додан ба арзу доди шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, танзими расму оини мардумӣ, вусъати корҳои ободонию созандагӣ, ҷалби мардум ба саҳмгузории намоён дар бунёди нерӯгоҳи Роғун ва омодагии шоиста ба интихоботи ояндаи парлумонӣ мақоми марказӣ доштанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва мардуми вилояти Суғд баҳри расидан ба натиҷаҳои намоён дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла иҷрои қисми даромади буҷети давлатӣ, ба даст овардани ҳосили фаровони маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди мактабҳою синфхонаҳои сершумори нав ва дигар корҳои шоиста арзи сипос намуд.

Дар баробари ин ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва вилоят дастур дода шуд, ки бо мардум робитаи наздику бевосита дошта бошанд. Таъкид гардид, ки ҳар яки онҳо рӯзҳои муайяни қабули шаҳрвандонро таъин намоянд. Ба Вазири корҳои дохилии мамлакат супориш дода шуд, ки кормандони милиса аз муҳофизати қабулгоҳи раисони мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дур карда шаванд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба омодагӣ ба интихоботи парлумонӣ, ки моҳи феврали соли оянда баргузор мегардад, таваҷҷӯҳи махсус зохир намуда, ба роҳбарони сохторҳову мақомоти дахлдор дастур дод, ки доир ба ташкил ва дар фазои озоду шаффоф гузарондани он тадбирҳои муассир андешанд. Таъкид гардид, ки ин чорабинии муҳими сиёсӣ бояд тадбири муҳимми мутаҳхидкунандаи бештари мардум шавад, на баръакс.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми вилояти Суғд ва кулли шаҳрвандони мамлакат муроҷиат намуда, таъкид дошт, ки аз саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун, ки аз рӯзҳои аввали соли нави мелодӣ ба фурӯш бароварда мешаванд, харидорӣ намоянд ва дар сохтмони ин иншооти тақдирсоз саҳми намоёни худро гузоранд.

Дар ҷамъомади машваратӣ ҳамчунин ҳисоботи Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят шунида шуд.

Аз ҷумла иттилоъ дода шуд, нақшаи иҷрои қисми даромади буҷети давлатӣ дар вилояти Суғд тайи 10 моҳи соли равон дар ҳаҷми 109,3% таъмин гардид. Дар ду соли охир баҳри иҷрои супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи пурсамар аз заминҳои корами обӣ ҳаҷми кишти такрорӣ дар вилояти Суғд беш аз 10 баробар афзун шудааст. Дар соли равон кишти такрорӣ дар майдони 50 ҳазор гектар гузаронда шудааст, ки ин дар воқеъ нисбат ба 4900 гектари соли 2007 беш аз 10 баробар аст.

Хаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ низ дар 10 моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,5% афзоиш ёфта, зиёда аз 1500 ҷойҳои нави корӣ дар ин соҳа муҳайё гаштаанд.

Мутобиқи супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли оянда дар майдони қариб 5,5 ҳазор гектар ва то соли 2014 маҷмӯан дар 20 ҳазор гектар боғҳои нав, хусусан зардолубоғҳо бунёд хоҳанд ёфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ҳисоботи раисони ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоятро шунида, ба онҳо баҳри вусъат додани корҳои бунёдкорию созандагӣ, гӯш додан ба арзу доди шаҳрвандон ва бартараф намудани камбудиҳои ҷиддии ҷойдошта супоришҳои мушаххас дод.

Дар охири ҷамъомад Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба масъалаи харидорӣ аз саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун таваҷҷӯҳ карда, изҳори боварӣ намуд, ки дар сурати дастгирии ҳамаҷониба ёфтани ин иқдом маблағи барои бунёди навбати аввали он зарурӣ, яъне 600 миллион доллари амрикоӣ дар муддати кӯтоҳ ҷамъ мешавад. «Барои ин ҳар як оилаи тоҷикистонӣ, ғайр аз оилаҳои камбизоат бояд бо маблағи на камтар аз 3 ҳазор сомонӣ саҳмия харидорӣ кунад», - таъкид дошт Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон. Ҳамчунин таъкид гардид, ки соҳибкорону сарватмандони кишвар бояд бо маблағҳои калон саҳмия харанд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳар як саҳмдор баробари ба кор даромадани нерӯгоҳ ва фоидаовар шудани он метавонанд саҳмияҳои худро супурда, маблағҳояшонро бо фоидааш пас бигиранд ва ё минбаъд ҳам худ ё фарзандонашон бо тамоми ҳуқуқу масъулият саҳмдори нерӯгоҳи Роғун боқӣ монанд ва пайваста аз фоидаи он баҳравар бошанд.

Сарвари давлат таъкидан изҳор дошт, ки саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун танҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон фурӯхта мешаванд, то ки ин иншооти дорои аҳамияти стратегӣ фақат моликияти давлат ва мардуми Тоҷикистони азиз бошад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520