Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳисоботи телефонии раисони шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор, Рӯдакӣ ва Ваҳдат

17.11.2009 19:00

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раисони шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор, Рӯдакӣ ва Ваҳдат телефонӣ ҳисобот доданд.

Ҳисоботи роҳбарони шаҳру ноҳияҳои номбурда, пеш аз ҳама, оид ба рафти иҷрои буҷети давлатӣ, татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия», ҷамъоварии ҳосили пахта ва ҷараёни киштукори тирамоҳӣ шунида шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки иҷрои пурраи қисми даромади буҷети давлатӣ ва пардохти саривақтии маошу нафақа бе чуну чаро таъмин карда шавад.

Бо таваҷҷӯҳ ба мушкилоти вобаста ба ҷудо шудани Ҷумҳурии Узбекистон аз шабакаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ масъалаи истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ таъкид гардид. Дастур дода шуд, ки раванди гузариш ба истифодаи лампаҳои каммасраф то 1 – уми декабри соли равон пурра ба итмом расонда шавад.

Раисони шаҳру ноҳияҳои номбурда ҳамчунин вазифадор шуданд, ки баҳри таъмини аҳолӣ ва муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ бо маводи сӯхт, аз ҷумла гази моеъ ва ангишт тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Дар робита ба ҷамъоварии саривақтӣ ва беталафи ҳосили фаровони пахта, ки дар заминҳои шаҳру ноҳияҳои зикршуда ба назар мерасад, таъкид гардид, ки аз ҳар рӯзи обу ҳавои мусоид истифода бурда, тамоми имкону захираҳои мавҷударо ба ин кор сафарбар намоянд ва ба деҳқонон ҳамаҷониба кӯмак расонанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба раисони шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор, Рӯдакӣ ва Ваҳдат ҳамчунин оид ба тезондани рафти киштукори тирамоҳӣ ва ба роҳ мондани истифодаи пурсамар аз тамоми заминҳои корам супоришҳои мушаххас дод.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520