Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Иҷрокунандаи вазифаи Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид Андрей Василев

27.03.2012 12:00, шаҳри Душанбе

Ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории бисёрпаҳлуи Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид дар мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Иҷрокунандаи вазифаи Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии ин созмон Андрей Василев баррасӣ шуд.

Ба фаъолияти Комиссияи Иқтисодии Аврупоӣ доир ба татбиқи Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ баҳои баланд дода шуд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки лоиҳаҳои сершумори иқтисодии дар Конфронси 5-уми РЕККА муаррифигардида мавриди татбиқи босамар қарор гирифта, ба рушди Афғонистон ва кишварҳои дигари минтақа ва таҳкими амну суботи минтақавӣ мусоидати фаъол мекунанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520