ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Раиси Кумитаи давлатии амнияти
миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Ятимов С.С.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Ятимов Саймумин Сатторович Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№44
ЯТИМОВ Саймумин Сатторович
аз 03 ноябри соли 2020 дар вазифаи Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.
Соли таваллуд 23 июли соли 1955 Ҷои таваллуд ноҳияи Фархор
Миллат тоҷик Маълумот олӣ
соли 1976 Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб,
соли 2003 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Ихтисос муаллими забон ва адабиёти тоҷик, ҳуқуқшинос, доктори илмҳои сиёсӣ
Рутба соли 2011 Генерал-лейтенант, генерал-полковник (2017)
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, форсӣ, англисӣ
Вакили халқ ҳаст ё не нест
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не – соли 2002 ордени Спитамен дараҷаи II, соли 2011 медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикстон», соли 2013 ордени Зарринтоҷ дараҷаи II
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1972-1976 |
Донишҷӯи Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб |
Солҳои 1976-1977 |
Муаллими мактаби миёнаи № 15 ноҳияи Фархор |
08-11 соли 1977 |
Муаллими забон ва адабиёти тоҷики мактаби миёнаи №58 ноҳияи Фархор |
Солҳои 1977-1979 |
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИРСС |
09-12 соли 1979 |
Муаллими мактаби миёнаи № 2 ноҳияи Фархор |
01-12 соли 1980 |
Курсанти курсҳои олии КАД ИРСС, шаҳри Минск Беларус |
Солҳои 1981-1985 |
Корманди фаврӣ, корманди калони оперативии идораи КАД Тоҷикистон дар ВМКБ, шаҳри Хоруғ |
Солҳои 1985-1989 |
Корманди калони оперативии дастгоҳи марказии КАД Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 1989-1991 |
Муовини сардори шӯъбаи КАД Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 1991-1992 |
Сардори шӯъбаи КАМ ҶТ, ноҳияи Шурообод (РКВД ҶШСТ дар вилояти Кӯлоб) |
Солҳои 1992-1994 |
Сардори шӯъбаи КАМ ҶТ, ноҳияи Москва |
Солҳои 1994-1996 |
Муовини сардори идораи кадрҳои Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 1996-1997 |
Сафир оид ба корҳои махсуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 1997-2000 |
Мушовири сафири Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2000-2002 |
Сардори Раёсати Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2002-2005 |
Муовини Вазири амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2005-2007 |
Муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2007-2009 |
Сардори Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмонҳои Европоӣ (EC – Комиссияи аврупоӣ, ECSC –Созмони аврупоӣ оид ба ангишту пӯлод, EAEC – Созмони аврупоӣ оид ба нерӯи атомӣ), Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия |
Солҳои 2009-2010 |
Сардори Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмонҳои Европоӣ (EC – Комиссияи аврупоӣ, ECSC – Созмони аврупоӣ оид ба ангишту пӯлод, EAEC – Созмони аврупоӣ оид ба нерӯи атомӣ), Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия, ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳертсогии Бузурги Люксембург ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Нидерландия |
05-09 соли 2010 |
Муовини Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2010-2013 |
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2013-2020 |
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
аз ноябри соли 2020 |
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон |