Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Бонки исломии рушд доктор Аҳмад Муҳаммад Алӣ

26.03.2012 18:30, шаҳри Душанбе

Зимни мулоқот бо Президенти Бонки исломии рушд доктор Аҳмад Муҳаммад Алӣ аз густариши бемайлони ҳамкории дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Тавре зикр гардид, ҳоло дар Тоҷикистон 8 лоиҳаи афзалиятноки сармоягузории давлатӣ бо ҳиссаи Бонки исломии рушд мавриди татбиқ қарор дорад, ки маблағи умумии онҳо 264 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Таваҷҷуҳи зиёд ба афзоиши минбаъдаи сармоягузорӣ ба татбиқи лоиҳаҳои зербиноии дорои аҳамияти минтақавӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ ва ҳам барномаҳои иҷтимоию гуманитарии Тоҷикистон зоҳир карда шуд.

Барои тавсиаи бештари ҳамкорӣ ифтитоҳи намояндагии Бонки исломии рушд дар Тоҷикистон зарур шумурда шуд.

Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба омодагӣ ба мулоқоти 38-уми солонаи Шӯрои Мудирони Бонки Исломии Рушд, ки соли 2013 бояд дар Тоҷикистон баргузор шавад ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520