Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

17.10.2009 17:00

Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида аз ҷониби Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ ёфтаанд ба имзо расиданд, аз ҷумла:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи хок»;

2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика»;

3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера»;

4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

5. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009».

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи хок» принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ, асосҳои ҳуқуқии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро бо мақсади оқилона ва эҳтиёткорона истифода бурдани хок, нигоҳ доштани сифат, ҳосилхезӣ ва ҳифзи онро аз падидаҳои манфӣ муайян намуда, маҷмӯи муносибатҳои бо ҳифзи хок алоқамандро танзим менамояд.

Мақсади асосии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии самоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ ҳангоми азхудкунӣ ва истифодабарии захираҳои электроэнегетикӣ мебошад.

Тағйиру иловаҳое, ки ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд ҷиҳати мукаммал намудани қонунҳои амалкунанда ва бо мақсади пешравии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар ва ба меъёрҳои Конститутсия ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ гардонидан, равона карда шудаанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520