Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

18.01.2021 16:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки дар соҳаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ - Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия, Бонки миллӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо таъин гардиданд, мулоқот намуданд.

Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс ва Ёқубзода Мирҳаёт ба вазифаҳои муовинони Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Восидиён Фарҳод бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири рушди иқтисод ва савдо таъин карда шуд.

Сардорони Раёсатҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва дигар Раёсатҳои дастгоҳи марказии Агентии мазкур аз ҳисоби кадрҳои ҷавону ботаҷриба таъин гардиданд.

Ба вазифаи прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, прокуророни ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Ховалинг, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кормандони собиқадору соҳибтаҷриба таъин шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сӯҳбат бо кадрҳои ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда таъингардида аз мушкилоту камбудӣ ва қонуншиканиҳо дар сохторҳои зикргардида ёдовар шуда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар системаи идораи бонкӣ, бурдани назорати ҷиддии прокурорӣ ва пешгирии қонуншиканиҳо дар самти замин, роҳ надодан ба қочоқи молу маҳсулот, мубориза бар зидди ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ ва дигар масъалаҳои ҳалталаб мисолҳои мушаххас оварда, иҷрои ҳатмии камбудиҳоро дар муҳлатҳои майян талаб намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520