Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Вазири корҳои
хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Муҳриддин Сироҷиддин



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

1. Муҳриддин Сироҷиддин Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№33

 

 

Сироҷиддин Муҳриддин

аз 03 ноябри соли 2020 дар вазифаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

Соли таваллуд  17 феврали соли 1964       Ҷои таваллуд  ноҳияи Темурмалик

Миллат   тоҷик                                            Маълумот         олӣ

соли 1986 Донишкадаи гидрометеорологии Одесса,

соли 2002 Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошкентро хатм кардааст.

Ихтисос  муҳандис-агрометеоролог, иқтисодчии фаъолияти иқтисоди хориҷӣ

Кадом забонҳои хориҷиро медонад     русӣ, форсӣ, англисӣ

Вакили халқ ҳаст ё не          нест

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не  - соли 2010 ордени Шараф дараҷаи II

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1980-1981

Техник-агрометеорологи СГМ, ноҳияи Данғара

Солҳои 1981-1986

Донишҷӯи Донишкадаи гидрометеорологии Одесса

Солҳои 1986-1992

Муҳандис-агрометеорологи Маркази гидрометеорологияи Саридораи обуҳавосанҷии Вазорати ҳифзи табиати РСС Тоҷикистон, шаҳри Душанбе 

Солҳои 1992-1995

Ҷонишини сардор, сардори Идораи прогресси илмию техникӣ ва стандарти Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1995-1996

Ҷонишини сардори Саридораи обуҳавосанҷии Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1996-1997

Намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Шӯрои байнидавлатӣ оид ба проблемаҳои ҳавзаи баҳри Арал, шаҳри Тошкент  

Солҳои 1997-2002

Намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Фонди байналхалқии наҷоти Арал, шаҳри Тошкент  

Солҳои 2002-2004

Раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналхалқии наҷоти Арал, шаҳри Душанбе

Солҳои 2004-2005

Муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳамоҳангсози миллии ҶТ дар СҲШ), шаҳри Душанбе

Солҳои 2005-2013

Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Миллали Муттаҳид, ҳамзамон (аз 04.03.11) Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Куба          

Солҳои 2013-2020

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз ноябри соли 2020
то имрӯз

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520