ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 3 ноябри соли 2020 №579
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи директори иҷроияи
Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши
электроэнергетика» озод намудани Назарзода Н.Р.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Назарзода Назар Раҷаб бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори иҷроияи Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» озод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон