Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Нуробод

27.10.2009 19:00, ноҳияи Нуробод

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳраки навбунёди Дарбанди ноҳияи Нуробод, ки минбаъд маркази ноҳия дар ҳамин ҷо қарор хоҳад дошт, ташриф оварда, нахуст дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани як мактаби нави замонавӣ иштирок намуд.

Зимни шиносоӣ зикр гардид, ки мактаб барои 1176 хонанда пешбинӣ шуда, дорои шароити муосири таълиму тарбияи насли наврас мебошад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз синфхонаҳои зиёди мактаб дидан карда, бо омӯзгорону хонандагон аз наздик сӯҳбат намуд ва таъкид дошт, ки ба омӯзиши компютер ва технологияҳои муосири иттилоотӣ, забонҳои русию англисӣ, таҷҳизонидани синфхонаҳои меҳнату ҳунаромӯзӣ, ободонии ҳавлию атрофи мактаб ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани он таваҷҷӯҳи доимӣ зоҳир карда шавад.

Мактаб дорои толори зебою барҳавои маҷлисӣ бо 200 ҷойи нишаст ва ошхона барои 500 нафар мебошад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам зебою хушнамо кардани ошхонаи мактабӣ ба бинокорон маслиҳатҳои муфид дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ аз намоишгоҳи маҳсулоти хоҷагии халқ, неъматҳои бебаҳои табиӣ ва маҳсули ҳунарҳои мардумии ноҳияи Нуробод дидан карда, бо аҳли заҳмат ва ҳунармандони мумтоз сӯҳбатҳои дилнишин анҷом дод.

Зимни сӯҳбат бо занбӯрпарварони маъруфи ноҳия Тоҳир Шоев ва Назрулло Гулов маълум шуд, ки аввалӣ имсол аз 300 оилаи занбӯр 5 тонна ва дуюмӣ аз 250 оила 4,5 тонна асали кӯҳӣ ба даст оварданд.

Дар ин намоишгоҳ миёни асбобҳои зиёди мусиқии мардумӣ ду ғиҷаки ғайриоддӣ ба назар расиданд, ки яке 3 - паҳлу ва дуввумӣ 4 – паҳлу аст. Чунонки бо таҳайюр зикр гардид, ҳар паҳлуи ин ғиҷакҳо садои аз ҳамдигар фарқкунанда мебароранд ва ин гуна асбоби мусиқӣ дар воқеъ дар ҷаҳон беназир аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба устои ин асбобҳо ва ҳамчунин устои табақи бузургҷуссаи бемисл, ки паҳноияш 1 метру 35 сантиметр аст, пешниҳод намуд, ки ин маҳсулҳои зебою назаррабои ҳунари волои худро ба осорхонаи марказии кишвар бифурӯшанд, то онҳо манзури мардуми зиёд ва пеш аз ҳама меҳмонони хориҷӣ бошанд.

Зимни шиносоӣ бо биноҳои маъмурии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз ҷумла, шӯъбаи корҳои дохилӣ, комиссариати ҳарбӣ, суд, прокуратура, агроинвестбонк, амонатбонк ва ғайра, ки дар мӯҳлати кӯтоҳ бунёд ёфта, имрӯз бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтаанд, иттилоъ дода шуд, ки сарфи назар аз мушкилоти бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, худи ҳамон рӯз дар шаҳраки Дарбанд 46 бинои нав ба истифода супорида шуд.

Таъкид гардид, ки минбаъд маркази ноҳияи Нуробод пурра ба ҳамин шаҳрак кӯчонида мешавад. Тамоми мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар биноҳои нави дорои тамоми шароити муосиру замонавӣ ҷойгир шудаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни шиносоӣ бо бинои нави беморхонаи марказии ноҳия ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дод. Президенти мамлакат техникаву таҷҳизоти хуби замонавиро низ, ки ин беморхона ба тозагӣ ворид карда шудааст, аз назар гузаронда, баҳри бо шароити боз ҳам беҳтару мутахассисони сатҳи баланд таъмин намудани он ба масъулин дастуру ҳидоятҳо дод.

Нимаи дуюми рӯз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод боз як пули калони дигар мавриди истифода қарор гирифт.

Зимни сӯҳбат бо роҳсозон маълум шуд, ки ин яке аз 14 пулҳои хурду бузург аст, ки дар чаҳорчӯби марҳилаи дуюми сохтмон ва навсозии шоҳроҳи мошингарди Душанбе – Рашт – Ҷиргатол - Саритош бунёд меёбад. Дарозии ин пул 67 метр буда, бо маблағи беш аз 6 миллион сомонӣ сохта шудааст.
Худи ҳамон рӯз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар яке аз кӯчаҳои марказии шаҳраки Дарбанд ба рамзи ободиву сарсабзии доимии ин гӯшаи зебои Тоҷикистон шукуфон якчанд навниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонда, гуфтан мумкин, ба мавсими нави ниҳолшинонӣ низ дар минтақаҳои кӯҳистони кишвар оғоз бахшид.

Сипас Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи марказии шаҳраки навбунёди Дарбандро мавриди истифода қарор дода, дар ҳамин ҷо бо шумораи зиёди намояндагони аҳолии ноҳияи Нуробод мулоқот намуд.

Зимни суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз корҳои бузурги созандагиву бунёдкорӣ дар ноҳияи Нуробод ва кулли мамлакат маълумот дода, дурнамои ин сиёсатро дурахшону умедбахш арзёбӣ намуд.

Ба муносибати оғози фаъолияти шаҳраки Дарбанд чун маркази маъмурии минбаъдаи ноҳияи Нуробод дар майдони ҳамин варзишгоҳ, ки 5 ҳазор ҷойи нишаст дорад, як намоиши бошукӯҳи фарҳангӣ бо иштироки устодони санъати Тоҷикистон баргузор гашт.

Бо мушоҳидаи ин ҳама тадбирҳои бузурги созандагию бунёдкорӣ дар тамоми қаламрави кишвар бо боварию эътимод метавон гуфт, ки Роҳбарият ва мардуми Тоҷикистон ба ҷашни 15 – солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 6 – уми ноябри соли равон таҷлил мегардад, бо дастовардҳои намоёну арзанда наздик мешаванд.

Дастоварду нишондодҳои аз ин ҳам бештар таҳти сарварии собитқадамонаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон то ҷашни солгарди 20 – уми истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз, ки моҳи сентябри соли 2011 фаро мерасад, ба даст хоҳанд омад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520