ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Вазири саноат ва
технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Кабир Шералӣ
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
1. Кабир Шералӣ Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№40
КАБИР Шералӣ
аз 3 ноябри соли 2020 дар вазифаи Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад
Соли таваллуд 22 ноябри соли 1971 Ҷои таваллуд ноҳияи Дарвоз
Миллат тоҷик Маълумот олӣ
соли 1992 Донишкадаи савдо совети-кооперативии ш.Новосибирски Федератсияи Россия,
соли 1994 Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Ихтисос иқтисодчӣ-менеҷер, иқтисодчӣ,
Унвони илмӣ номзади илмҳои иқтисодӣ
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, англисӣ
Вакили халқ ҳаст ё не нест
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не – не
Вазъи оилавӣ оиладор, соҳиби 4 фарзанд
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1993-1994 |
Муовини директори ҶС «Система» дар назди заводи «Спецавтоматика»-и шаҳри Душанбе |
Солҳои 1994-1998 |
Ноиби Президент оиди тиҷорати ҶС «Тенис», шаҳри Душанбе |
Солҳои 1998-2000 |
Мутахассиси дараҷаи 1, сардори шуъбаи равобити байнидавлатии Кумитаи давлатии қарордод ва савдо, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2000-2003 |
Сардори Раёсати савдои биржавии Биржаи универсалии молу ашёи Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2003-2004 |
Сардори Раёсати ҶСК «Ориёнбонк», шаҳри Душанбе |
Солҳои 2004-2005 |
Муовини Раиси ҶСК «Ориёнбонк», шаҳри Душанбе |
Солҳои 2005-2015 |
Муовини якуми директори КВД «Ширкати Алюминии Тоҷикистон», шаҳри Турсунзода |
Солҳои 2015-2020 |
Раиси Шурои директорони КВД «Ширкати Алюминии Тоҷик», шаҳри Турсунзода |
аз 3 ноябри соли 2020 то имрӯз |
Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон |