Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай барқияи шодбошӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:
Ҷалолатмаоб,
Ба камоли мусаррат Шуморо ба муносибати пирӯзии муҷаддад дар интихоботи ахири раёсати Ҷумҳурии Афғонистони дӯст табрику таҳният гӯям.
Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори сулҳу салоҳ ва рушду рафоҳи Афғонистони бародар буду ҳаст. Дар ин марҳалаи ҳассоси тақдирсоз ба ҳам овардани ҳамаи нерӯҳои ватанпарвар, таҳкими рӯҳияи ваҳдати миллӣ ва дар ин замина таъмин намудани зиндагии осоишта ва осудаву ободи мардуми сарбаланди ҳамсояи мо на танҳо аз орзӯҳои деринаи халқи Афғонистон, балки ҳамеша аз ормонҳои сидқии мардуми Тоҷикистон низ будааст.
Ба Шумо Ҷалолатмаоб, сиҳатии қавӣ ва дар роҳи амалӣ гардонидани ин орзӯҳои наҷиб дастовардҳои ҷадид орзумандам.