Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҷараёни машқҳои муштараки «Ҳамгироӣ - 2009»-и нерӯҳои муштараки зудамали созмони Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ

16.10.2009 18:00, Қазоқистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони дигар давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар машқгоҳи ҳарбии Матибулаки вилояти Ҷамбули Ҷумҳурии Қазоқистон як мулоқоти ғайрирасмӣ анҷом дода, аз ҷараёни машқҳои муштараки «Ҳамгироӣ - 2009» - и нерӯҳои муштараки зудамали созмони мазкур назорат намуданд.

Баҳри иштирок дар мулоқоти ғайрирасмӣ ва назорат аз рафти машқҳои муштарак ба Қазоқистон сарони давлатҳои Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон, Арманистон Серж Саргсян, Қирғизистон -– Қурмонбек Боқиев ва Федератсияи Русия - Дмитрий Медведев ва ҳачунин котибони шӯроҳои амният, вазирони мудофиа ва дигар намояндагони кишварҳои аъзои созмон ташриф оварданд.

Ба машқҳои мазкур, ки ҳадафи асосӣ аз онҳо ташкил ва гузарондани амалиёти махсуси муштарак аст, беш аз 7 ҳазор афсару сарбоз ва шумораи зиёди техникаи вазнини ҳарбӣ аз кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ҷалб шуда буд. Шумораи танҳо ҳавопаймою чархболҳои ба машқҳо ҷалбшуда ба 90 адад расид. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин машқҳо гурӯҳи фаврии ситодӣ аз Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар намояндагӣ карданд.

Дар машқҳо ҷузъутомҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохторҳои амният, корҳои дохилӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ғайра иштирок намуда, омодагии муштараки худро сайқал доданд.

Бояд хотиррасон намуд, ки нерӯҳои муштараки зудамал як сохтори навташкили Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ буда, омодагии амалии худро бори аввал дар ҷараёни ин машқҳои муштарак мавриди санҷиш ва сайқалдиҳӣ қарор доданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520