Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ва соли бузургдошти Имоми аъзам

25.01.2010 08:00, шаҳри Душанбе

Соли 2009 дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон чун соли бузургдошти Имоми Аъзам, ки аз фарзандони дорои шўҳрати ҷаҳонии миллати тоҷик ва асосгузори мазҳаби оламшумули ҳанафӣ дар дини мубини Ислом ба шумор меравад, нақш хоҳад гузошт.

Албатта, бузургдошти ин нобиғаи олами Ислом, вусъати бесобиқа пайдо кардани бунёди нерўгоҳи Роғун ва ҳифзи шоистаи манфиатҳои давлату миллатро, ки аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи минтақа ва ҷаҳон амалӣ гардид, метавон аз натиҷаҳои пурарзиши фаъолияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2009 маънидод кард.

Нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва беҳшавии фазои инвеститсионӣ, ки дар соли 2009 ба назар расид, бешубҳа аз тадбирҳои босамари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи коҳиш додани  таъсири бўҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ гувоҳӣ медиҳанд.

Афзоиши воқеии маҷмўи маҳсулоти дохилии кишвар соли 2009, сарфи назар аз таъсири манфии бўҳрони ҷаҳонӣ, 3,4% - ро ташкил дода, ҳаҷми он ба 20 миллиарду 623 миллион  сомонӣ расид.

Меъёри таваррум дар мамлакат ба андозаи 5 фоиз нигоҳ дошта шуд, ки нисбат ба натиҷаи соли 2008-ум 2,4 маротиба ва аз нишондиҳандаи дурнамо 2,6 маротиба кам мебошад.

Рушди иқтисод асосан аз ҳисоби зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ,  гардиши савдои чакана ва афзудани хизматрасонӣ дар соҳаи нақлиёт таъмин карда шуд.

Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2009 нисбат ба соли 2008 10,5% афзоиш ёфт, ки ин пеш аз ҳама натиҷаи иҷрои муроҷиати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар оид ба истифодаи босамар аз заминҳои корам ва рўёндани ду ва зиёда ҳосил аз заминҳои обӣ аст.

Баҳри иҷрои нишондодҳои муроҷиати Сарвари давлат соли 2008 баъди ҷамъоварии ғалладона ва сабзавоти барвақтӣ дар майдони 115 ҳазор гектар ва соли 2009 дар 172 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронда шуд. Дар натиҷа истеҳсоли ғалла дар соли 2009 қариб ба 1 миллиону 300 ҳазор тонна баробар шуд, ки ин дар таърихи Тоҷикистон нишондоди рекордӣ буда, нисбат ба соли 2008 39% зиёд мебошад. ғайр аз ин, дар як сол истеҳсоли сабзавот 15%, полезиҳо қариб 50%, ангур 17%, тухм 25% ва асал 31% афзун шуд.

Зиёдшавии ҳаҷми истеҳсолот дар соҳаи кишоварзӣ ҳамчунин натиҷаи додани озодӣ ба деҳқонон дар мавриди кишти зироатҳои дилхоҳ, ба роҳ мондани истифода аз технологияҳои муосири коркарди замин ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ, аз ҷумла бо истифода аз тухмиҳои серҳосил, арзёбӣ мегардад.

Соли 2009 ба буҷети давлатӣ 5 миллиарду 541 миллион сомонӣ ворид гардид. ғайр аз ин, дар раванди татбиқи  нақшаи тадбирҳои иловагии зиддибўҳронии ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии буҷети давлатӣ аз ҳисоби ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ 315,1 миллион сомонӣ маблағҳои грантӣ  ҷалб карда  шуд.

Соли равон қисми даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба андозаи 6 миллиарду 536,8 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин нисбат ба буҷети соли 2009-ум 18% зиёд хоҳад буд.

Фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ низ дар Тоҷикистон давоми соли 2009 хеле беҳтар шуд ва инро, пеш аз ҳама метавон натиҷаи фаъолияти босамари Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва татбиқи Барномаи «200 - рўзи ислоҳот» маънидод кард.

Ин буд, ки Тоҷикистон соли 2009 ба 10 - гонаи кишварҳои ислоҳталаб ворид шуд. Аз ҷумла, доир ба ҳифзи сармоягузорӣ Тоҷикистон дар рейтинги Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ аз ҷойи 151 якбора ба ҷойи 73 баромад, ки ин пешрафти хеле калон аст.

Болоравии босуръати рейтинги Тоҷикистон ҳамчунин дар соддагардонии фазои тиҷорат ва бақайдгирии субектҳои соҳибкорӣ ба назар мерасад. Айни ҳол, ҳамчунин корҳои зиёд баҳри такмил додани низоми андозбандӣ ва иҷозатномадиҳӣ тавассути ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории ҷорӣ амалӣ мегарданд, ки ин низ ба беҳтаршавии босуръати фазои инвеститсионии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Дар Тоҷикистон ба ҳолати 1 - уми январи соли 2010 59 лоиҳаи муштараки инвеститсионии давлатӣ амалӣ мегарданд, ки маблағи умумии онҳо ба 8 миллиарду 80 миллион сомонӣ баробар аст. Дар соли 2009 10 созишномаи нави қарзию грантӣ бо маблағи 814 миллион сомонӣ ба имзо расид, ки татбиқи 7 - тои он худи ҳамин сол оғоз ёфт. Дар ҳамин давра ба иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамчунин қариб 160 миллион доллари амрикоӣ сармоягузории мустақим ба  қайд гирифта шуд, ки ин ҳам нишонаи пешрафти намоён аст.

Тадбирҳои нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри қонунишуда шумурдани маблағҳои ба хариди саҳмияҳои нерўгоҳи Роғун равонашаванда ва маблағҳои аз бонкҳои хориҷӣ ба бонкҳои Тоҷикистон интиқолёбанда низ ба болоравии намоёни иқтисодиёти кишвар мусоидат хоҳанд намуд.

Давоми соли 2009 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 12 маҷлиси ҳукумати мамлакат ҷараён гирифт, ки дар онҳо беш аз 700 масъалаи муҳими давлатдорӣ баррасӣ шуданд.  Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 лоиҳаи қонунҳо пешниҳод ва қабул гардид, ки 5  - тои он қонунҳои нав ва дар таҳрири нав мебошанд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ»,  «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи авф» аз ҷумлаи онҳоанд.

Умуман дар соли 2009 92 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки 48 – тои он бо ташаббуси ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва қабул шудаанд. Аз ин миқдор 25 ададаш қонунҳои нав ва дар таҳрири нав қабулшуда мебошанд.

Дар соҳаи маориф, ки таъмини рушди бемайлони он аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, пешравиҳои намоён ба назар мерасанд. Аз ҷумла, агар дар соли 2000-ум маблағгузории ин соҳа аз ҳисоби буҷети давлатӣ 42 миллион сомониро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2009-ум ба 1 миллиарду 110 миллион сомонӣ расид ва афзоиши он 27 баробарро ташкил дод. Аз соли 2000 – ум ба ин сў дар мамлакат зиёда аз 1000 муассисаи таълимӣ сохта ва ё таҷдид карда шуд. Танҳо дар соли 2009 210 мактаби нав барои 35 ҳазор  хонанда сохта, мавриди истифода қарор гирифт.

Ташрифҳои пайвастаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба муассисаҳои гуногуни таълимӣ, аз ҷумла мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, литсейю гимназияҳои барои хонандагони хушзеҳну болаёқат махсусгардондашуда ва аз донишгоҳу донишкадаҳо аз таваҷҷўҳ ва ғамхории доимии ў ба таълиму тарбияи насли наврас гувоҳӣ медиҳад.

Боздидҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино ва таҳти назорати доимии ў қарор доштани рафти сохтмони филиали Донишгоҳи омўзгории ба номи Садриддин Айнӣ дар ноҳияи Рашт, филиали Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ва фаъолияти мактабҳои олӣ дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Суғду Хатлон далели гуфтаҳои болоанд.

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони сершумори аҳли маориф ва илми мамлакат, ки моҳи декабри соли 2009 сурат гирифт, як навъ нуқтаи авҷи таваҷҷўҳи ў ба ин соҳа буд.

Маҳз дар ҳамин вохўрӣ аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон соли 2010 «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» эълон гардид, ки ҳадаф аз он мувофиқи талаби замон баланд бардоштани таълиму тадриси фанҳои дақиқ ва ба ин васила боло бурдани донишу малакаи техникии насли наврас аст. Тадбирҳои дар доираи ин сиёсат амалишаванда, бешубҳа, натиҷаҳои назаррас хоҳанд дод.  Аз ҷумла тибқи  супориши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон стандартҳои давлатии омўзиши фанҳои дақиқ ва техникӣ аз нав таҳия ва қабул карда мешаванд.

Мутобиқи талаботи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сатҳи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва кашфиётии олимон ва ҳам донишҷўён бояд баланд бардошта шавад.

Тибқи пешниҳоди Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2011 оғоз карда, маблағгузории давлатии сохторҳои илмию тадқиқотӣ аз рўи натиҷа ва самаранокии  корҳои анҷомдодаи  онҳо  амалӣ мегардад ва дар ҳолати мавҷуд набудани натиҷаҳои кофию назарраси тадқиқоти илмӣ ва татбиқи онҳо  маблағгузории давлатӣ барои ин гуна сохторҳо қатъ карда мешавад.

Дар соҳаи тандурустӣ, ки мақомаш дар сиёсати иҷтимоии ҳукумати мамлакат на камтар аз мақоми маориф аст, пешравиҳои зиёд ба назар мерасанд.

Дар давоми солҳои истиқлолият дар саросари кишвар беш аз 700 муассисаи соҳаи тандурустӣ бунёд ва таъмиру таҷдид гардида, бо маблағи умумии беш аз 400 миллион сомонӣ таҷҳизоти замонавии тиббӣ харидорӣ гардидааст.

Ҷиҳати таъмини рушди соҳаи тандурустӣ, беҳтар намудани шароити беморхонаву дармонгоҳҳо ва таҳкими заминаи моддиву техникии онҳо, ҳамчунин ҷорӣ кардани усулҳои муосири хизматрасонии тиббӣ ҳоло дар мамлакат даҳҳо лоиҳаҳои сармоягузорӣ амалӣ шуда истодаанд, ки маблағи умумии онҳо беш аз 500 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Соли 2009 бори нахуст дар Тоҷикистон амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ оид ба иваз кардани гурда гузаронда шуд, ки натанҳо дар кишвари мо, балки дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ин кор бори аввал ба вуқўъ пайваст.

Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино моҳи ноябри ҳамин сол озмоишгоҳи кишт ва парвариши ҳуҷайраҳои бунёдии инсон ба кор шурўъ намуд, ки аз дастовардҳои навтарини технологияҳои муосири тиббӣ ба шумор меравад.

Афзалияти кори ин озмоишгоҳ дар он аст, ки дар ин ҷо барои иваз намудани ҳуҷайра ва бофтаҳои корношоямгаштаи инсон аз хун, устухон ва ё дигар аъзои бадан гирифта, ҳуҷайраву бофтаҳои солим омода месозанд. 

Айни ҳол, дар ин ҷо танҳо корҳои озмоишӣ ва омодасозии ҳуҷайраҳои бунёдӣ ба роҳ монда шудааст ва баҳори соли 2010 бояд муолиҷаи нахустин беморон бо ин усул гузаронда шавад.

Рушду нумўи тибби хусусӣ, ки бо талабу пофишориҳои зиёди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон имрўз ба назар мерасад, оянда натиҷаҳои пурарзиш хоҳад дод ва табибони Тоҷикистон ворисони барҳаққи Ибни Сино будани худро беш аз имрўза собит хоҳанд кард.

Дар асоси супориши Роҳбари давлат ва бо мақсади боз ҳам васеътар ҷорӣ намудани дастовардҳои илмӣ, инчунин ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаҳои тадқиқотии соҳа соли 2009 бо қарори ҳукумати мамлакат Академияи илмҳои тиб таъсис дода шуд.

Давоми сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни 8 сафари корӣ ба 22 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла Хуросон, Бохтар, Ҷалолиддини Румӣ, Қурғонтеппа, Сарбанд, Данғара (2 бор), Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров (2 бор), Ғончӣ (2 бор), Шаҳристон, Зафаробод, Спитамен (2 бор), Қайроқум (2 бор), Ашт, Чкалов, Ҷаббор Расулов, Ваҳдат, Ҳисор, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод ва Роғун ташриф овард, ки ҳадаф аз аксари онҳо ҳидоят намудани мардум ба истифодаи пурсамар аз ҳар ваҷаб замини корам, такон бахшидан ба фаъолияти созандагию бунёдкорӣ ва ҳамчунин тавассути ба роҳ мондани чораҳои бошукўҳи фарҳангӣ баланд бардоштани ҳисси ифтихору сарфарозии мардум аз истиқлоли давлатӣ ва давлатдории миллӣ буд.

Зимни сафари кории худ ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, ки дар моҳи июни соли 2009 ҷараён гирифта буд, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти кўмакрасонӣ ба аҳолии аз боронҳои пайдарпай ва омадани селобу лойқа зарардида аз наздик шинос шуд.

Чунонки маълум шуд, мардум аз қарзҳои имтиёзнок ва кўмакпулиҳои ҳукумати мамлакат  ва ҳамчунин кўмакҳои хайрияи вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои дахлдор, шаҳру ноҳияҳои зиёди мамлакат ва кишварҳои хориҷию созмонҳои байналмилалӣ баҳраманд мешуданд.

Мутобиқи супоришҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба таври ройгон 132 оила пурра бо хонаҳои нав ва ашёи рўзгор ва 310 оила бо масолеҳи сохтмонӣ таъмин карда шуданд, ба 58 оилаи дигар қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ дода шуд. Дар маҷмўъ кўмакҳои зарурӣ ба 500 оила расонда шуд.  Хонаҳои нав ба тариқи ҳашар бо суръати баланд сохта, ба соҳибонашон супурда шуд.

Бо супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маҳалҳои зисти муваққатӣ ва доимии аҳолии зарардида баҳри таъмини хизматрасонии тиббӣ, оби нўшокӣ, сохтмони мактаб, бунгоҳи тиббӣ, роҳҳо ва дигар инфрасохтори зарурӣ тадбирҳои саривақтӣ андешида шуд.

ҳар як сафари дохилии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба рушду нумўи намоёни ин минтақаҳо мусоидати фаъол мекунад.

Масалан, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баъди супориши Президенти мамлакат дар зарфи як сол дар майдони 500 гектар боғи нав бо номи Ваҳдати миллӣ қомат афрохта, ба як боғи намунавӣ табдил ёфт. Бедҳои атрофи ҳавзи навбунёд шинондашуда аллакай баробари дарахтони 15-20 – сола қад кашидаанд.

Чойхонаи боҳашамати миллӣ низ бо супориш ва дастгирии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар миёни ҳамин боғ дар зарфи як сол бунёд ёфта, ба як маркази бузурги фарҳангию фароғатӣ мубаддал шуд.

Зимни як сафари дигар Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба бунёди боғи нави 300 гектара асос гузошт, ки «20 солагии истиқлоли Тоҷикистон» номида шуд.

Бо ҳидояту раҳнамоӣ ва дастуру пофишориҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон якчанд корхонаҳои саноатӣ дар шаҳрҳои Сарбанду Қурғонтеппаи вилояти Хатлон, маркази бузурги тиҷоратӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, як корхонаи калони ресандагӣ дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд,  маҷмааи корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Қайроқум ва шаҳраки нави Дарбанд бо 46 бинои нави замонавӣ барои мақомоти ҳокимияти давлатии маҳаллии ноҳияи Нуробод ба истифода супурда шуд.

Зимни сафарҳои дохилии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тайи соли 2009 ҳамчунин нақби мошингарди Шаршар ва нерўгоҳи обии Сангтўда – 1 дар ноҳияи Данғара, се пули азими мошингард дар ноҳияҳои Тоҷикобод, Рашт ва Нуробод, варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд, литсейи бемисли президентӣ дар шаҳри Чкалов, масҷиди бузурги Имоми Аъзам дар ноҳияи ҳисор, хатти 500 киловолтаи ҷануб-Шимол бо зеристгоҳҳои дар Осиёи Марказӣ беназир, се хатти 220 киловолта дар вилояти Суғд ва бисёр иншооти дигар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, бунёди иншооти зиёди пурарзиш, аз ҷумла роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа ва Маркази бузурги фарҳанги исломӣ дар шаҳри Душанбе бо масҷиди камназир барои 150 ҳазор нафар намозгузоранда оғоз ёфт.

Давоми соли 2009 – ум Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба 17 давлати хориҷӣ 22 сафари расмию корӣ ва 2 сафари давлатӣ анҷом дод, ки ҳадаф аз онҳо ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар ҳаллу фасли масоили умдаи минтақавию байналмилалӣ ва ба ин васила баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ буд.

Дар раванди татбиқи сиёсати хориҷии давлат сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Белгия ва ҷумҳуриҳои назди Балтика нақши муҳим гузошт, зеро ин сафарҳо дар воситаҳои ахбори умум ва доираҳои сиёсатшиносӣ барои Тоҷикистон раҳкушоӣ ба сўйи Аврупо ва барои ин давлатҳо раҳкушоӣ ба сўйи Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Осиёи Ҷанубӣ маънидод гардиданд.

Дар шаҳри Брюсел ғайр аз мулоқоту гуфтушунидҳои пурсамар, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тибқи барномаи сафари расмӣ бо Сарвазири онвақтаи Шоҳигарии Белгия Херман ван Ромпей, Президенти Сенати он Арманд Де Деккер ва дигар шахсони воломақоми кишвар дошт, ҳамчунин бо Дабири кулли Шўрои Аврупо, Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати дастаҷамъии хориҷӣ ва амниятӣ Хавиер Солана, Президенти Комиссияи Аврупо Жозе Мануэл Бароззо, Раиси Кумитаи Парлумони Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ Жосек Волский, Раиси Бонки сармоягузории Аврупо Филипп Мейштад, Дабири кулли Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) Яаап Де Хооп Схеффер ва Дабири кулли Хартияи Нерў Андре Мерние вохўриҳо анҷом дод, ки натиҷаҳои намоён ба манфиати давлати Тоҷикистон ба бор оварданд.

Натиҷаи сафари расмии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Брюсел аст, ки танҳо аз ҳисоби Иттиҳоди Аврупо барои дастгирии иқтисодиёти Тоҷикистон 100 миллион евро ҷудо мегардад. Кўмакҳои зиёд ҳамчунин аз ҷониби Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ ва дигар созмонҳои байналмилалию аврупоӣ расонда мешаванд, ки самараи саҳми намоёну арзандаи Тоҷикистон дар мусоидат ба амнияту суботи Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.

Дар соли 2010 аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо 75 миллион евро кўмак барои дастгирии буҷети давлатии Тоҷикистон, 60 миллион доллар барои таҷдиди нерўгоҳи обии қайроқум ва маблағҳои зиёди дигар барои бунёди як қатор нерўгоҳҳои хурди обӣ ва татбиқи лоиҳаҳои гуногун ҷудо мегарданд, ки ин ҳам натиҷаи вохўриҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Брюсели Шоҳигарии Белгия маънидод мегардад.

Дабири кулли Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ Яаап Де Хооп Схеффер ба нақши Тоҷикистон дар минтақа ва ҳамгироии он бо  нерўҳои Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ дар Афғонистон баҳои баланд дод.

Дар чаҳорчўби барномаи «Шарикӣ баҳри сулҳ» ва нақшаҳои дигари ҳамкорӣ бо Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ оид ба ҷудо намудани техникаю таҷҳизоти нав ба сарҳадбонони тоҷик,  ҳамгироӣ бо сарҳадбонони афғон, омода кардани кадрҳои низомӣ ва гузарондани тадқиқоти илмӣ гуфтугўи судманд сурат гирифт.

Таваҷҷўҳи зиёд ба истифодаи потенсиали Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ дар татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон зоҳир карда шуд.

Пешниҳодҳо баҳри кушодани Маркази махсуси Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ дар Тоҷикистон, таъсиси  Маркази наҷотдиҳӣ дар шаҳри Душанбе, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонидани системаи огоҳкунонӣ аз офатҳои табиӣ ва аз минаҳо тоза кардани марзи давлатӣ бо Афғонистон баррасӣ шуд.

Тоҷикистон нахустин кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки бо Бонки сармоягузории Аврупо созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонд. Минбаъд ин бонк дар маблағгузории лоиҳаҳои энергетикӣ, аз ҷумла гидроэнергетикии Тоҷикистон саҳми намоён хоҳад дошт.

Тайи 6 рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар зиёда аз 25 мулоқоту гуфтушунидҳои судманд, 4 нишасти матбуотӣ ва 4 форуми соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистон ва кишварҳои Белгия, Латвия, Литва ва Эстония иштирок намуд.

Мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони сершумори Парлумони Аврупо, ки ба як маҳфили озоду ошкорои пурсишу посух табдил ёфт, дар муаррифии сиёсати Тоҷикистон нақши муҳим гузошт. Зимни ин мулоқот Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон  оид ба фазои ҳуқуқию сиёсии сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, муносибот бо ҷумҳурии Исломии Эрон, Федератсияи Русия, ҷумҳурии Мардумии Чин, доир ба авзои кунунии Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ, нафъи таҷрибаи сулҳи тоҷикон барои ҳалли қазияҳои Афғонистону Фаластин ва дигар мавзўъҳои ҷолиб посухҳои мушаххас дод.

Зимни ин сафарҳо ба ҷумҳуриҳои назди Балтика ва Шоҳигарии Белгия ҳамчунин 5 санади ҳамкорӣ бо Латвия, 4 - то бо Белгия, 3 - то дар Литва ва 2 санад бо Эстония ба имзо расид.

Баъд аз ин сафарҳо баргузор гаштани мулоқоти «Тройка» - и Иттиҳоди Аврупо бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе, ба  Тоҷикистон ташриф овадани ҳайати Парлумони Иттиҳоди Аврупо, ҳайати Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ ва ҳайатҳои дигари бонуфуз нишона аз  густариши минбаъдаи муносиботи судманд бо Аврупо ва дигар кишварҳои ғарб арзёбӣ мегардад.

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Федератсияи Русия, 5 сафари кории дигар ба ин давлат ва ҳамчунин иштироки Сарвари давлатамонро дар ҳамоишҳои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай метавон аз тадбирҳои пурарзиш маънидод кард, зеро густариши ҳамкории гуногунҷанба ва таҳкими муносиботи дўстона бо ин давлатҳо аз самтҳои афзали сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Русия муносибатҳои ду кишвар аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои «аз санҷишҳои давру замон гузашта» ва аз ҷониби Дмитрий Медведев «рушдёфта, наздик, дўстона ва дорои мўҳтавои шарикии стратегӣ» арзёбӣ гардид.

Мулоқотҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарият ва намояндагони Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Михаил Ломоносов ва Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия ва бо унвонҳои «профессори фахрӣ» ва «доктори фахрӣ»  - и ин муассисаҳои бонуфузи таълимӣ ва илмии ин кишвари паҳновар сарфароз гаштани Раҳбари давлати мо низ аз натиҷаҳои хуби сафари давлатии ў ба Русия маънидод гардид.

Бо ифтитоҳи филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Михаил Ломоносов дар шаҳри Душанбе як саҳифаи нави пурарзиш дар рушди ҳамкориҳои илмию маърифатии Тоҷикистону Русия боз шуд.

Аз дурнамои татбиқи лоиҳаҳои муштараки ду кишвар баҳри истихроҷи нафту газ ва бунёди як қатор нерўгоҳҳои хурду миёнаи обӣ мардуми Тоҷикистон умедвории зиёд доранд.

Доир намудани мулоқоту сўҳбатҳои дилнишин бо ҳамватанон ва ҳамзабонони мо аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни аксари сафарҳои хориҷӣ ба як анъанаи накў табдил ёфтааст, ки натиҷаҳои судбахш ба бор меоранд.

Дар аксари сафарҳои хориҷии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2009 ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистон дар ҳалли масоили вобаста ба об, энергетика ва экология мақоми асосӣ дошт.

Баҳри баррасии ин масоил ва ба миён гузоштани пешниҳодҳои судбахш баҳри ҳаллу фасли мушкилоти минтақавию ҷаҳонии вобаста ба об ва ҳифзи иқлими сайёра Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Туркия, мулоқоти Сарони давлатҳои таъсисдиҳандаи Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон,  мулоқоти Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) дар шаҳри Теҳрони  Ҷумҳурии Исломии Эрон, мулоқоти сарони давлатҳои аъзо ва нозири ҳаракати адами тааҳҳуд дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Мисри Араб, Конфронси сеюми умумиҷаҳонӣ бахшида ба проблемаҳои иқлим дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария, дар мулоқоти сатҳи олӣ оид ба тағйирёбии иқлим  дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки ИМА, Конфронси 15 - уми ҷонибҳои  Конвенсияи қолабии Созмони Милали  Муттаҳид доир ба тағйирёбии иқлим дар пойтахти Шоҳигарии Дания - шаҳри Копенҳаген иштирок намуд.

Бояд таъкид намуд, ки тавассути тадбирҳои судбахши Президенти мамлакат дар дохил ва хориҷи кишвар қадам ба қадам, сол ба сол ва давра ба давра баҳри фаҳмондани мавқеи дурусту судбахши Тоҷикистон дар ҳаллу фасли масоили обу энергетика ва экология дар минтақаи Осиёи Марказӣ пешравиҳои намоён ба назар мерасанд ва ин аст, ки қариб ҳар дафъа масъалагузориҳои Эмомалӣ Раҳмон ва мавриди дастгирӣ қарор гирифтани пешниҳодҳояш чун пирўзиҳои дипломатияи обии тоҷик маънидод мегарданд.

Дар соли 2009 бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баҳри татбиқи сиёсати хориҷии давлат дар дохили кишвар низ чорабиниҳои хеле зиёд амалӣ шуданд. Дар ин мўҳлат маҷмўан 68 чорабинӣ, аз ҷумла қабули эътимодномаи сафирон, қабули раҳбарони ҳайатҳо ва шахсони воломақоми давлатҳои хориҷӣ, раҳбарони ҳайатҳои созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ сурат гирифтанд.

Дар соли 2009 роҳбарони як қатор давлатҳои ҷаҳон бо сафарҳои расмию корӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд, ки ин аз болоравии намоёни нуфузи кишвари мо ва нақши боризи он дар арсаи минтақа ва ҷаҳон гувоҳӣ медиҳад.

Тайи як сол ба Тоҷикистон бо сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс, бо сафарҳои расмӣ Президенти Ҷумҳурии Яман Алӣ Абдулло Солеҳ, Президенти Ҷумҳурии Хорватия Степан Месич,  Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ, Сарвазири Шоҳигарии Белгия Херман ван Ромпей, Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пратибҳа Патил  ва бо сафарҳои корӣ Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай ташриф оварданд.

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Афғонистону Покистон ва мулоқоти чорҷониба бо ҳамроҳшавии Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев баргузор гашт.

Шаҳри Душанбе давоми се рўз макони баргузории мулоқотҳои сатҳи олии дуҷониба, сеҷониба ва чорҷониба гашта, ба таҳкиму густариши муносибатҳои дўстию ҳамкорӣ дар минтақа мусоидати фаъол намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  мулоқоти чорҷонибаро идомаи мантиқии мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Афғонистону Покистон маънидод карда, изҳор дошт, ки  мавриди истифодаи дуруст қарор додани имкону захираҳои фаровони Русия ва ҳар се кишвари дигар барои ҳаллу фасли мушкилоти минтақавӣ мусоидат хоҳад намуд.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, ба кишти зироатҳои дигар ҳавасманд кардани он деҳқонони Афғонистон, ки ба киштукори растаниҳои нашадор машғуланд, муҳайё намудани ҷойҳои корӣ барои аҳолии бекор ва умуман мусоидат ба барқарорсозии иқтисодиёти ин кишвар аз вазифаҳои асосии давлатҳои ҳамсоя ва мададрасони он бояд бошанд.

Сарони 4 давлат – Тоҷикистон –Эмомалӣ Раҳмон, Русия – Дмитрий Медведев, Афғонистон – Ҳомид Карзай ва Покистон – Осиф Алӣ Зардорӣ зимни нишасти якҷояи матбуотӣ аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои 8 – гона ва 20 – гона ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ, хусусан Бонки ҷаҳонӣ, даъват намуданд, ки дар маблағгузории лоиҳаҳои дорои аҳамияти зиёд барои кулли ин минтақа фаъол бошанд.

ҳамаи ин чорабиниҳо ва хусусан, Симпозиуми байналмилалии «Таълимоти  Имоми Аъзам ва гуфтугўйи тамаддунҳо» бе ҳеҷ шакку шубҳа аз болоравии босуръати нуфузи байналмилалии Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳанд.

Дар ин симпозиум собиқ Президент ва имрўза Раиси Палатаи болоии Парлумони  Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Сибқатулло Муҷаддадӣ, Мушовири Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба умури аҳли суннат Муҳаммад Исҳоқи Маданӣ, Вазири давлатии ҳамкориҳои байналмилалии Давлати қатар Холид ибни Муҳаммад ал-Аттия, Имоми Акбари Донишгоҳи ал- Азҳари шарифи ҷумҳурии Мисри Араб шайх Муҳаммад Тантовӣ, намояндаи Арабистони Саудӣ -Дабири кулли Кумитаи ҷаҳонии ҳифзи қуръон Карим Абдулло ибни Алӣ Басфар, Раиси ширкати Аднон Сафаринии Амороти Муттаҳидаи Араб Аҳмад Сафарини, Директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия Виталий Наумкин, Муфтии Украина шайх Аҳмад Тамим намояндагони воломақоми Покистон, Ҳиндустон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, намояндагони минтақаҳои гуногуни Русия ҷамъ 500 нафар олимону мутафаккирон ва шахсиятҳои барҷастаи олами сиёсат ва илму маърифат аз 50 кишвари ҷаҳон иштирок намуданд.

Ҳадафи асосӣ аз ин ҳамоиши ҷаҳонӣ тарғибу ташвиқ ва татбиқи амалии таълимоти таҳаммулпазирии Абўҳанифа Нуъмон ибни Собит Имоми Аъзам миёни мусулмонони олам буд, то ки дар роҳи барҳам задани тафриқаандозӣ ва аз байн бурдани низоъҳои динию мазҳабӣ қадамҳои намоёну муассир гузошта шаванд.

Ба андешаи аксари нотиқони ин симпозиуми байналмилалӣ маҳз ғояҳои таҳаммулпазирии мазҳаби ҳанафӣ ва эҳтиром гузоштани он ба фарҳанг ва урфу одатҳои миллату халқиятҳои гуногуни мусулмон боиси он гашт, ки имрўз беш аз 60 дар сади мусулмонони ҷаҳон пайрави ҳамин мазҳабанд.

Аксари иштирокдорони ин ҳамоиш дар он андеша буданд, ки чунин қадрдонию қадршиносӣ аз пешвои мазҳаби таҳаммулпазири ҳанафӣ дар таърихи дини мубини ислом бори нахуст сурат гирифт ва он ҳам дар Тоҷикистон бо ибтикори Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Гузашта аз ин, соли 2010 дар шаҳри Душанбе мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ ва таҳти васоёи Созмони Милали Муттаҳид Конфронси байналмилалии об оид ба баррасии натиҷаҳои 5 соли аввали 10 - солаи «Амалиёти об барои ҳаёт» ва нақшаҳои минбаъдаи он баргузор мегардад.

Хотиррасон бояд намуд, ки Барномаи 10 – солаи «Амалиёти об барои ҳаёт» барои солҳои 2005 – 2015 бо пешниҳоди Тоҷикистон аз ҷониби СММ қабул шуда буд ва ҳамчунин қобили таъкид аст, ки ба Созмони Конфронси Исломӣ 57 давлати ҷаҳон аъзо мебошанд.

Соли 2009 дар таърихи навини Тоҷикистони мустақил ҳамчунин чун соли вусъати тозаи бунёди нерўгоҳи обии Роғун ва ба ғояи миллӣ ва омили барҷастаи муттаҳидсози мардуми Тоҷикистон табдил ёфтани ин иншооти тақдирсоз сабт хоҳад шуд.

Майдонҳои сохтмони ин нерўгоҳи бе мислу монанд аз ҷониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон  «ҷабҳаи заҳмати созанда»  эълон гашт ва бо боварии том метавон гуфт, ки ин ташаббус мавриди дастгирии аҳли ҷомеа қарор гирифт.

Роҳбарият ва мутахассисону коргарони бунёдкори ин нерўгоҳ бошанд ин даъватро кайҳо боз шиори кори шаборўзии худ қарор додаанд.

Имрўз на аз ҷиҳати таъмини техникаю механизмҳои пуриқтидори сохтмонию боркашӣ ва на шумораи мутахассисону коргарон барои идома ва анҷом додани сохтмони нерўгоҳи Роғун ҳеҷ мушкилӣ вуҷуд надорад. Андаке мушкилӣ танҳо дар норасоии маблағгузорӣ аст, ки ин ҳам бо дастгирӣ ёфтани муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва саҳмгузории васеи шаҳрвандони мамлакат бартараф мегардад.

Мардуми Тоҷикистон хуб дарк намудаанд, ки нерўгоҳи Роғун воқеан барои кишвари мо дар ҳадди ҳаёту мамот қарор дорад.

Дар мавриди маблағгузории сохтмони нерўгоҳи Роғун месазад ёдовар шавем, ки соли 2008 – ум маҷмўан дар корҳои барқарорсозӣ ва сохтмон 130 миллион сомонӣ ва дар соли 2009 590 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ аз худ шуд, ки ин ҳама нишонаи возеҳи азму талоши пайвастаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва  ҳар як бунёдкор аст.

Азхудкунии маблағҳои ҷудошуда дар соли 2009 нисбат ба соли 2008 зиёда аз шаш маротиба афзоиш ёфт.

Дар соли 2010 аз буҷети давлатӣ барои сохтмони нерўгоҳи Роғун ҷудо кардани маблағи зиёда аз 655 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2009 қариб 23% зиёд мебошад.

Дар ибтидои соли 2008 идомаи  сохтмони нерўгоҳ бо 635 нафар коргар ва 46 адад техникаву механизмҳо оғоз ёфта буд. Боиси қаноатмандӣ аст, ки дар тўли як сол  шумораи коргарон дар ин иншоот ба 7200 ҳазор нафар ва мошину механизмҳо ба 700 адад расонда шуд.

Дар баробари расидан ба марҳалаи асосии корҳои сохтмон шумораи коргарону мутахассисон дар нерўгоҳ ба 14 ҳазор нафар расонида хоҳад шуд.

Рафти сохтмони нерўгоҳи азими Роғун таҳти назорат ва ғамхории доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Имрўз дар қитъаҳои гуногуни кории сохтмони нерўгоҳи Роғун зиёда аз 50 корхонаю муассисаҳои сохтмонӣ шабу рўз машғули коранд.

Барои таъмини кори пурсамар ва рўҳияи баланди коргарон дар шаҳраки истиқомати вахтавии коргарони нерўгоҳи обии Роғун тамоми шароити зарурии моддию маишӣ, хобгоҳҳо, ошхона, бунгоҳи тиббӣ ва ғайра омода гаштаанд.

Майдонҳои сохтмонии нерўгоҳи обии Роғун ҳамчунин дар сохтмони нерўгоҳи Шўроб истифода хоҳанд шуд. Ин нерўгоҳ, ки лоиҳаи сохтмон ва асосноккунии техникию иқтисодиаш қариб омода гаштааст, 16 км поёнтар аз нерўгоҳи Роғун бо иқтидори 850 мегават бунёд хоҳад ёфт.

Лоиҳакашон ва бинокорони соҳаи гидроэнергетикаи Тоҷикистон таҷрибаи камназир доранд. Ин аст, ки ба наздикӣ дар натиҷаи гузарондани санҷиши байналмилалии сарбандҳои нерўгоҳҳои обии ҳамаи кишварҳои ҷаҳон сарбанди нерўгоҳи Норак аз ҷиҳати мустаҳкамӣ ва эътимоду боварибахшиаш ҷойи аввалро ишғол намуд.

Набояд фаромўш кард, ки нерўгоҳи Норак танҳо яке аз нерўгоҳҳои Тоҷикистон аст. Коргарону мутахасссисоне, ки дар бунёди нерўгоҳи Роғун кор мекунанд, дар сохтмони нерўгоҳҳои Норак, Бойғозӣ, Помир – 1, Сангтўда-1 ва чандин нерўгоҳҳою иншооти дигари бузург низ иштирок намуда, таҷрибаи бемисл касб намудаанд.

Баъд аз пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ аввалин ва ягона ҷумҳурии собиқи ин давлати абарқудрат Тоҷикистон аст, ки Сангтўда – 1 барин нерўгоҳи бузургро бо иқтидори 670 мегават бунёд намуд. Бунёди он бо кўмаку дастгирии Русия ҳам сурат гирифта бошад, ҳаҷми асосии корҳо маҳз аз ҷониби коргарону мутахассисони маҳаллӣ иҷро шуд.

Бо дастгирии шарикони эронии мо имрўз нерўгоҳи 220 мегаватаи Сангтўда – 2 низ бо суръат ва сифати баланд идома дорад ва то охири соли 2010 бояд навбати якуми он мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.

Сохтмони нерўгоҳҳои сершумори хурди обӣ низ дар таъмини истиқлоли энергетикии кишвар, хусусан дар таъмини деҳоти кўҳистон нақши муҳим мебозад. Танҳо дар соли 2009 бунёд ёфтани 50 нерўгоҳи хурд аз азми қавӣ ва талошҳои пайвастаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин роҳ гувоҳӣ медиҳад.

Сохта ба истифода дода шудани хатти 500 киловолтаи ҷануб – Шимол натанҳо ба кам кардани талафоти нерўи барқ боис шуд, балки вилояти Суғдро ба марказ ва ҷануби кишвар пайванд карда, Тоҷикистонро дорои шабакаи ягонаи энергетикӣ намуд.

Хатти 220 киловолтаи Лолазор – Хатлон низ аз дастовардҳои намоёни даврони рушди мустақили Тоҷикистон дар соҳаи энергетика аст.

Бо назардошти ин ҳама дастовардҳо, донишу малака ва таҷрибаи беназири Тоҷикистон дар соҳаи гидроэнергетика бо итминони комил  метавон гуфт, ки нерўгоҳи Роғун ҳам бунёд меёбад,  зеро ки ин ормони нек аз дили поки Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми шарифи Тоҷикистон ҷўш мезанад.

ҳар як шаҳрванде, ки муроҷиати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, аз саҳмияҳои нерўгоҳи Роғун харидорӣ мекунад, натанҳо дар таъмини ояндаи шукуфону дурахшони Ватани азизи худ шарафмандона саҳмгузор мешавад, балки дар ояндаи наздик аз фоидаи молии ин иншооти бузурги стратегӣ баҳраманд мегардад.

Боиси хушнудию сарфарозӣ аст, ки имрўз нерўгоҳи Роғун чун ғояи олии миллӣ тамоми табақаҳои аҳолии мамлакатро атрофи худ ва Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид сохтааст, аз ҷумла намояндагони сершумори тамоми ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва воситаҳои ахбори умумро.

Дар мавриди воситаҳои ахбори умум, мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони сершумори онҳо, ки рўзи 8 - уми декабри соли 2009 сурат гирифта буд, арзандаи зикри хос аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти стратегии нерўгоҳи Роғун ва дар ҳадди ҳаёту мамот барои Тоҷикистон қарор доштани онро ба намояндагони аҳли эҷоди кишвар, ки аксари онҳоро намояндагони воситаҳои ахбори умум ташкил медоданд, ба таври содда ва возеҳу равшан шарҳ дод, чунонки омўзгор ба шогирдони худ бо асбобҳои аёнӣ. Ин ҷо асбоби аёнӣ харитаи Тоҷикистон бо нақшаи иншооти гидроэнергетикии мавҷуда ва сохташаванда буд. Аз ин беҳтару соддатар ва оммафаҳм касе ин мавзўъро то он рўз шарҳ надода буд.

Дар соли 2009 суръати корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонии кишвар, сарфи назар аз таъсири бўҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ чандон коҳиш наёфт. Номбар кардани чанде аз ин тадбирҳои пурарзиш баҳри собит намудани ин нукта кофӣ аст:

Дар таърихи Тоҷикистон бори нахуст 1 миллиону 300 ҳазор тонна ғалла рўёнда шуд, ки ин ҳосили рекордӣ аст;

Нерўгоҳи обии Сангтўда-1 пурра ба кор даромад;

Сохтмони нерўгоҳи обии Сангтўда – 2 суръати бесобиқа пайдо намуд;

Бунёди нерўгоҳи азими Роғун бо қувваи худӣ авҷ гирифта, ба ғояи  миллӣ ва омили муттаҳидсози мардуми Тоҷикистон табдил ёфт;

Хатти 500 киловолтаи ҷануб – Шимол бо зеристгоҳҳои дар Осиёи Марказӣ беназираш ва 3 хатти 220 киловолта ба истифода супурда шуд;

Роҳҳои мошингарди байналмилалӣ ба чор тарафи дунё дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд;

Сохтмони маркази нави барқу гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе оғоз ёфт;

Нақби Шаршар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва ба навсозии роҳи мошингарди Душанбе – Данғара асос гузошта шуд;

Якчанд пулҳои азими мошингард дар водии Рашт ба кор даромаданд;

Бо ташкили мулоқотҳои сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон ва чорҷониба бо ҳамроҳшавии Президенти Федератсия Русия  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мақоми созандаи Тоҷикистонро дар сиёсати минтақавӣ собит намуд;

Бо суханрониҳои худ дар СММ, Форуми ҷаҳонии об ва конфронсҳои байналмилалии Женеваю Копенҳаген Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дурустии мавқеи Тоҷикистонро доир ба масоили об, энергетика ва экология дар сатҳи ҷаҳонӣ собит намуд;

Бо тадбирҳои Соли бузургдошти Имоми Аъзам Тоҷикистон дар олами Ислом нуфузи бесобиқа пайдо намуд;

Абдуфаттоҳ Шарифзода

Заровудин Сироҷов

 

 

 

 

 

 

 

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520