Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири энергетикаи Федератсияи Русия

20.10.2009 18:00, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири энергетикаи Федератсияи Русия, Раиси қисмати Русиягии комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои ду кишвар Сергей Шматкоро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд.

Таваҷҷӯҳи асосӣ ба масоили омодагӣ ба сафари пешомади давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия зоҳир гардид.

Рафти татбиқи аксари санадҳои ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла мувофиқаҳое, ки миёни сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев оид ба сохтмони се нерӯгоҳи миёнаиқтидори обии барқӣ моҳи августи соли гузашта ба даст омада буд, ғайриқаноатбахш арзёбӣ гардид. Суръат ва ҳаҷми корҳои ширкати Газпроми Русия оид ба ҷустуҷӯ ва истихроҷи газ низ дар Тоҷикистон нокифоя маънидод карда шуд. Таъкид гардид, ки аз 4 кони газ, ки ба ихтиёри ширкати Газпром вогузор шудааст, танҳо дар як - тоаш корҳо оғоз ёфтаанду бас.

Бо вуҷуди камбудиҳои мавҷуда ҳарду ҷониб омодагӣ ва ҳавасмандии худро оид ба таҳким ва густариши ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия, аз ҷумла дар соҳаҳои гидроэнергетика, нафту газ, нақлиёт ва коммуникатсия, кишоварзӣ ва хоҷагии об, мудофиаву амният, илму техника, маориф, тандурустӣ ва фарҳанг таъкид намуданд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Русия ба рушди ҳамкориҳои имрӯзаи ду кишвар такони нав мебахшад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520