Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо намояндаи Президенти Ҷумҳурии Фаронса дар Афғонистон, Покистон ва Осиёи Марказӣ Тйерри Мариани

19.10.2009 18:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намояндаи Президенти Ҷумҳурии Фаронса дар Афғонистон, Покистон ва Осиёи Марказӣ Тйерри Марианиро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Фаронсаро «шарики асосии Тоҷикистон дар Аврупо» номида, таъкид дошт, ки «мо ба таҳкиму тавсиа додани муносибатҳои гуногунҷанба бо он манфиатдорем, аз ҷумла ба густариши робитаҳои ҳарбӣ-сиёсӣ».

Тйерри Мариани ба таҷрибаи сулҳоварии Тоҷикистон баҳои баланд дода, аз ҷумла изҳор дошт, ки «андешаю пешниҳодҳои Шумо баҳри барқарор сохтани оромию субот дар Афғонистон барои нерӯҳои эътилофии посдори сулҳ бисёр муҳим аст».

Масоили вобаста ба рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ бо фарогирии Афғонистону Покистон аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат буд.

Таваҷҷӯҳи зиёд ба татбиқи лоиҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки татбиқи аксари лоиҳаҳои инфрасохтории Тоҷикистон, аз ҷумла доир ба сохтмони нерӯгоҳҳои обӣ, хатҳои интиқоли нерӯи барқ, роҳу пулҳо ва ғайра дорои аҳамияти бузурги минтақавӣ мебошанд.

Таҷдиди фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе, ки лоиҳаи асосии ҳамкории имрӯзаи иқтисодии ду кишвар аст, ба иттилои намояндаи Президенти Фаронса тобистони соли 2011 анҷом меёбад.

Бо таваҷҷӯҳ ба таъсири Афғонистон ба авзои кишварҳои минтақа ҳарду ҷониб омодагии худро баҳри таҳкиму густариши ҳамкории ҳарбӣ-сиёсӣ ва амниятӣ, аз ҷумла барои пурзӯр намудани мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъкид намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520