Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Зиёзода С.Р.



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
1. Зиёзода Сулаймон Ризоӣ Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№31

 

 

ЗИЁЗОДА Сулаймон Ризоӣ

 

аз 03 ноябри соли 2020 дар вазифаи Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

Соли таваллуд 1 январи соли 1962             Ҷои таваллуд   ноҳияи Ғончӣ

Миллат  тоҷик                                           Таҳсилот   олӣ

соли 1983 Донишкадаи аграрии Тоҷикистонро  хатм намудааст

Ихтисос  агроном-олим

Кадом забонҳои хориҷиро медонад   русӣ, ӯзбекӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аст ё не   вакили Маҷлиси Ҷамоат

Ба мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не  - соли 1999 «Ифтихорнома»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1983-1986

Агрономи калони хоҷагии давлатии «Ленинобод»-и ноҳияи Зафаробод

03-11 соли 1986

Сардори   шӯъбаи дуюми хоҷагии давлатии «Ленинобод»-и ноҳияи Зафаробод

Солҳои 1986-1989

Котиби дуюми Кумитаи комсомолии ноҳияи Зафаробод

Солҳои 1989-1992

Котиби якуми Кумитаи комсомолии ноҳияи Зафаробод

Солҳои 1992-1995

Муовини директори хоҷагии давлатии «Ширин»-и ноҳияи Зафаробод

Солҳои 1995-1996

Директори хоҷагии давлатии «Ширин»-и ноҳияи Зафаробод

Солҳои 1996-2002

Раиси кооперативи истеҳсолии «Ширин»-и ноҳияиЗафаробод

Солҳои 2002-2006

Раиси ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии   «Шӯҳрат»-и ноҳияи Зафаробод

Солҳои 2006-2008

Раиси ассотсиатсияи истифодабарандагони оби  ба номи  М.Абдуллоев, ноҳияи Зафаробод

Солҳои 2008-2011

Сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Зафаробод

Солҳои 2011-2014

Раиси Ҷамоати шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод

06-09 соли 2014

Сардори шӯъба-муовин оид ба иқтисодиёт ва молияи Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд

Солҳои 2014-2015

Муовини якуми раиси ноҳияи Зафаробод

Солҳои 2015-2016

Муовини раиси вилояти Суғд

Солҳои 2016-2018

Раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд

Солҳои 2018-2019

Муовини якуми раиси вилояти Хатлон

14-28.01 соли 2019

Муовини  раиси вилояти Суғд

Солҳои 2019-2020

И.в. раиси ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд

03-11 соли 2020

Раиси ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд

аз ноябри соли 2020
то имрӯз

Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520