Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Фармондеҳи Қувваҳои Марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Дэвид Петреус

26.10.2009 19:30, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Фармондеҳи Қувваҳои Марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Дэвид Петреусро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд.

«Тоҷикистон ба сулҳу суботи пойдор дар Афғонистон манфиатдор аст ва мо барои рушду густариши ҳамкориҳои судманд бо Амрико дар ин ва дигар арсаҳо кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳем», - изҳор дошт дар оғози сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Дэвид Петреус нақши Тоҷикистонро дар таъмину устуворгардонии амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ муҳим арзёбӣ намуда, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва сохторҳои марбутаи кишвар барои мусоидати фаъол ба нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ дар Афғонистон арзи сипос кард.

Фармондеҳи Қувваҳои Марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамчунин аз ҳамкории мутахассисони амрикоӣ, ки бо сарҳадбонон, кормандони гумрук ва дигар мақомоти кишвари мо ҳамкорӣ мекунанд, изҳори қаноатмандӣ карда, аз ҷумла изҳор дошт, ки «дар доираи барномаҳои таълимӣ мо натанҳо нерӯҳои Тоҷикистонро меомӯзонем, балки худ низ аз таҷрибаи фарохи онҳо баҳравар мешавем».

Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанба, аз ҷумла иқтисодию иҷтимоӣ таъкид намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520