Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Яҳё Маъруфӣ

26.03.2012 18:00

Дар мулоқот бо Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Яҳё Маъруфӣ масоили ҳамкории минтақавӣ мавриди муҳокимаи муфассал қарор гирифт.

Тавре таъкид гардид, аксари мавзӯъоти конфронсии 5-уми РЕККА аз ҷумлаи масоиле мебошанд, ки дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) низ мавриди пайгирӣ қарор доранд.

Аз ин хотир ба ҳамкорӣ барои ҷалби сармоягузориҳои густурда ба татбиқи амалии лоиҳаҳои бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ, хатти барқии КАСА-1000, роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон ва Эрону Покистон ва ғайра таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба татбиқи амалии санади стратегии «Дурнамои ЭКО то соли 2015» ва дигар санадҳои амалкунанда, сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520