Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 110- солагии Шириншо Шотемур

20.10.2009 14:00, шаҳри Душанбе

Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнии пойтахт бахшида ба 110- солагии зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншо Шотемур ҷамъомади тантанавӣ баргузор гашт.

Баҳри иштирок дар ҷамъомади тантанавии бошукӯҳи бахшида ба солгарди 110 – уми фарзанди муборизу ҷонфидои миллати тоҷик Шириншо Шотемур дар толори театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнии пойтахт, ки баъди таъмиру таҷдиди асосӣ симою намои бошукӯҳ ва қабои зебои миллии тоҷикӣ ба бар кардааст, аъзо ва намояндагони Парлумону Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва дигар мақомоти давлатӣ ва ҳамчунин шумораи зиёд аз аҳли зиё ва насли ҷавони кишвар ҷамъ омаданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аҳли толор ва мардуми Тоҷикистонро бо ин санаи муборак табрику таҳният гуфта, аз хизматҳои шоёни таҳсини Шириншо Шотемур баҳри ҳифзи манфиатҳои миллии мардуми тоҷик дар солҳои 20- ум ва 30- юми асри гузашта, ки замони басо душвору ҳассоси муборизаҳои сиёсӣ буд, ба тафсил ёдовар шуд.

Таъкид гардид, ки Шириншо Шотемур бо чунин фарзандони огоҳу бедордили миллат, аз қабили Садриддин Айнӣ, Абулқосими Лоҳутӣ, Саидризо Ализода, Аббос Алиев, инчунин сарварони сиёсии равшанфикру ватандӯст – Нусратулло Махсум, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Абдуқодир Муҳиддинов, Чинор Имомов, Нисор Муҳаммад ва дигарон дар чунин даврони печидаву сангин ба пуштибонии миллат ва ҳифзи манфиатҳои он бархоста, пойдевори Ҷумҳурии Тоҷикистонро гузоштанд.

Шириншо Шотемур дар баробари устод Садриддин Айнӣ, Абулқосими Лоҳутӣ, Саидризо Ализода, Аббос Алиев, Нисор Муҳаммад ва дигарон аз ҷумлаи поягузорони матбуоти тоҷик номида шуданд, ки дар таъсис ва нашри нахустин рӯзномаҳои тоҷикии «Овози тоҷик», «Деҳқони камбағал», «Раҳбари дониш», «Барои адабиёти сотсиалистӣ», «Шӯълаи инқилоб» ва инчунин дар нашри китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» саҳми арзанда гузоштаанд.

Зикр гардид, ки Шириншо Шотемур ба тарбияи кадрҳои миллӣ низ диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, аз асосгузорони нахустин донишгоҳҳои муаллимтайёркунӣ дар шаҳрҳои Душанбею Хуҷанд ва баъдан Донишгоҳи кишоварзӣ буд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо таассуф ёдовар шуд, ки бо далерию ҷасорати дар он замон камназир аз манфиатҳои Тоҷикистону миллати тоҷик ҳимоя кардани Шириншо Шотемурро бадхоҳону дасисабозон истифода намуда, ӯро чун душмани халқ қурбон карданд. «Вале ӯ дар тӯли умри кӯтоҳу ибратомӯзаш тавонист, ки дар китоби зиндагиномаи миллат саҳифаҳои дурахшонро сабт намояд», - таъкид дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки наслҳои имрӯзаи Тоҷикистон низ бояд аз чунин сарсупурдагони миллат дарси ватандорӣ омӯзанд.

Чунонки дар суханронӣ зикр гардид, хизматҳои фидокоронаи Шириншо Шотемур бо фармонҳои Президенти мамлакат соли 1999 бо ордени «Дӯстӣ» ва соли 2006 дар баробари фарзанди фидокору содиқи Ватан Нусратулло Махсум бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ ва қадршиносӣ аз хизматҳои шоёни таҳсини Шириншо Шотемур ва дигар фарзандони муборизи миллати тоҷик наслҳои имрӯзаро ба омӯзиши зиндагиномаи чунин родмардон, таърихи ибратомӯзи гузашта, ба ифтихору сарфарозӣ аз давлатдории миллӣ ва худшиносию худогоҳӣ ҳидоят намуд.

Баъди анҷоми суханронии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нишони Қаҳрамони Тоҷикистон, ки ба Шириншо Шотемур тааллуқ дорад, ба хоҳарзодаи ӯ Иқболшо Шокамолов тақдим карда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати фарҳанг супориш дод, ки дар Осорхонаи марказии кишвар гӯшаи қаҳрамонони Тоҷикистон кушода шавад ва пешниҳод намуд, ки мукофотҳои давлатӣ ва дигар осору ёдгорӣ ва ашёи ифтихории онҳо ҳамон ҷо нигоҳ дошта шаванд.

Аз рӯзгори ибратомӯз ва пурҳикмати Шириншо Шотемур дар ин ҷамъомади тантанавӣ ҳамчунин хешовандони ӯ, собиқадорони меҳнат ва олимону муаррихони шинохта, аз ҷумла Иқболшо Шокамолов, Имомназар Келдиев, Мамадёр Мамадназарбеков ва Усмонҷон Ғаффоров ёдовар шуданд.

Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон бо номи Шириншо Шотемур номгузорӣ карда шавад ва ба Вазорати фарҳанг супориш дод, ки соли 2010 дар шаҳри Маскав дар назди оромгоҳи ӯ лавҳаи хотиравӣ гузошта шавад.

Ҷамъомади тантанавӣ бо консерти бошукӯҳи устодони санъати Тоҷикистон ба поён расид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520