Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Ашуриён М.Қ.



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
1. Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№30

 

 

 

АШУРИЁН Музаффар Қурбонмуҳаммад

аз 03 ноябри соли 2020 дар вазифаи Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

Соли таваллуд 21 июли соли 1963    Ҷои таваллуд  шаҳри Бохтар

Миллат     тоҷик                                 Маълумот               олӣ

соли 1985 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон,

соли 2007 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро   хатм кардааст

Ихтисос  ҳуқуқшинос, сиёсатшинос

Унвони илмӣ  номзади илмҳои сиёсӣ

Рутба  мушовири ҳақиқии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон        

Кадом забонҳои хориҷиро медонад       русӣ

Вакили халқ ҳаст ё не                 не

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст – соли 1999 ордени «Шараф», соли 2002 медали ҷашнии 10-солагии иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1980-1985

Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1986-1988

Прокурори шӯъбаи тафтишотии Прокуратураи вилояти Қӯрғонтеппа, шаҳри Қӯрғонтеппа

Солҳои 1988-1993

Муовини прокурори ноҳияи Ёвон

01-07 соли 1993

Ёрдамчии прокурори ноҳияи Ғозималик

Солҳои 1993-1995

Ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон, шаҳри Қӯрғонтеппа

Солҳои 1995-2000

Раиси Кумитаи Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, шаҳри Душанбе

Солҳои 2000-2010

Роҳбари Дастгоҳи  Маҷлиси  Миллии  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2010-2014

Мудири Шӯъбаи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ

Солҳои 2014-2015

Мудири Шӯъбаи кафолатҳои ҳуқуқи инсони  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2015-2016

Сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2016-2020

Муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

01-11 соли 2020

Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз  ноябри соли 2020
то имрӯз

Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520