Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ва соли тамаддуни ориёӣ

25.01.2007 08:00, шаҳри Душанбе

Воқеан, соли 2006 аз нигоҳи фаъолияти пурсамари Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва нақше, ки ҳар як фарди баору номуси кишвар гузошт, соле буд басо арзишманду таърихӣ. Дар таърихи муосири миллати тоҷик ин сол пеш аз ҳама бо ҷашну чорабиниҳои фархундаи 15 - умин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон, соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, 2700-солагии шаҳри Кӯлоби бостонӣ ва анҷумани шашуми тоҷикону форсизабонони ҷаҳон сабт мегардад. Рӯйдоди таърихии дигаре, ки дар ин сол ба амал омад, дубора ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани роҳбари ғамхору фидокор ва сиёсатмадори варзидаи сатҳи ҷаҳонӣ Эмомалӣ Раҳмон буд.

Соли 2006 аз нигоҳи рушди иҷтимоию иқтисодӣ соли пурфайз ва бобаро буд. Дар  11 моҳи соли 2006 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба 8 милиарду 272 миллиону 900 ҳазор сомонӣ расид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2005 7 % зиёд аст. Сарфи назар аз он, ки нақшаи ҷамъоварии пахта дар соли 2006 дар маҷмӯъ ба андозаи 80 % иҷро шуд, ин ба болоравии ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ таъсири зиёди манфӣ нарасонд. Ин ҳолат пеш аз ҳама аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Тоҷикистон аз кишвари аграрӣ тадриҷан ба давлати дорои саноат, энергетика, бахши хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳои даромадноки иқтисодӣ табдил меёбад. Бо мақсади рушди иқтисодиёти бозорӣ, соҳибкории хусусӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ, ки асоси пешрафту инкишоф дар ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад, дар Тоҷикистон низоми андозу гумрук, тартиботи сарҳадӣ, тартиби гирифтани раводид ва умуман қонунгузории кишвар ба шароит ва талаботи нави иқтисоди ҷаҳонӣ мутобиқ гардонда шудааст.

 Натиҷаи ин сиёсат ва боварии ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, ки ҳоло дар Тоҷикистон ба маблағи умумии 4 миллиарду 617 миллион сомонӣ ё худ 1 миллиарду 358 миллион доллари амрикоӣ беш аз 50 лоиҳаи калони инвеститсионии давлатӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ татбиқ мегарданд. 89,6 % ин маблағҳо сармояи хориҷӣ аст, ки ин аз фазои мусоиди инвеститсионии кишвар гувоҳӣ медиҳад. Аз ин маблағҳо беш аз 475 миллион сомонӣ ё худ 140 миллион доллари амрикоӣ грантҳо буда, саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳамаи лоиҳаҳо зиёда аз 346 миллион сомонӣ ё худ 102 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Натиҷаи сиёсати дурусти иқтисодию инвеститсионӣ  аст, ки дар соли 2006 ҳаҷми лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар миқёси ҷумҳурӣ нисбат ба соли 2005 беш аз ду маротиба афзоиш пайдо кард. Аз сиёсати бобарори иҷтимоию иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарии дурандешонаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад, ҳамчунин нишондодҳои баланди дар Буҷети давлатии соли 2007 ба нақша гирифташуда гувоҳӣ медиҳанд.

Ҳаҷми умумии Буҷети давлатии соли 2007 ба андозаи 3 миллиарду 195 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ин нисбат ба соли 2006  48,3% зиёд аст.

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар соли 2007 мувофиқи дурнамо ба андозаи 9 миллиарду 550 млн. сомонӣ, болоравии ҳаҷми истеҳсолот бо ифодаи реалӣ 7,5 % ва дараҷаи таваррум 7 % ба нақша гирифта шудааст.

Дар лоиҳаи Буҷети давлатии соли 2007 барои соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ғайра 1 миллиарду 335 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ин 41% -и буҷетро ташкил дода, нисбат ба соли 2006 277 млн. сомонӣ ё 34 % зиёд аст. Танҳо барои соҳаи маориф 506 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2006 170 миллион сомонӣ бештар аст. Хароҷоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳаҷми 344 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2006 68 млн. ё худ 25 фоиз бештар мебошад.

Соли 2006 аз нигоҳи корҳои созандагию бунёдкорӣ низ басо соли хотирмони таърихӣ буд.  Дар доираи барномаю лоиҳаҳои стратегии рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва тадбирҳои 12 моҳи ободонӣ, ки ба истиқболи 15-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва ҷашнҳои ҳамрадифи он як сол қабл эълон гашта буд, сиёсати бунёдкоронаю созандагии Сарвари хирадманду бедордили давлат Эмомалӣ Раҳмон  ба авҷи баланди худ расид.

Лоиҳаи азнавсозии роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд-Бӯстон-Чанак бо сохтмони нақби Шаҳристон ва 6300 метр иншооти зиддитармавӣ,    бунёди хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқи «Ҷануб-Шимол» ва  нақби автомобилгарди Шаршар аз бузургтарин тадбирҳое мебошанд, ки татбиқи амалии онҳо бо ҷалби сармоя, мутахассисон ва техникаю таҷҳизоти Ҷумҳурии Мардуми Чин дар соли 2006 оғоз гардиданд.

Оғози расмии сохтмони нерӯгоҳи обии барқии «Сангтӯда-2», анҷоми даври аввали сохтмони нерӯгоҳи обии барқии Сангтӯда-1, яъне бо бастани маҷрои дарёи Вахш сар кардани бунёди дарғот ва аз роҳи тунелҳои обпарто ҷорӣ намудани об ва ҳамчунин анҷом додани корҳои асосӣ дар нақби автомобилгарди Истиқлол мисли лоиҳаҳою барномаҳои болотар зикргардида аз ҷумлаи тадбирҳоеанд, ки натанҳо барои Тоҷикистон, балки барои ҳама давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ аҳамияти бузурги стратегӣ доранд.

Ҳамчунин оғози фазаи дуюми таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе- Саритош аз ноҳияи Нуробод ба ҷониби ноҳияи Тоҷикобод ва  ифтитоҳи пули сеюми мошингарди байни Тоҷикистону Афғонистон дар болои дарёи Панҷ, ки дар ноҳияи Ишкошим бунёд ёфтааст, қадамҳои навбатӣ ва устувори Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар роҳи ба ҳам пайвастани минтақаҳо ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани Тоҷикистон аст.

Дар татбиқи тадбирҳои дорои аҳамияти минтақавӣ нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раиси анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон баръало эҳсос мегардад ва ин нуктаро ҳамзабонони бурунмарзии мо хуб дарк кардаанд.

Оғози расмии сохтмони меҳмонхонаҳои муосири панҷситорадорро дар шаҳри Душанбе метавон ибтидо гузоштани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба тадбирҳои муассиру ояндадор барои фароҳам овардани инфраструктураи ҳозиразамони туризм дар Тоҷикистон номид.  Дар пойтахти мамлакат ҳоло сохтмони чор меҳмонхонаи боҳашамат идома дорад, ки ҳамаи онҳо дорои ҳуҷраҳои хуштарҳу форам, толорҳои маҷлисӣ, утоқҳо барои мулоқотҳои расмӣ,  тарабхона, чойхона, қаҳвахона, маҷмааи дилхушӣ, марказҳои варзишию саломатӣ, ҳавзҳо, гармоба ва дигар толору утоқҳои зарурӣ хоҳанд буд.

Оғози расмии сохтмони корхонаи азими ресандагию бофандагӣ ва рангуборкунии матоъҳои пахтагин бо иқтидори  коркарди  8 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол идомаи тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи таъмини коркарди ҳарчи бештари нахи пахта дар дохили ҷумҳурӣ буда, ҳамчунин   аз афзоиш ёфтани воридшавии сармоя ва технологияҳои муосир гувоҳӣ медиҳад.

Ҳамчунин қобили тазаккур аст, ки давоми сол дар қаламрави ҷумҳурӣ садҳо иншооти иҷтимоӣ бо маблағгузории мутамаркази давлатӣ ва ҳамчунин аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва ё таҷдид карда шуданд. Аз ҷумла даҳҳо мактабҳои нави таҳсилоти ҳамагонию бемористонҳо ва дигар иншооти иҷтимоӣ сохта ба истифода дода шуд. Садҳо мактабу бемористонҳои дигар таъмиру тармим карда шуд. Даҳҳо хобгоҳҳои донишҷӯён, ки солҳои зиёд вайрону валангор буданд, аз ҷумла хобгоҳҳои духтарони донишҷӯ ятиму бепарастор ва духтарону писарони бо квотаҳои президентӣ дар муассисаҳои олии таълимӣ таҳсилкунанда аз нав тармиму таҷдид карда шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Тайи солҳои охир ва хусусан соли 2006 баъди таваққуфи тӯлонӣ сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ низ дубора оғоз шуд.  Зимни ифтитоҳи расмӣ ва мавриди истифода қарор додани яке аз ин биноҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ калиди хонаи чаҳорҳуҷрагиро ба волидони Фаридуни хурдакак, ки он рӯзҳо шаҳрванди рақами 7 миллионаи Тоҷикистон шуда буд, тақдим намуд. Басо хотирмон буд, ки шумораи аҳолии Тоҷикистон дар арафаи ҷашнҳои таърихии миллӣ ба 7 миллион нафар расид.

Як бинои нӯҳошёнаи истиқоматӣ дар мавзеи «Хуррамшаҳр»-и  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баъди анҷоми сохтмонаш ба муаллимони донишгоҳ тӯҳфа карда шуд, ки дар натиҷа  52 нафар омӯзгорон соҳиби хонаҳои нав шуданд.

Яке аз далелҳои татбиқи бобарори сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамчунин мавриди истифода қарор гирифтани беш аз  130 иншоот дар шаҳри Кӯлоб ва атрофи он буда сохтмони  онҳо дар доираи омодагӣ ба 2700-солагии ин шаҳри бостонӣ анҷом дода шуд. Аз нигоҳи таърихӣ ва эҳёи анъанаҳои шӯҳратманди меъмории ниёгон арзишмандтарини ин иншоот маҷмааи меъмории «2700-солагии Кӯлоб» буд. Дар санъати муосири меъмории Тоҷикистон ин муҷтамаъ ҳоло иншооти ягонаи фарҳангиест, ки бо дарназардошти дастовардҳои меъмории қадима ва бо тарҳи нав сохта шудааст. Дар доираи омодагӣ ба ин ҷашн ҳамчунин маҷмааи  атрофи оромгоҳи  олиму шоири орифи тоҷик Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ хеле ободу зебо карда шуд.

Рӯйдоди муҳимми дигар дар ҳаёти иҷтимоию фарҳангии кишвар ин мавриди истифода қарор гирифтани шабакаи сеюми телевизиони умумиҷумҳуриявӣ - муассисаи давлатии телевизиони кӯдакон ва наврасон «Баҳористон» буд, ки тӯҳфаи арзишманди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар арафаи идҳои фархундаи миллӣ ба насли навраси кишвар гардид.

Дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбон, пирону барҷомондагон ва ҳамчунин собиқадорони ҷангу меҳнат аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки бо ғамхорию сарпарастии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад.  Танҳо дар давоми соли 2006 Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ду маротиба аз таълимгоҳҳои кӯдакони ятиму бепарастор дидан кард. Қабл аз ташрифи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба мактаб-парваришгоҳи ятимону бепарасторони ноҳияи Шаҳринав техникаю таҷҳизоти компютерӣ, дигар ашёи хониш,  маводи зиёди хӯрокворӣ ва пӯшок ба тарбиятгирандагони ин таълимгоҳ расонда шуд.  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон воқеан ҳар дафъа ва ҳар замон собит месозад, ки ба қавли худ дар бораи он, ки ҳеҷ гоҳ  ятимону бепарасторонро дар танҳоӣ ва бенавоӣ намегузорад, устувор аст.

Дар ин мактаб-парваришгоҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини дахлдор дастур дод, ки баъди хатми мактаб низ аз тақдири духтарону наврасони бепарастор бохабар бошанд, то ки онҳо барои идомаи таҳсил ва ё ба ҳаёти мустақил қадам гузоштан аз имтиёзҳои давлату ҳукумат бархӯрдор бошанду дар кӯча намонанд. Ин пеш аз ҳама ба духтарони бепарастор дахл дорад, таъкид дошт Сарвари давлат. Моҳи августи ҳамин сол мо аллакай шоҳиди татбиқи амалии ин супориш гардидем. Дар арафаи оғози соли нави таҳсил се хобгоҳ барои донишҷӯдухтарон баъди таъмиру тармими асосӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки яке аз онҳо махсус ба духтарони ятиму бепарастори донишҷӯ дода шуд.  Чанд рӯз баъд аз ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳ ва ба истифода додани як бинои хона - интернати  Чорбоғ барои кӯдакони ноқисулақл  иштирок намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо кӯдакони  ноқисулақл сӯҳбатҳои ҷолибу хотирмон анҷом дода, ба онҳо ҳамчунин сару либос ва дигар тӯҳфаҳо тақдим намуд.

Бояд тазаккур дод, ки ин бино баъди сӯхторе, ки дар бинои собиқи хона- интернат моҳи январи соли 2006 рух дода, сабабгори фавти 13 нафар кӯдакони ноқисулақл гашта буд, бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳ аз таъмир бароварда шуд.

Дар моҳи шарифи Рамазон  бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  аз ҳисоби маоши шахсии ӯ ба оилаи Исматовҳо дар шаҳри Душанбе, ки чор фарзанди маъюб доранд, кӯмаки моддӣ расонда шуд.

Воқеан ҳар чаҳор фарзандони ин хонавода Сафармоҳ, Мирзомурод, Саймавҷуд ва Файзимоҳ гирифтори бемории устухоншикан буда, пойҳояшон аз нозукию беқувватӣ ҳар замон мешикананд.

Аз ҳисоби маоши шахсии Сарвари давлат барои хонаводаи онҳо як миқдор маводи ғизоӣ ва барои табобати кӯдакони маъюб 1600 доллари амрикоӣ пули нақд расонда  шуд, зеро ба андешаи табибон ин беморӣ табобатшаванда аст ва барои муолиҷаи онҳо маҳз ҳамин миқдор пул зарур аст, яъне 400 долларӣ барои ҳар яке.

Ин амали инсондӯстона ва саховатмандии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон   боиси тарғибу ташвиқи бисёр афроди баору номуси кишвар гардид, ки дар он моҳ кӯмакҳои зиёд ба эҳтиёҷмандон расонда шуд.

Ғайр аз ин дар арафаи рӯзи Ғалабаи Бузург бар фашизми гитлерӣ ба нафақаи ҳармоҳаи собиқадорони ҷангу меҳнат ва ҳамсарони қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-45 100 сомонӣ нафақаи Президентӣ зам карда шуд, ки боиси сипосу миннатдории собиқадорони ҷангу меҳнат шуд.

Амали дигари хайру савобе, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар арафаи 15-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва ҷашнҳои ҳамрадифи он анҷом дода шуд, ин хонадор кардани 250 ҷуфти ҷавонон аз оилаҳои камбизоат буд. Харидории ҷиҳози арӯсӣ, ашёи  рӯзгор ва хароҷоти тӯйи онҳо низ ройгон сурат гирифт.    

Самти дигари афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ислоҳот ва рушди бонизоми соҳаҳои маориф ва тандурустӣ аст.  

Мувофиқи лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2006 аз ҳаҷми умумии хароҷоти он 48 % ё худ 770 млн. сомонӣ барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ равона гашта буд. Аз ҷумла ба  соҳаи маориф 336 млн. ё 34 %буҷет пешбинӣ шуда буд, ки нисбат ба соли 2005 34,4 % зиёд аст, ба соҳаи тандурустӣ 106,5 млн. сомонӣ ҷудо гашта буд, ки аз маблағи соли 2005 22,6 % зиёд аст, маблағи пардохти нафақа нисбати соли 2005 22 % зиёд пешбинӣ шуда буд.

Чунонки болотар зикр намудем, натиҷаи ҳамин сиёсат буд, ки ин қадар иншооти зиёди соҳаҳои маорифу тандурустӣ дар соли 2006 бунёд ёфтаанд, ё тармиму таҷдид карда шуданд.

Аз таваҷҷӯҳи бевосита ва ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳа ҳамчунин боздиди пайвастаи ӯ аз ин муассисаҳо ва сӯҳбатҳои озоду самимӣ бо аҳли мактабу бемористонҳо гувоҳӣ медиҳад.

Самтҳои асосии сиёсати иҷтимоӣ ва ҳама ҷанбаҳои сиёсати дохилию хориҷии кишвар дар Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври бисёр мушаххас баён карда шуд.  Дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии аҳолӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ, ғамхорӣ ба табақаҳои камбизоат, идомаи ислоҳот махсусан дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, дар солҳои наздик таъмин намудани истиқлолияти энергетикии давлат, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон, таъмини амнияту истиқлолияти озуқаворӣ ва дар маҷмӯъ баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз ҳадафҳои дорои аҳамияти аввалиндараҷаи сиёсати дохилии давлат арзёбӣ гардиданд.

Идомаи стратегияи дарҳои кушода ва ҳамкорӣ бо ҳама кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, ки ба Тоҷикистон назари неку хайрхоҳона доранд ва дар ин замина боз ҳам  баланд бардоштани эътибору нуфузи байналмилалии кишвар аз ҳадафҳои асосии сиёсати хориҷии давлат дониста мешавад.

Дар давоми сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар ҷашну чорабиниҳои гуногуни сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ширкат намуд, ки ин аз ғамхорию таваҷҷӯҳи ҷиддии ӯ ба ҳайси Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар шаҳодат медиҳад.  Моҳи феврал дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон наваскарони отряди алоҳидаи таъиноти махсуси Гвардияи миллии Тоҷикистон савганди садоқат ёд карданд.

Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 6 феврал дар Кохи Ваҳдати пойтахт рӯзи милитсияи тоҷик ва 23 феврал дар Кохи Борбад рӯзи ташкилёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифта шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин дар иди касбии сарҳадбонони тоҷик иштирок намуд, ки ҳамаи ин аз таваҷҷӯҳи  Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муҳофизони Ватан ва таъминкунандагони рӯзгори осудаи мардум гувоҳӣ медиҳад. Дар ҳамаи ин чорабиниҳо нафароне, ки дар кору хидмати худ ба нишондодҳои намоён ноил гаридаанд, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои навбатии низомӣ ва тӯҳфаҳои арзишманду хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар машқгоҳи Лоҳур аз даври ниҳоии машқҳои муштараки ҳарбии ҷузъу томҳои Пойгоҳи низомии 201-уми Федератсия Россия ва донишҷӯёни Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ назорат намуда, ба масоили омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ, ҳамоҳангии омодагии муштараки ҳарбии ҷузъу томҳои низомии Тоҷикистону Россия ва вазъи рӯҳию маънавии муҳофизони Ватан таваҷҷӯҳ зоҳир намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар водии Рашт аз қисми низомии Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, ки камтар аз як сол пеш он ҷо бунёд ёфта буд, дидан кард. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ин қисми низомии навтаъсис бо шароити хидматию маишӣ ва заминаи моддию таълимии ҳайати шахсии он аз наздик шиносоӣ пайдо карда, барои муҳайё намудани тамоми шароити зарурии будубош ва таълиму тарбияи  ҳайати шахсии он ба масъулин дастуру ҳидоятҳо дод.

Пас аз таъсиси ҳайати нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсан иштирок намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон  дар маросими муаррифии роҳбарони нави вазорату идораҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ  ба ҳайати шахсии ин сохторҳо нишонаи таваҷҷӯҳи махсуси Сарвари давлат  ба ин соҳа мебошад.

Аз боби сафарҳои дохилӣ ёдовар шуда, бояд таъкид намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон давоми сол ду маротиба аз ноҳияҳои водии Ҳисор дидан кард. Зимни боздиди аввал Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар  хоҷагии деҳқонии Наҷмиддин Аюбови ноҳияи Шаҳринав ва хоҷагии деҳқонии «Ҳайдар Миров»-и ноҳияи Ҳисор нахустин донаҳои умедро корида, ба маъракаи кишти пахтаи онҳо оғоз бахшид, ки аз дилбастагӣ ва ҳавасмандии ӯ ба рушду нумӯи соҳа ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум гувоҳӣ медиҳад. Дар ҷараёни боздиди дуюми Сарвари давлат аз ноҳияи Ҳисор  маълум шуд, ин хоҷагиҳо аз файзи дастони Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон  аз аввалинҳо шуда, аз нақшаи ҷамъоварии пахта гузориш додаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни боздиди дуюм бештар ба дастовардҳои корхонаи зотпарварии «Баракат»- и ноҳияи Ҳисор таваҷҷӯҳ зоҳир намуд, ки дар он асосан гӯсфандҳои навъи ҳисорӣ ва говҳои зотӣ парвариш карда мешаванд. Дастовардҳои зотпарварони ин корхона, ки бо олимону мутахассисони соҳа дар алоқамандии зич фаъолият доранд, исбот менамоянд, ки ақидаи маъмулӣ дар бораи зараровар будани чорвои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон нодуруст аст.

Танҳо зикри он, ки дар ин ҷо ҳар рӯз аз 850 сар гови ҷӯшо аз 7 то 10 тонна шири дорои равғаннокии аз 3,6 то 4,2 % ба фурӯш бароварда мешавад, бори дигар ин фикрро таъйид кард.

Дар рафти боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз замини картошкаи кишти дубораи хоҷагии ба номи Ҳайдар Мирови ноҳияи Ҳисор маълум гардид, ки дар сурати самаранок ва бо истифодаи дурусти дастовардҳои илмию амалии агротехникӣ кор кардан дар заминҳои обии Тоҷикистон метавон ду ва зиёда ҳосил ба даст овард.

 Давоми сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ду маротиба ба вилояти Хатлон сафар кард, ки ҳадаф аз ин сафарҳо шиносоӣ бо ҷараёни корҳои рафъи офатҳои табиӣ буд. Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо  ҷараёни корҳои соҳилбандӣ шинос шуда, аз суръати кор изҳори норизогӣ намуд. Сабаби асосии кашолкорӣ нарасидани қувваи корӣ буд. Аз ин хотир бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон  дар кӯтоҳтарин муддат 3000 нафар коргар аз ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Фархор ва Восеъ ва якуним ҳазор сохтмончиёни низомӣ аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба ин ҷо сафарбар карда шуданд. Дар натиҷа корҳои соҳилбандӣ то мавсими баландшавии сатҳи дарё анҷом ёфта, такрори фоҷиаи тобистони соли 2005 пешгирӣ карда шуд.

Дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои заминларза, ки рӯзи 29 июли соли 2006 рух дода буд, шинос шуда, барои ҳарчи зудтар барқарор намудани хонаҳои мардум ба масъулин дастуру супоришҳои қатъӣ дод.  Қобили зикр аст, ки барои анҷом додани корҳои сохтмону барқарорсозӣ бо амру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат  аҳолии ин деҳот бо тамоми маводи сохтмонӣ, аз ҷумла, шағал, семент, тахта, шифер ба тариқи ройгон таъмин гаштанд.  Ғайр аз ин ба онҳо барои ҳарчи зудтар барқарор намудани хонаҳояшон 2 миллиону 705 ҳазор  сомонӣ пули нақд кӯмак карда шуд. Зарардидадагон ҳамчунин  бо маводи хӯрока ва қувваи кории ройгон аз ҳисоби хизматчиёни низомӣ таъмин гашта буданд. Дар натиҷа мувофиқи маълумоти 1 декабри соли 2006 аз 1087 хонаи пурра харобгашта сохтмони 343 тоаш комилан анҷом ёфта, бунёди дигар хонаҳо бо фаро расидани мавсими сармо қатъ гаштааст. Аз 1568 хонаи қисман харобгашта, 1178 хона пурра таъмиру барқарор карда шуд. Боқимона сокинони ин деҳаҳо бо хаймаҳои хуби қобили зиндагӣ таъмин гаштанд. Қисмати зиёди онҳо хоначаҳои хурди муваққатӣ бунёд кардаанд, ки то анҷоми пурраи хонаҳои асосиашон он ҷо иқомат мекунанд.

Зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози расмии бунёди туннели автомобилгарди Шаҳристон ва ду мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ дар ноҳияҳои Ғончию Ҷаббор Расулов, ба истифода додани бинои нӯҳошёнаи истиқоматии омӯзгорони Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд, ифтитоҳи Осорхонаи кишваршиносии вилоят ва чанд чорабиниҳои муҳимми дигар ширкат намуд.

Зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо асалпарварони  хоҷагии Абдуғаффор Самадови ноҳияи Ҷ. Расулов зикр гардид, ки  маҳз дар натиҷаи  таваҷчӯҳ ва ғамхории Сарвари давлат дар як соли охир соҳа ба пешравиҳои назаррас ноил шуд. Танҳо дар давоми  як сол шумораи  занбӯрпарварон дар вилояти Суғд аз 300 ба 325 хонавода ва оилаҳои  занбӯр аз 37 200 ба 40 000 оила расид. Ҳамчунин коркарди  саноатӣ ё худ дар зарфҳои  зебою замонавӣ ҷо намудани асал низ дар   муддати кӯтоҳ ба роҳ  монда шуд.

Дар пайравӣ ба ташаббусҳои арзишманди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ҳамчунин намоишгоҳи гулҳо ташкил дода шуд, ки таҷассумгари ахлоқу одоби нек ва зебоипарастии мардуми мо аст. Дар ин намоишгоҳ зиёда аз 50 намуди гул, навъҳои гуногуни ниҳолҳои ороишию декоративӣ ва тарзи оростани гулгашту гулистонҳо ба намоиш бароварда шуд.

Аз ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон   дар соли 2006 иштирок ва тарғибу ташвиқи бевоситаи ӯ дар ҳашарҳои умумихалқии ниҳолшинонӣ аз ҳама хотирмон буд.

Баъди иштироки бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон  дар ҳашари ниҳолшинонии майдони назди Қасри Миллат, боғи намунавии дарахтони мевадиҳанда дар мавзеи Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ ва дар боғи 15-солагии истиқлолияти Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳисор ин ташаббус дар тамоми ҷумҳурӣ доман паҳн кард.  Дар натиҷаи ин ва татбиқи амалии Барномаи давлатии боғутокпарварӣ танҳо дар соли 2006 ҳазорҳо гектар боғу токзор барқарор ва ё аз нав бунёд карда шуд.

Дар ҷараёни сафари корӣ ба ВМКБ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросимҳои ифтитоҳи пули сеюми мошингарди байни Тоҷикистону Афғонистон дар ноҳияи Ишкошим, як мактаби таҳсилоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва маркази бемориҳои дил дар шаҳри Хорӯғ иштирок намуд. Бояд тазаккур дод, ки сохтмони маркази бемориҳои дил дар шаҳри Хорӯғ ҳанӯз соли 1988 анҷом ёфта, муддати 18 соли оянда бекор ва дар ҳолати ногувор қарор гирифта буд. Танҳо аз соли 2005 баъди бо супориши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷудо гаштани 2,5 миллион сомонӣ бино аз нав таъмиру тармим карда шуда, бо маблағи 611 ҳазор сомонии дигар бо таҷҳизоти муосири муоинаю табобат таъмин гардид.

Ташаббуси муассири дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин эълон намудани «Рӯзи миллии дав»  ва иштироки бевоситаи ӯ дар ин рӯз буд. Ин тадбири умумиҷумҳуриявиро Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон шахсан оғоз намуда, бо як қатор аъзои Ҳукумати мамлакат, кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, як гурӯҳ варзишгарони шинохтаи  мамлакат ва фарзандону наберагонаш баробари ҳамаи ҷавонон аз қароргоҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то майдони Дӯстӣ ва баъд то меҳмонхонаи Вахш давида, масофаи беш аз  панҷ километрро бо нишони тарғибу ташвиқи бевоситаи тарзи ҳаёти солим тай намуд.  Ғайр аз ин пайваста машғул шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо дигар навъҳои варзиш ҳам аз ҷумла футбол, тенис ва ғайра  боиси тарғибу ташвиқи ҷавонон ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим гаштааст. Ин аст, ки дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалию минтақавӣ сол то сол беҳтару бештар мегарданд.

Ба шарҳи сафарҳои хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2006 шурӯъ намуда, гуфтан мумкин аст, ки фаъолияти Сарвари давлат дар ин сол бо чанд сафари хориҷӣ оғоз ёфт, ки барои кишвари мо аҳамияти зиёд доштанд.

Дар маҷмӯъ сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистонро дар соли 2006 метавон бобарору пурсамар арзёбӣ кард.

Нахустин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2006  ба Ҷумҳурии Исломии Эрон рост омад.  Ҳадафи асосии ин сафар рушду густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва таҳкиму тавсиаи заминаи қарордодию ҳуқуқии муносибатҳои байни ду кишвар буд.

Зимни мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод, Роҳбари муаззами Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Алии Хоманеӣ ва дигар шахсиятҳои воломақоми ин давлат ва умуман дар ҷараёни ин сафар дар муносибатҳои ҳамкории байни ду кишвар марҳилаи нав оғоз ёфт. Бо иштирок ва дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод 8 санади муҳимми ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар натиҷа мӯҳлати бозпардохти қарзи Тоҷикистон ба Эрон, ки 25  миллион доллари амрикоӣ аст, дароз карда шуд. Дар иртибот ба оғози сохтмони нерӯгоҳи обии барқии «Сангтӯда-2» ва дигар ҳамкориҳои энергетикӣ то охир мувофиқа карда шуд.

Оғози расмии сохтмони нерӯгоҳи обии барқии «Сангтӯда-2» яке аз натиҷаҳои намоёни ин сафар буд.

Ҳамчунин сафари расмии ҷавобии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажодро ба Тоҷикистон, ки дар соли 2006 сурат гирифт, натиҷаи ҳамон сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кишвари Эрон буд. Зимни сафари ҷавобии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод дар маросими анҷоми корҳои асосии туннели мошингарди Истиқлол иштирок намуданд, ки ин ҳама натиҷаи ҳамкории босамари ду кишвари дӯсту дорои забону фарҳанги муштарак аст.

Дар ҷараёни сафари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба Тоҷикистон, ки дар рӯзи дуюм  ба он Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай бо сафари расмии ҷавобии худ ҳамроҳ шуд, бештар масоили ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи сеҷониба ва минтақавӣ баррасӣ гардиданд. Лоиҳаҳои стратегии Тоҷикистон ба мисли бунёди нерӯгоҳҳои хурду бузурги обии барқӣ, хатҳои  баландшиддати интиқоли нерӯи барқи «Тоҷикистон-Афғонистон-Покистон», «Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон», дар дохили Тоҷикистон хатҳои «Шимол-Ҷануб» ва «Лолазор-Хатлон»,  пулҳои азими мошингард дар болои дарёи Панҷ, таъсиси телевизиони муштараки мардумони Тоҷикистону Эрон ва дигар лоиҳаҳо аз ҷумлаи онҳо буданд.

Ҳар се ҷониб оид ба ҳамкориҳои босамару судбахш дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, истеҳсол ва интиқоли нерӯи барқ ба Покистон ва дигар кишварҳои минтақа ва ҳамчунин оид ба ҳамкориҳои фарҳангии се кишвари ҳамзабон ба мувофиқа омаданд, ки ба имзо расидани чор санади муҳимми сеҷониба далели он аст. Бояд таъкид дошт, ки нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни ин чорабиниҳо ба ҳайси ташаббускори ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи минтақавӣ баръало эҳсос мегардид.

Соли 2006 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ҳамчунин ба Ҷумҳурии Туркия рафт.

Ин сафарро низ метавон бобарору пурсамар маънидод кард. Истиқболи бошукӯҳ ва баъди анҷоми мулоқотҳои расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо  Президенти Ҷумҳурии Туркия Аҳмад Неҷет Сезар ба имзо расидани 6 санади қарордодию ҳуқуқии ҳамкории ду кишвар аз ин гувоҳӣ медиҳад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Анқара бо як гурӯҳ соҳибкорон ва тоҷирони  бонуфузи  Ҷумҳурии Туркия мулоқот анҷом дод, ки дар ҷараёни он ва мулоқотҳои дигар бо соҳибкорону тоҷирон барои ҳамкориҳои босамар дар сатҳи соҳибкорони ду кишвар заминаи боэътимод гузошта шуд.

Оғози расмии сохтмони як меҳмонхонаи панҷситорадор дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе ва корхонаи азими ресандагию бофандагӣ ва рангуборкунии матоъҳои пахтагин бо иқтидори  коркарди  8 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол аз ҷумлаи самараҳои намоёни ҳамин сафар буд.

Ҳоло дар Тоҷикистон наздики 40 ширкати туркӣ фаъолият мекунанд, ки бо дарназардошти рушди минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ иштироки  сармояи Ҷумҳурии Туркия дар мамлакати мо боз ҳам афзун хоҳад шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қунияи Ҷумҳурии Туркия марқади Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро зиёрат  намуд, ки нишонаи эҳтирому дилбастагии ӯ ба фарҳангу маънавиёти миллию динии мардуми тоҷик аст.

Дар давоми сол як сафари расмӣ ва се сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон сурат гирифт. Дар ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон барои густариш додани муносибатҳои барои ҳарду ҷониб манфиатбахш заминаи боэътимод гузошта шуд.

Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев зимни мулоқот бо Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз инкишофу пешрафти босуръати Тоҷикистон изҳори хушнудӣ карда, таъкид дошт, ки давлати Қазоқистон аз рушди босуботи кишвари мо дастгирӣ хоҳад кард. Бо иштирок ва дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев 7 санади муҳимми ҳамкории байнидавлатӣ ва байниидоравӣ ба имзо расид.

Натиҷаҳои ин сафарро аз чанд чиҳат метавон пурсамар маънидод кард. Аввал ин ки барои иштироки сармояи пурғановати Қазоқистон дар иқтисодиёти Тоҷикистон роҳи васеъ кушода шуд. Мушкилоти муҳоҷирону шаҳрвандони Тоҷикистон дар Қазоқистон аз байн бардошта шуд. Масоили ҳамлу нақл ва транзит осон гардонда шуд. Дар муассисаҳои олии таълимии Қазоқистон барои донишҷӯёни тоҷик сад ҷой ҷудо гардид. Барои тайёр кардани кадрҳои низомии сарҳадбонӣ ва таъмин намудани ҷумҳурии мо бо ғалла ва маводи сӯхту молиданӣ санадҳои зарурӣ ба имзо расиданд.

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро  ба шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардуми Чин метавон аз ҳама сафари пурсамари хориҷӣ дар соли 2006 номид. Зимни ин сафар баъди мулоқоти дуҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардуми Чин Ху Тсзинтао се санади  нави ҳамкории судбахши ду кишвар ба имзо расид. Аз ҷумла татбиқи амалии дутои онҳо, яъне Қарордод дар бораи сохтмони  роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанак ва Созишнома дар бораи  сохтмони  хатти баландшиддати  500 киловолтаи  интиқоли нерӯи барқ «Шимол-Ҷануб» дере нагузашта расман оғоз гардид ва имрӯзҳо корҳо дар ин иншоот муташаккилона идома доранд.

Созишномаи сеюм дар бораи сохтмони хатти баландшиддати  220 киловолтаи интиқоли  нерӯи барқ «Лолазор-Хатлон» буда, арзиши умумии ҳар се лоиҳа  639 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, дар доираи имтиёзоти дарозмуддат аз худ карда мешаванд. Бояд тазаккур дод, ки мувофиқати ду ҷониб дар бораи ин масоил дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ба даст омад.

Дар ҷаласаи мазкур иштироки Сарони ҳамаи давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, роҳбарони давлатҳои Афғонистон, Муғулистон, Покистон, Эрон, Ҳиндустон ва як қатор созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва ҳамчунин  баррасӣ гаштани масъалаҳои глобалии сайёра нишонаи  болоравии обрӯю нуфуз ва нақши Созмони ҳамкории Шанхай дар арсаи ҷаҳонӣ маънидод гардид.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон Созмони ҳамкории Шанхай дар давоми солҳои фаъолияташ ба як ташкилоти бонуфузи таҳкимбахши фазои боварӣ, ҳусни ҳамсоягӣ ва ҳамкории гуногунҷабҳаи минтақавию ҷаҳонӣ табдил ёфта, ин созмон қодир аст, то дар ҳифзи манфиатҳои давлатҳои аъзои он ва ҳаллу фасли мушкилоти ҷаҳонӣ нақши муҳимму назаррас  дошта бошад.

Нахустин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ба Ҷумҳурии Ҳиндустон дар рушди муносибатҳои гуногунсамти ду кишвари дӯст нақши таърихӣ гузошт.  Ин сафар бо зиёрати оромгоҳи  шоири шаҳири адабиёти  орифонаи тоҷик Мирзо Абдулқодири Бедил, ки дар мавзеи  «Боғи Бедил» дар шаҳри  Деҳлӣ қарор дорад, оғоз ёфт. Дар ин ҷо аз номи Тоҷикистон санги ёдгории бо забонҳои  тоҷикӣ, ҳиндӣ, англисӣ ва бо ҳуруфоти форсӣ ҳаккокишуда гузошта шуд.  Дар мавзеи хушманзараи  «Боғи Бедил»  маҳфили мушоара – бедилхонон баргузор гашт, ки дар он шоирону бедилхонони маъруфи Тоҷикистону Ҳиндустон ширкат намуданд.  Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  бо як шукӯҳу шаҳомати хоссаи сафарҳои  давлатӣ дар назди қасри «Раштрапати Бҳаван» - и Президенти Ҳиндустон дар маркази шаҳри Деҳлӣ баргузор гардид. Мулоқотҳои самимӣ ва доманадори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Ҷайнулобидин Абдул Қалам, Сарвазири ин кишвар Манмоҳан Синкҳ ва шахсиятҳои маъруфе, ки дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятии ин кишвари афсонавӣ нақши асосӣ доранд ва ҳамчунин ба имзо расидани 5 санади  ҳамкорӣ аз натиҷаҳои пурарзиши ин сафар мебошанд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин  дар Деҳлӣ бо доираи васеи соҳибкорону саноатчиён ва тоҷирони Ҳундустон  ва дар шаҳри Ҳайдаробод бо роҳбарият ва аҳли заҳмати корхонаи азими «BHEL», ки аз бузургтарин коргоҳҳои истеҳсоли турбогенератор,  трансформатор ва дигар таҷҳизоти  энергетикӣ дар ҷаҳон аст, мулоқотҳо анҷом дода, барои ташкили ҳамкориҳои пурсамар дар сатҳи соҳибкорону тоҷирон қадамҳои арзишманд гузошт. Умуман дар ҷараёни ин сафар барои таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкориҳои байни ду кишвар заминаи боэътимод гузошта шуд. Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Сочии Федератсияи Россия, ки ҳадафи асосии он иштирок дар Ҷаласаи  ғайринавбатии Шӯрои  байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Евразия буд, нақши муҳим гузошт. Мавзӯҳои асосии муҳокимаи сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Евразия дар шаҳри Сочи анҷом додани ҷараёни ташкили Иттиҳоди Гумрукӣ, Фазои ягонаи иқтисодӣ ва ташкили бозори умумии энергетикӣ буд.

Пешниҳоди асосии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба ташкили бозори умумии энергетикӣ ин буд, ки бояд таҷдиду таъмири системаи мавҷудаи  энергетикӣ ва бунёди  иншооти  нави ин соҳа аз ҳадафҳои  асосии он бошад, зеро ки бе зиёд намудани иқтидорҳои истеҳсолӣ бозори умумии энергетикии мо фоидабахш нахоҳад шуд. Баъди анҷоми ин ҷаласа дар майдони васеи назди вокзали баҳрии шаҳри Сочи намоишгоҳи  бошукӯҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва  саноати хӯроквории Тоҷикистон баргузор гашт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин  ва сарони дигар кишварҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Евразия Нурсултон Назарбоев, Қурмонбек Боқиев, Ислом Каримов, Раиси ҳукумати Федератсияи Россия Михаил Фрадков ва ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Арманистон Роберт Кочерян ва Сарвазири Ҷумҳурии Украина Виктор Янукович, ки ба ҳайси нозир дар мулоқоти ғайрирасмӣ иштирок доштанд,   ба  намоишгоҳ ташриф оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар намоишгоҳ  таъкид дошт, ки чунин намоишгоҳ дар доираи Иттиҳоди иқтисодии Евразия бори нахуст гузаронида  мешавад ва изҳори умед намуд, ки чунин чорабиниҳо ба вусъати дӯстию рафоқати анъанавии мардумони қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мусоидат мекунанд. Ба фазои идонаю фараҳбахши  намоишгоҳ ҳамчунин суруду мусиқӣ ва рақсҳои  ҷолиби ҳунармандони маъруфи Тоҷикистон шукӯҳу шаҳомати  хос зам намуданд.

Шодию нишоти  мардумро аз ин намоишгоҳ, ки ба як базмгоҳи дӯстию рафоқат табдил ёфта буд, ҳадду канор набуд. Ба назар чунин мерасид, ки гӯиё мардум солиёни зиёд аз замони  пош хӯрдани  Иттиҳоди Шӯравӣ баргузории  чунин чорабиниҳоро, ки боиси наздикшавии  халқҳо мегарданд, мунтазир буданд.

Ғайр аз ин дар давоми сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия дар ҷаласаи навбатии  Шӯрои Байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Евразия, дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус дар ҷаласаҳои навбатии Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Евразия, Шӯрои амнияти дастаҷамъии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки дар як рӯз сурат гирифтанд ва бори дигар дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони кишварҳои аъзои ИДМ иштирок намуд.

Як ҷаласаи дигари ғайринавбатии Шӯрои Сарони кишварҳои аъзои ИДМ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар давлатҳо дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид.

Дар давоми сол пойтахти кишвари мо якчанд маротиб маркази баргузории чорабиниҳои минтақавию байналмилалӣ ва байнидавлатӣ буд, ки ҷаласаҳои Сарони ҳукуматҳои (сарвазирони) кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Сарони ҳукуматҳои (сарвазирони) давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар маҷлису конфронсҳои бонуфуз аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Ҳамчунин шахсиятҳои воломақоми давлатҳои шарқу ғарб ва созмонҳои байналмилалӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд, ки бешубҳа аз болоравии нуфузи байналмилалии кишвари мо шаҳодат медиҳад. Аз ҷумла ташрифи муовини Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид доир ба масоили сиёсӣ Иброҳим Гамбарӣ ва баҳои баланди ӯ ба ҷараёни демократикунонии ҷомеаи Тоҷикистон далели возеҳи ин гуфтаҳост.

Танҳо соли 2006 ду маротиба ба Тоҷикистон ташриф овардани муовини Котиби давлатии ИМА Ричард Баучер, ташрифи собиқ вазири мудофиаи ИМА Доналд Рамсфелд, ташрифҳои вазири дифои Фаронса хонум Мишел Алиё Мари дар баробари дигар нуктаҳо ҳамчунин аз саҳми намоёни кишвари мо дар доираи эътилофи байналмилалии зиддитеррористӣ шаҳодат медиҳад.

Соли 2006 саршор аз ҷашну чорабиниҳои бузурги идона буд, ки фархундатарини онҳо 15-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, 2700-солагии Кӯлоб ва анҷумани шашуми тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон маҳсуб мешавад.

Дар арафаи 8 март бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ҷамъомади тантанавии бахшида ба рӯзи байналмилалии занон  баргузор шуд.

Бояд таъкид кард, ки аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа таваҷҷӯҳи ҷиддӣ ва ҳамешагӣ сурат мегирад. Имрӯз иҷрои беш аз 15 % вазифаҳои масъули давлатӣ ба зиммаи занон вогузор шуда, 24 % хизматчиёни давлатӣ бонувон мебошанд. Имрӯз дар ҳайати нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони идораҳои назди Ҳукумат 4 нафар  занон фаъолият мекунанд. 

Ҳар сол дар арафаи Наврӯзи оламафрӯз баргузор гаштани мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони зиёиёни мамлакат ба ҳукми анъана даромадааст. Мулоқоти навбатӣ аз ин силсила рӯзи 18 март дар бинои Кохи Ҷомии пойтахт баргузор шуд.

Дар ҳар мулоқот зиёиёни кишвар қаноатмандии худро аз сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  изҳор медоранд.

Дар ҷараёни ин мулоқотҳо масоили мубрами ҷомеа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, оид ба рафъи камбудию нуқсонҳои ҷойдошта чораҳои судбахш андешида мешаванд. Наврӯзи умумиҷумҳуриявӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни ҳавлии амфитеатр, воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт баргузор гардид.  Дар базмгоҳи наврӯзӣ бо 12 сутуни азим 12 моҳи солшумории ориёӣ ифода ёфта, назди ҳар яки он нишона ва ё неъматҳои моддии ҳамон моҳу фасли сол аз маҳсули дасти заҳматкашон ба маъраз гузошта шуда буд. Намояндагони маҳофили иҷтимоии пойтахт аз ҳама ноҳияҳои шаҳр, ҳунармандону косибон, омӯзгорону хонандагон, гурӯҳҳои ҳунарии касбию ҳаваскор аз ҷумлаи пиру ҷавон ҳар яке ба ин базмгоҳ бо дастовезе  омада буд, ки маҳсули дастони пурҳунар ва заковату фаросати онҳо дар ин ҷо  як намоишгоҳи бузурги дастовардҳои хоҷагии халқи кишварро мемонд. 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзро бузургтарин ва муқаддастарин оини ниёгон ва нишонаи пирӯзии равшанӣ бар торикӣ, некӣ бар бадӣ, оғози фасли баҳору шукуфоӣ ва мавсими оғози кору пайкори созандагӣ арзёбӣ намуд.

Тантанаҳои ҷумҳуриявии бахшида ба рӯзи Ваҳдати Миллии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Рашт баргузор шуд, ки ин боиси шодию сарфарозии беандозаи сокинони ин минтақа гардид.

Дар ноҳияи Рашт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст парда аз болои нимпайкараи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Нусратулло Махсум бардошта, ин рӯйдодро ҳамчун поси хотираи неки ин марди фидокор ба  мардуми Тоҷикистон табрику таҳният гуфт. Ҳамон рӯз бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фарзандони сарсупурдаи миллати тоҷик Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи давлату давлатдорӣ ва хатарҳое, ки  аз умқи таърих ба бақои давлату миллат таҳдидҳо менамудаанд, ёдовар шуда, саҳми  фарзонагони миллати тоҷик Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Чинор Имомов  ва ғайраро дар садаи 20 мелодӣ бузургу арзишманд маънидод кард. Президент Эмомалӣ Раҳмон устувор гардондани пояҳои давлатдории миллӣ ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани Ватани ободу пешрафтаро вазифаи ҷонии ҳар як фарди огоҳу ватандӯст таъкид кард. Чорабиниҳои идонаи рӯзи Ваҳдати миллӣ ба тантанаҳои сулҳу осоиш ва фазои созандагию бунёдкорӣ табдил ёфт. Иди ваҳдати миллии соли 2006 бо шукӯҳу шаҳомати хоссаи худ дар хотираи  мардуми Раштонзамин ва ҳама Тоҷикистон то дер нақш хоҳад баст.

Оғози чорабиниҳои марказӣ бахшида ба 15-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, 2700-солагии Кӯлоб ва анҷумани шашуми тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон дар Маҷмааи давлатии Кохи Борбади пойтахт бо ҷамъомади тантанавии идона баргузор шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқлоли давлатиро оғози эҳёи давлатдории миллии мо дар фазои комилан нави сиёсӣ  ва соли бузургдошти тамаддуни ориёию 2700-солагии Кӯлобро баёнгари возеҳи таърихи ҳазорсолаҳои дури тоҷикон маънидод кард. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи асосиро аз таҷлили Соли тамаддуни ориёӣ танҳо як назари тозаву холисона ба фарҳанги қадимаи миллати худ ва кӯшиши ошноии амиқтар бо решаҳои таърих ва тамаддуни  гузаштаамон арзёбӣ карда, афзуд, ки «ин иқдоми мо ягон ғарази сиёсӣ ё идеологӣ надорад”.

Дар рӯзҳои ҷашни Истиқлол боз якчанд чорабинии таърихиву фарҳангиро таҷлил намудан дар Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст ва ин воқеан ба фазои идонаи он шукӯҳу шаҳомати бештар зам мекунад.

Ҷашнҳои Соли тамаддуни ориёӣ ва 2700-солагии шаҳри Кӯлоб дар рушди ин анъана нақши босазо гузоштанд ва Анҷумани шашуми тоҷикону форсизабонони ҷаҳон боис шуд, ки тантанаҳои фаромӯшнопазири 15- солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро мо бо ҳамватанону ҳамзабонони бурунмарзиамон якҷо таҷлил намоем.

Таҷлили бошукӯҳу хотирмони 15 - умин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва ҷашнҳои ҳамрадифи он гомҳои навбатӣ ва устувори Сарвару пешвои миллат ва эҳёгари оини шӯҳратманду оламшумули ниёгон Эмомалӣ Раҳмон ва кулли мардуми бофарҳангу шарафманди Тоҷикистон дар роҳи таҳкими ваҳдати миллӣ,  устуворгардонии появу асосҳои давлатдорӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва эҳсоси ифтихору сарфарозӣ   аз давлату миллати худ буд.

Дар арафаи ҷашнҳои мазкур мақолаи навбатии илмию таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зери унвони «Арзишҳои ориёӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ» дар рӯзномаи Ҷумҳурият ба табъ расид, ки он идомаи мақолаи дигари Эмомалӣ Раҳмон  «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» ё худ «Андешаҳо дар остонаи Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ» буд.

Китоби сеюми Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон «Аз ориён то Сомониён» аз силсилаи китобҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих», ки он рӯзҳо аз чоп баромад, тӯҳфаи сазовору гаронмояи Сарвари давлат ба мардуми шарафманди Тоҷикистон дар остонаи тантанаҳои пурифтихори миллӣ гардид.

«Мо кистем, аз куҷоем ва дар кадом дудмон сабзидаем? Нахустаҷдодамон киҳо буданд, аз куҷо омадаанд ва дар кадом марзу бум ошён доштанд.»

Ба ин ва суолҳои зиёди дигар оид ба таъриху тақдири пур аз шебу фарози ниёгони фарҳангдӯсту фарҳангофари мо дар ин китобу мақолаҳо посухҳои дақиқу илман асоснок метавон пайдо кард.

Дар арафаи ҷашнҳо як китоб-албом ва ҳафт китоби дигар оид ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нашр гардид, ки аз ҷониби Хадамоти матбуот  ва Котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чоп омода шуд буданд.

Дар китоб-албоми «Эмомалӣ Раҳмон Президенти мо!» ва ҳафт  китоби дигар, ки зери унвонҳои «Эмомалӣ Раҳмон – наҷотбахши миллат»,  «Эмомалӣ Раҳмон – поягузори Сулҳ ва Ваҳдати миллӣ», «Эмомалӣ Раҳмон – оғози марҳилаи созандагӣ», «Эмомалӣ Раҳмон: соле, ки ба қарнҳо баробар аст»,  «Эмомалӣ Раҳмон: соли фарҳанги оламгир» ва «Эмомалӣ Раҳмон: соли тамаддуни ориёӣ» ба чоп расиданд, фаъолияти бисёрҷабҳаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаҳду талошҳои беназири ӯ баҳри аз вартаи фано наҷот додани давлати ҷавони тоҷикон,  дастовардҳои 15 соли истиқлолият дар роҳи устувор гардондани пояҳои давлатдории миллӣ ва ҳар рӯзи фаъолияти Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябри соли 1992 то рӯзҳои мо бо маълумотҳои дақиқу мустанад ва аксҳои рангоранги дорои аҳамияти таърихӣ инъикос  ёфтаанд.

Ҳамон рӯзҳо ҳамчунин маҷмӯи суханронию мақолаҳои илмию публитсистии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мусоҳибаҳои ӯ бо намоянадагони воситаҳои ахбори умум ва маводи гаронбаҳо дар ҳаҷми 5 ҷилд китоб бори аввал бо забони русӣ нашр гардид. Дар китобҳои мазкур ҷамъи суханронию мақолаҳои илмию публитсистии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мусоҳибаҳои ӯ бо намоянадагони воситаҳои ахбори умум ва дигар маводи аслии дорои аҳамияти таърихию таҳлилӣ аз 19 ноябри соли 1992 то 5 ноябри соли 2004 ба дастраси хонандагон қарор гирифт.

Ҳамаи ин китобҳо дорои аҳамияти бузурги таърихӣ буда зери назари академик Талбак Назаров омода гардиданд. Китобҳо  барои табақаи гуногуни хонандагон, аз ҷумла олимону муҳаққиқон, аспирантону донишҷӯён ва кулли ҳаводорони таърихи Тоҷикистони ҷавону шукуфон тавсия мешаванд.

Аз рӯйдодҳои басо муҳим ва тақдирсози соли 2006 ҳамчунин интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки дар фазои орому осуда, бо дилгармию фараҳмандии мардум, риояи талаботи ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ва бо овоздиҳии озоду шаффофи шаҳрвандон ҷараён гирифт.  Мувофиқи маълумоти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 79,3% овозҳои шаҳрвандон аз нав ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, ки ин нишонаи боварию эътимоди мардум ба сиёсати пешгирифта ва роҳбарии дурандешонаи ин фарзанди фидокори миллати тоҷик аст.

Маросими расмии ба иҷрои вазифа шурӯъ намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 18 ноябр бори нахуст бо дарназардошти тамоми меъёрҳои ҳуқуқию таърихӣ баргузор гардид.  Бахши асосии ин чорабинӣ дар фазои тантанавӣ ва бо шукӯҳу шаҳомати хосса дар Кохи «Сомон»-и Бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сохтмонаш дар арафаи ин рӯзи таърихӣ ба анҷом расид, баргузор шуд. Бинои Кохи «Сомон» бо омезиши меъёрҳои меъмории бостонӣ ва муосири олами Шарқу Ғарб ва бештар бо такя ба нозукиҳои санъати шӯҳратманди меъмории ниёгонамон бунёд ёфтааст.

Маросими ба иҷрои вазифа шурӯъ намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо супурдани Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт.

Қобили тазаккур аст, ки бо таҳия ва мавриди истифода қарор додани Нишон ва Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ду оини бостонию шӯҳратманди давлатдории ниёгонамон эҳё карда шуд. Онҳо имрӯз рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ифодаи ҳокимияти президентӣ дар кишвари мо мебошанд ва тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» пас аз ҳар як интихобот аз Президент ба Президенти нав интихобшуда боқӣ мемонанд.

Президенти аз нав интихобшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аъзо ва вакилони ҳарду палатаи Парлумони ҷумҳурӣ,  аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат ва намоядагони аҳли ҷомеа савганди садоқат ёд кард.

Бо нимтаъзим бӯсидани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам аз рукнҳои маросими савганд ва ҳам ифодаи эҳтирому садоқат ба рамзҳои давлатии Тоҷикистон аст. 

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ таъмини амният ва истиқлолияти озуқавории кишвар, истиқлолияти энергетикӣ, раҳо намудани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, рушди афзалиятноки саноат, хусусан саноати сабук, хӯрокворӣ ва коркарди маъданҳо, густариши фаъолияти сармоягузорӣ ва соҳибкории хурду миёна, такмил додани сиёсати буҷету андоз ва пулию қарзӣ, идомаи ислоҳоти идораи давлатӣ бо роҳи ташкили хизмати давлатии касбӣ, ташаккули сохтори куллан нави идораи иқтисодиёт, такмили тартиби ҷобаҷогузории кадрҳо дар асоси салоҳияти касбӣ, бартараф намудани такрори вазифаҳо дар мақомоти гуногун, баланд бардоштани самаранокӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатии марказӣ ва маҳаллӣ, пурзӯр намудани мубориза бар зидди коррупсия ва ришвахӯриро аз ҷумлаи вазифаҳои стратегии марҳилаи нави давлатдорӣ арзёбӣ кард.

Дурнамои сиёсати хориҷии кишварро Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон чунин маънидод кард: «дар марҳалаи навини созандагии таърихӣ мо сиёсати «дарҳои кушода» ва прагматикии худро собитқадамона идома хоҳем дод. Мазмуни аслии он ҳамкории судманд ва беғаразона бо ҳама давлатҳои ҷаҳон аст».

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мақсаду мароми аслии тамоми чорабиниҳо ва барномаҳоро   пеш аз ҳама баланд бардоштани сифат ва сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон  арзёбӣ кард. Савганде, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар охири нутқи худ ёд кард, баёнгари покии дасту дил ва ниятҳои неку бузурги ӯ баҳри рушду нумӯи минбаъда ва таъмини парвози баланди давлати ҷавону ояндадори Тоҷикистон аст.

 “Савганд ба номи поки Худо, савганд ба шири сафеди модарам, савганд ба дуои неки падарону модарон, савганд  ба нону намаки дастурхони пиру ҷавон, савганд ба обу хоки муқаддаси Ватан, ки масъулияти тақдири имрӯзу ояндаи давлату миллати тоҷикро бар дӯш мегирам.

Савганд ба ҷони ҳафт миллион фарзанди Тоҷикистони азиз, ки тамоми ҳастӣ, нерӯву ғайрат ва таҷрибаву иродаамро барои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебахшам”.

Баъди анҷоми суханронӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба маросими гулгузорӣ ба пояи Муҷассамаи ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва савганд ёд намудани афроди Қувваҳои Мусаллаҳ    ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдони дӯстии пойтахт раҳсипор гашт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мошини болокушода хамроҳи эскорти мотосиклҳо ба хиёбони Рудакӣ баромад. Аз ду ҷониб дар тӯли роҳ то Муҷассамаи ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ӯро намояндагони аҳли ҷомеаи пойтахт бо як ҷаҳон ҳисси эҳтирому самимият ва меҳру муҳаббат шодбош мегуфтанд.

Дар майдони Дӯстии пойтахт афроди Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бори нахуст дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон савганди садоқат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ёд карданд ва бо ҳамин маросими расмии ба иҷрои вазифа шурӯъ намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра мукаммалу муназзам шуд.

Садо додани суруди миллӣ, 21 шиллик аз тӯпҳонаҳо ва паради ҳарбӣ низ аз рукнҳои ҳатмии маросими расмии ба иҷрои вазифа шурӯъ намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Аз он рӯз дар таърихи навини давлати Тоҷикистон марҳилаи сифатан нав оғоз гардид. Иҷрои вазифаҳое, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ин даврон дар рӯзи савгандёдкунӣ муайян гардид, ба зудӣ шурӯъ шуд.

Рӯзи 22  ноябр Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколати худро дар назди Президенти навинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузошт ва рӯзи 30 ноябр сохтори нави Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

 Дар сохтори нав шумораи умумии вазоратҳо ва кумитаҳои давлатӣ аз 25 то 17 адад ва теъдоди идораҳои назди Ҳукумат аз 15 ба 13 адад расид, ки ин ба ҳадафҳои нави муайяннамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ислоҳоти идораи давлатӣ, ташаккули низоми шаффофи фаъолияти мақомоти идоракунӣ, сарфа ва истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат мекунанд. Ҳамин тариқ, мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи давлат ҷиддан ихтисор карда шуд.

Рӯзи 1 декабр бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои нави Ҳукумати мамлакат ба вазифаҳо таъин гардиданд. Рӯзи 5 декабр ҷаласаи нахустини Ҳукумати нави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар ҷараёни он ҳайати нави раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гашта,  роҳбарони идораҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони масъули сатҳи вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ба вазифаҳо таъин карда шуданд.

Бояд таъкид дошт, ки дар интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои нав аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мутахассисони кордону соҳибтаҷриба, олимон, шахсиятҳои ба халқу Ватан содиқу вафодор ва ҳамчунин нафарони ҷавону болаёқат ва занону духтарон, ки бо илму техника ва технологияҳои муосири ҷаҳонӣ хуб ошноӣ доранд ва забонҳои хориҷиро медонанд, таваҷҷӯҳи бештар зоҳир гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи нахустини Ҳукумати нави Ҷумҳурии Тоҷикистон  бори дигар аз савганди садоқати худ, ки рӯзи 18 ноябр ёд карда буд, ёдовар шуда, таъкид намуд, ки он натанҳо савганди Президент, балки савганди ҳар як нафаре аст, ки бо ӯ дар ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамаи зинаҳои ҳокимияти иҷроияи давлатӣ ифои вазифа мекунанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки вазифаҳои стратегии дар пешорӯи мо қарордошта, яъне расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, амнияту истиқлолияти озуқаворӣ, бурун шудан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва дар маҷмӯъ дар зарфи панҷ соли оянда ба куллӣ дигаргун намудани сатҳу сифати зиндагии мардум заҳмати шаборӯзӣ ва фидокориҳоро талаб мекунанд. Аз ин хотир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳозирин ва дар симои онҳо ҳамаи хизматчиёни давлатӣ, кормандони сатҳу зинаҳои гуногуни кишвар ва ҳар як фарди ватандӯсти Тоҷикистонро ба фидокорию садоқатмандӣ даъват намуд.

Дар охир бори дигар аз дастовардҳои соли 2006 ёдовар шуда, бояд таъкид намуд, ки арзишмандтарини онҳо инҳоянд:

Анҷоми корҳои асосӣ дар нақби автомобилгарди Истиқлол, оғози сохтмон ва таҷдиди як силсила роҳу нақбҳои дигари автомобилгард, аз ҷумла роҳи Душанбе-Чанак, марҳилаи дуюми роҳи Душанбе-Саритош, тунелҳои Шаҳристону Шаршар, оғози расмии бунёди НОБ- Сангтӯда-2 ва хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқ “Ҷануб-Шимол”, бо бастани маҷрои дарёи Вахш оғоз кардани бунёди дарғоти НОБ-и Сангтӯда-1, ифтитоҳи пӯли сеюми мошингард дар болои дарёи Панҷ, оғози сохтмони се меҳмонхонаи муосири дорои панҷситора ва як корхонаи азими нассоҷӣ, намоишгоҳи бошукӯҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати хӯроквории Тоҷикистон дар шаҳри Сочии Федератсия Россия,  ифтитоҳи телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон”, таҷлили бошукӯҳи 15-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва ҷашнҳои ҳамрадифи он, интихоботи озоду шаффоф ва демократии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавриди истифода қарор гирифтани рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ливо ва Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, савгандёдкунии Президенти навинтихобшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон,  савгандёдкунии афроди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои садоқат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси Ҳукумати нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такмил додани сохтори он.

Рӯйдодҳои аз ҳама муҳим ва хотирмони охири сол ин муайяну мушаххас намудани вазифаҳои Ҳукумати нави Ҷумҳурии Тоҷикистон,  оғози марҳилаи сифатан нави умедбахш дар ҳамкориҳои байни Корхонаи алюминийи Тоҷикистон ва ширкати “Гидро-алюминиюм”- и Норвегия ва анҷоми даври аввали сохтмони НОБ-и Сангтӯда-1 буд, ки ин фоли нек аз ибтидои марҳилаи сифатан нав дар рушду нумӯи минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии кишвари азизи мо ва устувору поянда гардондани асосҳои давлату давлатдории миллии Тоҷикистон мебошад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520