Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон: оғози марҳилаи нав

25.01.2008 08:00, шаҳри Душанбе

6-уми ноябри соли 2006 Эмомалӣ Раҳмон бо ҷонибдории 80 %  интихобкунандагон дар фазои озоду шаффофи овоздиҳӣ аз нав ба муддати ҳафт соли оянда ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд ва дар кишвари азизи мо марҳилаи нави таърихӣ оғоз ёфт, ки бешубҳа онро метавон давраи рахнаи монеаҳои бузург ва ё оғози фатҳи қуллаҳо номид. Ҳамаи он монеаҳои бузург ва қуллаҳои баланде, ки мардуми Тоҷикистон дар ин даврон бояд фатҳ намуда, давоми панҷ соли оянда ба сатҳу сифати комилан нави рӯзгор, ба сатҳи зиндагии шоиста бароянд, дар суханронии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рӯзи савгандёдкунии тантанавии ӯ - 18 ноябри соли 2006 ба таври возеҳу равшан баён гашт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амният ва истиқлолияти озуқаворӣ, раҳо намудани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, рушди афзалиятноки саноат, хусусан саноати сабук, хӯрокворӣ ва коркарди маъданҳо, густариши фаъолияти сармоягузорӣ ва соҳибкории хурду миёна, такмил додани сиёсати буҷету андоз ва пулию қарзӣ, идомаи ислоҳоти идораи давлатӣ бо роҳи ташкили хизмати давлатии касбӣ, ташаккули сохтори куллан нави идораи иқтисодиёт, такмили тартиби ҷобаҷогузории кадрҳо дар асоси салоҳияти касбӣ, бартараф намудани такрори вазифаҳо дар мақомоти гуногун, баланд бардоштани самаранокӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатии марказӣ ва маҳаллӣ, пурзӯр намудани мубориза бар зидди коррупсия ва ришвахӯриро аз ҷумлаи вазифаҳои стратегии марҳилаи нави давлатдорӣ арзёбӣ гардидааст.

Дурнамои сиёсати хориҷии кишварро Эмомалӣ Раҳмон чунин маънидод намуд: «дар марҳалаи навини созандагии таърихӣ мо сиёсати «дарҳои кушода» ва прагматикии худро собитқадамона идома хоҳем дод. Мазмуни аслии он ҳамкории судманд ва беғаразона бо ҳама давлатҳои ҷаҳон аст».

Иҷрои вазифаҳое, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ин даврон муайян гардид, ба зудӣ оғоз ёфт.

Рӯзи 15 декабри соли 2006 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Шабакаи ягонаи энергетикии Россия» Анатолий Чубайс, мутахассисону меҳмонони зиёд ва намояндагони воситаҳои ахбори умум бо як таркиши азим ва фурӯ омадани пораи кӯҳу сангу шағали бешумор маҷрои дарёи Вахш дар мавзеи сохтмони нерӯгоҳи обии Сангтӯда - 1 баста шуда, бунёди сарбанди он оғоз ёфт. Ин рӯйдоди фараҳбахш нахустин қадами устувори Ҳукумати мамлакат дар роҳи амалӣ намудани вазифаҳои давраи нави таърихӣ буд.

Он рӯз маҷрои дарёи пурмавҷу ноороми Вахш бори дуюм ба таври сунъӣ ва бо мақсади истифодаи қудрати он барои рушди иқтисодии мамлакат баста шуд. Бори аввал ин кор моҳи марти соли 1966, яъне зиёда аз чил сол пеш барои сохтани сарбанди нерӯгоҳи обии Норак сурат гирифта буд.

Бо ҳамин рӯҳияи созандагию бунёдкорӣ соли нави 2007 - ум оғоз ёфт, ки онро аз нигоҳи нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар метавон соли пешравиҳои назаррас номид. Натиҷаи рушди бонизоми иҷтимоию иқтисодӣ буд, ки моҳи июни соли 2007 дар ҳаҷми 272 миллион сомонӣ Буҷети давлатии иловагӣ қабул карда шуд ва  ҳаҷми умумии буҷети солона ба 3 миллиарду 467 миллион сомонӣ расид. Дар маҷмӯъ афзоиши буҷети давлатии соли 2007 нисбат ба соли 2006 - ум  1,67 миллион  сомониро ташкил дод.

Буҷети давлатии соли 2008  ба андозаи 4 миллиарду 476 миллион сомонӣ (30,2% маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ) пешбинӣ шудааст, ки ин ба ҳисоби номиналӣ нисбат ба буҷети соли 2007  1 миллиарду 281 миллион сомонӣ ё худ 63 фоиз зиёд аст.

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2007 мутобиқи маълумоти пешакии оморӣ  12 миллиарду 768,3 миллион сомонӣ ва афзоиши ҳақиқии он 7,8 %-ро ташкил дод.  Ба андозаи 14 миллиарду 800 миллион сомонӣ пешбинӣ шудани маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар соли 2008 ва барои солҳои 2009-2010 мутаносибан 17 миллиарду 420 миллион ва 20 миллиарду 500 миллион сомонӣ муайян шудани он худ нишона аз натиҷаҳои хуби иқтисодиёт дар солҳои гузашта ва соли 2007-ум аст.

Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар мутобиқи нақша дар соли 2008 нисбат ба нишондиҳандаи соли 2007 2,6 миллиард сомонӣ зиёд аст.

Фазои сиёсию ҳуқуқии сармоягузории хориҷӣ низ дар ҷумҳурӣ сол ба сол беҳтар мегардад. Натиҷаи ҳамин сиёсат аст, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ 53 лоиҳаи инвеститсионии ҳукуматӣ  дар ҳаҷми умумии 1,3 миллиард доллари амрикоӣ амалӣ мешавад. Корҳои созандагию бунёдкорӣ, аз ҷумла сохтмони иншооти бузурги ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар дар ин сол авҷи тоза пайдо намуд.

Бо суръати баланд ва сифати дилхоҳ идома ёфтани сохтмони нерӯгоҳҳои обии Сангтӯда - 1 ва Сангтӯда - 2, роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Бӯстон-Чанок бо нақби 5 километраи Шаҳристон ва 6300 метр иншооти зиддитармавӣ,  роҳҳои мошингарди Душанбе-Рашт-Ҷиргатол-сарҳади Қирғизистон ва Кӯлоб - Қалъаи Хумб,    нақбҳои мошингарди Шаршару Чормағзак, бунёди хаттҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқи «Ҷануб-Шимол» ва  “Лолазор Хатлон”, анҷоми бобарори сохтмони пули азими “Дӯстӣ” байни Тоҷикистону Афғонистон дар мавзеи Панҷи Поён, бунёди беш аз 100 мактаби нави таҳсилоти ҳамагонӣ ва тармиму таҷдиди қариб 400 мактаби мавҷуда, оғоз ва анҷоми бунёди садҳо иншооти соҳаҳои фарҳангу маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа аз ҷумла оғози сохтмони филиали Донишгоҳи Давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ дар ноҳияи Рашт ва филиали Донишгоҳи Давлатии Аграрии Тоҷикистон дар шаҳри Данғара, бунёди бинои нав барои шӯъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказии ноҳияи Данғара ва бо дастгоҳҳои муосир таҷҳизонидани он, анҷом ёфтани чунин корҳо дар беморхонаҳои шаҳрҳои Хуҷанду Хорӯғ, авҷи тоза пайдо намудани сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар пойтахти кишвар ва дигар шаҳрҳо гувоҳи возеҳи корҳои созандагию бунёдкорӣ аст.

Соли 2007 – ум фаровон аз рӯйдодҳои пурарзиши фарҳангӣ ва ҷашнвораҳои фархунда буд, ки таҷлили онҳо дар омӯзиши таъриху фарҳанги бостонии миллати тоҷик ва тарбияи ҳисси худшиносию худогоҳии мардум, пеш аз ҳама ҷавонон  аҳамияти зиёд дорад. Аз ин боб метавон мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо намояндагони занону духтарони кишвар ёдовар шуд, ки  ба ҳукми анъана даромадааст. Дар мулоқоти  навбатӣ бо онҳо зикр гардид, ки баъди мулоқоти порсола ба хотири баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016 қабул гардид, маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» таъсис дода шуд, чандин хобгоҳҳои духтарони донишҷӯ таъмиру таҷдид гардида, ба истифода дода шуданд, 20 гранти Президентӣ барои дастгирии соҳибкорӣ ва касбу ҳунаромӯзии занону духтарон  бо маблағи умумии 150 ҳазор сомонӣ дар соли 2006 ва бо ҳамин миқдор дар соли 2007 низ таъсис ёфт. Ҳамчунин таъкид гардид, ки барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии занону духтарон аз соли 1997 ба ин сӯ аллакай 6 ҳазор духтарони ноҳияҳои кӯҳистон тариқи квотаҳои Президентӣ дар муассисаҳои олии таълимии дохил ва хориҷи кишвар таҳсили илм намудаанд, ки онҳо метавонанд минбаъд дар рушди ҷомеаи муосири Тоҷикистон саҳми намоён дошта бошанд.

Дар бахши рӯйдодҳои фарҳангӣ албатта ҷашни наврӯз ва мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли зиёи кишвар мақому ҷойгоҳи махсус доранд.

Дар вохӯрӣ бо зиёиён Сарвари давлат Эмомали Раҳмон зикр намуд, ки дар зарфи як соли аз Наврӯз то Наврӯз 80 номгӯи китобҳо дар нашриёти адиб ба чоп расид ва  бо мақсади чопи бештари китобҳо дар буҷети давлатии соли 2007 500 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2006 ду баробар зиёд аст. Ҳамчунин таъкид гардид, ки имсол ба соҳаҳои иҷтимоии кишвар боз 100 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ ҷудо мегардад.

Бо риоя аз анъанаҳои неки наврӯзӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи ояндаи аз Наврӯз то Наврӯз ва солҳои дигар як қатор вазифаҳои навро барои аҳли илму фарҳанг муайян намуд, ки аз ҷониби онҳо хуш пазируфта шуд. Аз ҷумла пешниҳод гардид, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Боғи марказии пойтахт ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ ва  Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев  номгузорӣ карда шавад.

Дар ҳамин ҷамъомади фарҳангӣ Сарвари давлат бо назардошти анъанаю суннатҳои волои номгузории тоҷикӣ изҳор дошт, ки ному насаби худро  минбаъд Эмомалӣ Раҳмон хоҳад гузошт. Қобили таъкид аст, ки ин иқдоми Президенти кишвар дар байни аҳолӣ мавриди дастгирию ҳамовозӣ ва пайравии васеъ қарор гирифт ва кӯшишҳои ба ин кор ҷилои сиёсӣ додани баъзе аз сиёсатмадорону ҷомеашиносони хориҷӣ аз назари эътибор дур монд.

Дар мулоқот бо зиёиён олимони соҳа вазифадор гардиданд, ки Энсиклопедияи нави миллии тоҷик, Фарҳанги нави мукаммали забони тоҷикӣ, барномаи ягонаи компютерии забони тоҷикӣ ва осори пурғановати илмию адабии  классикони адабиёти тоҷикро зери унвони «Ахтарони адаб» омода ва ба чоп пешниҳод кунанд.

Дар байни аҳли ҷомеаи Тоҷикистон ва берун аз он қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯйдоди аз ҳама пурарзиши фарҳангӣ дар соли 2007 – ум арзёбӣ мегардад.

Дар натиҷаи татбиқи ин қонун ва дигар санадҳои танзимкунанда дар давоми се моҳи аввал бинобар сабук гаштани маъракагузаронӣ баргузории тӯйҳои хатна ва  домодию арӯсӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 3900 ва 5900 адад афзуд. Аз рӯйи натиҷаҳои пешакии 6 моҳа бошад, ин нишондиҳандаҳо ду маротиба афзоиш ёфтаанд. Тибқи таҳлилҳо дар се моҳи аввал тақрибан 170 миллион сомонӣ ба манфиати мардум сарфа гардидааст. Забҳи чорвои калон ва умуман хароҷоту исрофкориҳо ба маротиб кам шуда, боиси озод шудани мардум аз сарсониҳои бемаънӣ ва дур шудан аз таассубу хурофот гардид. Дар воқеъ ин тадбири наҷиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мардум сабукиҳои зиёд овард, зеро то ин вақт  дар як сол  дар маъракаю маросимҳои хурсандиву мотам аз 4,5 то 5 миллиард сомонӣ маблағ сарф мешуд. Танҳо дар ҷашнҳои арӯсӣ, ки  шумораи онҳо ба ҳисоби миёна  дар як сол 60 ҳазорро ташкил медиҳад, 300 ҳазор сар чорвои калону майда забҳ карда мешуд, ки арзиши онҳо ба 770 миллион сомонӣ мерасад.

Дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар рӯзи мулоқоти ӯ бо аҳли ҷамоатчигии кишвар  баҳри қабули Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баён гашта буд, Қуръони Карим ва яке аз тафсирҳои муътабартарини он Тафсири Табарӣ  бо забони соддаю оммафаҳми тоҷикӣ тарҷума карда шуд ва қисме аз он аз номи Сарвари давлат ба мардуми кишвар ҳадя мегардад. Дар воқеъ ин амал метавонад боиси омӯзиши амиқи аркони дини мубини Ислом ва талаботу нишондодҳои шариату тариқат гашта, ба болоравии сатҳи маърифати мусулмонони кишвар ва огоҳии онҳо мусоидат намояд. Бояд тазаккур дод, ки Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои танзимкунандаи онҳо бо дарназардошти нишондодҳои Қуръони Карим, Ҳадисҳои пайғамбар ва дигар китобҳои муътабари олами Ислом таҳия гардида, мардумро аз хурофоту таассуб дур мекунанд.

Таъсис ёфтани Фонди ҷамъиятии хайрияи Тоҷикистонро низ метавон ба иқдому ташаббусҳои пурарзиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва воситаи хуби ба эҳтиёҷмандони воқеӣ равона кардани хайроту садақоти сарватмандони кишвар маънидод кард. Дар рӯзи таъсиси он зикр гардид, ки фаъол намудани Фонди ҷамъиятии хайрияи Тоҷикистон қадами навбатӣ ва идомаи корҳо дар роҳи раҳоӣ додани мардум аз исрофкорӣ, сарфу хароҷоти бемаънӣ ва аз хурофоту таассуб аст. Он рӯз Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки дар ҷумҳурӣ 500 ҳазор оилаҳои камбизоат, 134 ҳазор маъюбон, ки 19 ҳазорашон кӯдакони маъюбанд, 68 ҳазор оилаҳои бесаробон, 118 ҳазор кӯдакони то 16 солаи оилаҳои бесаробон ва 9 ҳазор пиронсолони яккаву танҳо мавҷуданд. Таъкид гардид, ки кӯмакҳои Фонди ҷамъиятии хайрияи Тоҷикистон  пеш аз ҳама ба  дастгирии онҳо равона мегарданд. 

Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки ин кор дар асоси таҷрибаи дигар давлатҳои мусулмонӣ ва созмонҳои гуногун бори аввал аз тарафи шаҳрванди Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Ӯ хотиррасон намуд, ки «дар Тоҷикистон корҳои зиёди хайрия аз ҷониби фондҳои хориҷӣ анҷом дода мешаванд» ва афзуд, ки «имрӯз мо имкон дорем чунин  корҳои хайру савобро худамон низ амалӣ созем».

Қобили таъкид аст, ки пешниҳодот ва иқдому ташаббусҳои наҷиби Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар аксари кишварҳои мусулмонии ҷаҳон мавриди дастгирию пуштибонӣ қарор мегиранд. Масалан дар асоси пешниҳоди Сарвари давлати мо Эмомалӣ Раҳмон, ки моҳи декабри соли 2005 дар Иҷлосияи ғайринавбатии Созмони Конфронси Исломӣ дар шаҳри Маккаи мукаррама оид ба равона кардани сармояи беҳисоби давлатҳои пешрафтаи исломӣ ба дастгирии кишварҳои қафомондаи мусулмонӣ баён гашта буд, дар назди Бонки Исломии Рушд фонди махсуси дастгирии чунин кишварҳо таъсис ёфт, ки имрӯз дар он беш аз 5 миллиард доллари амрикоӣ ҷамъ омадааст.

Рӯйдоди пурарзиши илмию фарҳангии сол ҳамчунин таҷлили 800 - солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ буд, ки он бо иштироки олимону шарқшиносони маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ аз 27 кишвари хориҷӣ дар як вақт бо 16 – солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ин тадбири муҳимми Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи омӯзиши васеи осори гаронбаҳои Мавлоно Балхӣ, ки зодаи Вахшонзамини Тоҷикистони имрӯза ва намояндаи барҷастаи адабиёти оламшумули тоҷику форс аст, бисёр муҳим арзёбӣ шуд.

Тарғибу ташвиқи байналмилалии ғояҳои волое, ки аз ҷониби ин ниёи бузургвори мо суруда шудаанд, ба наздикшавӣ  ва ҳамзистии осоиштаи миллату халқиятҳои гуногун, намояндагони ҳамаи дину мазҳабҳои ҷаҳонӣ ва  гуфтугӯи тамаддунҳо мусоидат намуда, ҳамзамон ба шинохти бештари илму фарҳанги миллии тоҷикон ва давлати навини Тоҷикистон дар ҷаҳон боис мегардад.

Рӯйдоди муҳимми дигаре, ки дар ҳаёти фарҳангии соли 2007 ба назар расид, ин боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Шаҳристони Тахти Сангин ва ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ёдгориҳои беназири «Хазинаи Амударё» буд. Сарвари давлат Эмомали Раҳмон зимни ин боздид таъкид намуд, ки барои ташкил намудани намоишгоҳи ёдгориҳои «Хазинаи Амударё» дар Тоҷикистон ва минбаъд баҳри аз Лондон ба Ватани аслии худ баргардондани онҳо бояд чораҳои зарурӣ андешида шаванд. Ба андешаи олимону коршиносони огоҳ бозгардондани ёдгориҳои таърихӣ аз осорхонаи Лондон бисёр мушкил ва ҳатто имконнопазир аст. Бо вуҷуди ин таваҷҷӯҳ  ба «Хазинаи Амударё», ки шӯҳрати ҷаҳонӣ дорад, боиси эътибору эҳтироми бештари Тоҷикистони мустақил дар ҷаҳон гардидааст. Дар натиҷаи талаби ҳаққи соҳибӣ моҳи декабри соли 2007 дар ҷумҳурӣ намоишгоҳи расмҳои ёдгориҳои таърихии «Хазинаи Амударё», ки дар асри 19 - и милодӣ аз мавзеи Тахти Сангини ҳудуди Тоҷикистони имрӯза ба Англия интиқол дода шудаанд, ба роҳ монда шуд.

Аз дастовардҳои муҳимми фарҳангии соли 2007 ҳамчунин натиҷаҳои рушди санъати “Шашмақом” ва “Фалак” - ро метавон номбар кард, ки тавассути таваҷҷуҳи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ривоҷ додани онҳо дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба даст омадааст. Имрӯз тавассути эҳёи шашмақомхонӣ дар ҷануб ва фалакхонӣ дар шимоли кишвар ба ҳам наздикшавии арзишҳои фарҳанги ягонаи миллӣ ба назар мерасад.

Ҳамчунин барои муаррифии байналмилалии фарҳанги миллии мо корҳои назарррас анҷом меёбанд. Аз мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо  Директори Генералии ЮНЕСКО Коичиро Матсуура, ки дар ҳошияи саммити 1-уми Форуми Оби кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором дар шаҳри Беппуи Япония моҳи декабр сурат гирифта буд, маълум шуд, ки масоили эътирофи байналмилалии осори таърихию фарҳангии Саразм,  Тахти Сангин, Бунҷакат, Хоҷӣ Машҳад, Боғи миллии Тоҷикистон, санъати «Фалак», рақсҳои бадахшонӣ ва сурудҳои водии Зарафшон мавриди баррасӣ қарор  доранд.

Коичиро Матсуура бо боварӣ изҳор дошт, ки масъалаи ба феҳристи осори фарҳанги умумиҷаҳонӣ ворид гаштани мавзеи таърихии Саразм дар ояндаи наздик ҳаллу фасл хоҳад шуд.

Баргузории рӯзҳои фарҳангӣ  ва намоиши маҳсулоти кишоварзию маҳсули ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Москва ва Оренбурги Федератсияи Россия ва Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон, Рӯзҳои фарҳанги кишвари биҳиштосои мо дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Озарбойҷон низ аз рӯйдодҳои басо арзишманди фарҳангӣ дар соли 2007-ум маҳсуб мешаванд.

Бузургдошти иди забон ва идҳои мубораки Рамазону Қурбон низ аз рӯйдодҳои пурарзиши фарҳангӣ дар соли 2007 буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  забони миллиро муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлативу сиёсӣ ва истиқлоли давлатиро омили воқеии эҳё ва такомули забони миллӣ маънидод кард.  Дар идомаи мавзӯъ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таҳияи китобҳои дарсӣ, ҳамгунсозии истилоҳоти онҳо ва ба мақоми шоиста баровардани забони давлатиро дар воситаҳои ахбори умуми ватанӣ аз вазифаҳои муҳим арзёбӣ кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи забон ва баланд бардоштани ҳисси ифтихору эҳтироми мардум бо забони модарии хеш пешниҳод намуд, ки соли 2008-ум «Соли забони тоҷикӣ» эълон гардида ва он якҷо бо ҷашни 1150-солагии одам-уш-шуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таҷлил карда шавад.

Дар арафаи иди саиди Фитр Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо паёми табрикӣ ба мусулмонони кишвар муроҷиат карда, онҳоро ба адои корҳои хайру савоб, ваҳдату ягонагӣ ва гирифтани дасти мӯҳтоҷон ҳидоят намуд.

Ҷашни 15 - солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олиро метавон як навъ назарандозӣ ба гузаштаи пуршебу фарози Тоҷикистони навин ва сабақомӯзӣ аз он маънидод кард. Сабақомӯзии ин ҷашн ва ҳам ёдоварию посдорӣ аз гузаштаи начандон дур, вале бар асоси натиҷа баробар ба даҳсолаҳо аз лаҳзаҳои нахустини тантанаҳои идона ҳувайдо буд. Аҳли ҳунари шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо намоиши сарироҳии барномаҳои тасвирию фарҳангӣ, ки  аз фурӯдгоҳ то шаҳри Хуҷанд тӯл кашида  буд, гузаштаи пур аз ғаму андӯҳ, дарду ранҷ ва ҳам фаровон аз дастовардҳои беназирро бо завқу салиқаи баланд пеши назар оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар ҷамъомади тантанавии бахшида ба ин ҷашни фархунда гузаштаи 15-солаи давлати навини мо ва сабақҳои пурарзиши онро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, мардумро ба қадрдонию қадршиносӣ аз ҳаёти осоиштаи имрӯза ва рушду нумӯи бонизоми иҷтимоию иқтисодӣ даъват намуд.

Дар Тоҷикистон чун одат таҷлили бошукӯҳи  ҷашну идҳои бузурги умумимиллӣ бо сиёсати бунёдкорию созандагӣ ва ободонии кишвар бастагии зич дорад. Танҳо дар арафаи иди Наврӯзи фархундапай дар пайравӣ бо  суннатҳои бостонии ободонию созандагӣ бинои нави Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Беморхонаи клиникии шаҳрии «Ёрии таъҷилии тиббӣ» баъди тармиму таҷҳиз ифтитоҳ ёфта, ба кор шурӯъ намуданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе зери пойдевори Гимназияи ҷумҳуриявӣ барои 1000 нафар хонандагони лаёқатманд ва дар мавзеи сохтмони Маҷмааи манзилии ҷавонон ва табақаҳои иҷтимоӣ, ки аз 8 бинои боҳашамати 9-ошёна иборат хоҳад буд ва ҳамчунин зери бинои ояндаи «Қасри ҷавонон» санги асос ва нома ба наслҳои баъдӣ гузошта, ба бунёди онҳо оғози расмӣ бахшид.

Дар шаҳри Турсунзода дар арафаи Наврӯз лоиҳаи як литсейи муосир ба роҳбарияти шаҳр тақдим карда шуд, ки сохтмонаш бо маблағи 1 миллиону 600 ҳазор доллари амрикоӣ ҳанӯз моҳи апрел  оғоз ёфта буд.

Ба директори корхонаи алюминии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Турсунзода супориш дода шуд, ки тармиму азнавсозии майдони марказии варзиширо идома дода, дар зарфи як сол  барои 25 ҳазор тамошобин ҷойи нишаст омода кунанд. Ба онҳо ҳамчунин дастур дода шуд, ки ҳар сол яктогӣ бинои бисёрошёнаи истиқоматии дорои на кам аз чил хонадорро  сохта, ба истифода диҳанд.

Дар арафаи 10-солагии ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар шаҳри Душанбе  бинои нави  истиқоматии 16 ошёна дар фазои тантанавӣ ба истифода дода шуд.

Дар ҳамон рӯзҳо ҳамчунин  меҳмонхонаи  «Азия-грант ҳотел» расман ба истифода дода шуд, ки дар маросими ифтитоҳи  он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат намуд.

Дар арафа ва оғози соли нави таҳсил, ки онро ҳам метавон аз рӯзҳои фараҳбахши идона номид, мо шоҳиди як зумра корҳои созандагӣ гардидем. Дар шаҳри Душанбе як мактаби боҳашамати зебою муҷаҳҳаз бо ҳамаи шароити муосири таълимӣ барои 1154 хонанда ба истифода дода шуд. Ин мактаб, ки  бо харҷи умумии 10 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст, дорои 30 синфхонаи гуногун, ду синфхонаи махсуси компютерӣ бо 40 компютер, як синфи лингофонӣ, синфҳои хоссаи барои дарсҳои дӯзандагӣ ва кадбонугию пӯхтупаз технологияи дуредгарӣ ва челонгарӣ иборат аст. Дар мактаб ҳамчунин ошхона бо 324 ҷойи нишаст, толори калон барои ҷаласа бо 260 ҷойи нишаст, ду толори варзишии муҷаҳҳаз ва майдони варзишӣ мавҷуд аст.

Сохтмони се мактаби нави таҳсилоти ҳамагонӣ дар ноҳияи Рашт оғоз ёфт, ки дар оғози сохтмони яке аз онҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат дошт. Бо супориш ва дастгирию маблағгузории бевоситаи Сарвари давлатамон ин се мактаб моҳи ноябр ба фаъолият шурӯъ намуда, хонандагони деҳаҳои аз заминларза зарардидаи ноҳияи Раштро бо таълиму тарбия фаро гирифтанд. Ҳадафи асосӣ аз ташрифи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт шиносоӣ бо рафти бартарафсозии оқибатҳои заминларзаи 22  июл рух дода, ки он боиси пурра ва қисман хароб гаштани 207 ва 1216 манзили истиқоматӣ гардида буд, мебошад. Дар натиҷаи ин заминларза 3 нафар ба ҳалокат расид ва  бинои 9 мактаб, аз ҷумла 3 мактаб пурра хароб шуда, як дармонгоҳ, 4 иншооти фарҳангиву маишӣ ва 3 иншооти иқтисодӣ зарар дида буд. Зимни ин боздид ва баъд аз он бо супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи зарардидагон кӯмакҳои зарурӣ расонда шуд, ки боиси хушнудӣ ва сипосгузории мардум гардид.

Аҳли деҳа аз ташрифи нахустини Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон  ба ин ҷо, ки моҳи майи соли 1994 дар давраи хеле вазнину пурхатар сурат гирифта буд, ёдовар шуда, барои фидокорӣ ва ҷони худ зери хатар мондану ором кардани авзои кишвар ва ҳамчунин ба ҳаёти осоиштаю бунёдкорӣ сафарбар намудани мардуми Тоҷикистон таҳсину офарин гуфтанд.

Бояд тазаккур дод, ки дар Тоҷикистон ҳамчунин барои ақаллиятҳои миллии сокини кишвар шароити шоистаи таълиму тарбияи фарзандон фароҳам оварда шудааст. Дар оғози соли нави хониши 2007-2008 сохта ба истифода дода шудани мактаби нав барои 1300 нафар хонандагони узбекзабони деҳаи Саркори шаҳри Турсунзода гувоҳӣ аз амалӣ гаштани ин сиёсат аст. Дар арафаи соли нави хониш ҳамчунин 6 номгӯй китобҳои дарсии ӯзбекӣ дар 215 ҳазор нусха ба чоп расид. Соли 2006 ба шаҳри Турсунзода 3 ҳазор нусха китобҳои узбекӣ аз 15 фан фиристода шуда буд. Аз 3030 нафар донишҷӯёни хориҷии муассисаҳои олии таълимии Тоҷикистон 2000 нафари шаҳрвандони Ӯзбекистон мебошанд.

Дар арафаи таҷлили ҷашни истиқлолияти давлатии Тоҷикистон рӯзи 4 сентябр Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зери пойдевори бинои Китобхонаи Миллиро дар фазои тантанавӣ  бо санги асос ва нома ба наслҳои оянда гузошта, ба сохтмони он оғози расмӣ бахшид.

Оғози сохтмони Китобхонаи Миллии Тоҷикистон, ки яке аз марказҳои бузурги фарҳангии миллати бостонии мо хоҳад буд, қадами намоёне дар роҳи татбиқи босамари сиёсати бунёдкорию созандагии Ҳукумати кишвар мегардад. Бо ташаббуси Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рӯзи оғози сохтмони  Китобхонаи Миллии Тоҷикистон расман рӯзи Китоб эълон карда шуд.

5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар маросими ифтитоҳ ва ба истифода додани се бинои нави истиқоматӣ ва ҳам гузоштани санги асос зери пойдевори ду бинои манзилии панҷошёна ва навбати дуюми Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон иштирок намуда, бо рафти сохтмони 8 бинои 9-ошёнаи истиқоматӣ дар хиёбони Ҳофизи Шерозии пойтахт шинос шуд.

Дар натиҷаи татбиқи босамари сиёсати бунёдкорӣ танҳо дар пойтахт дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ 20 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва дар зарфи 5 соли оянда 40 бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо 3000 хона бунёд мегардад.

Ҳамон рӯз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи «Варзишгарон»-и пойтахт дар маросими оғози расмии сохтмони ду бинои панҷошёнаи истиқоматӣ, ки аз ҷониби Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд хоҳанд ёфт, иштирок намуд.

Роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки сохтмони ин биноҳоро дар мӯҳлати як сол анҷом дода, 120 оилаи эҳтиёҷманди кормандони худро бо хонаҳои истиқоматии хизматӣ таъмин намояд.

Он рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба шаҳраки донишҷӯён ташриф оварда, дар маросими оғози сохтмони навбати дуюми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон санги асос ва нома ба наслҳои ояндаро зери пойдевори факултаи физика ва математикаи донишгоҳ гузошта, ба сохтмони он оғози расмӣ бахшид. Зимни шиносоӣ маълум шуд, ки навбати дуюми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сохтмони 4 бинои нави таълимӣ, хобгоҳҳои донишҷӯён ва дигар иншооти ёрирасонро дар бар мегирад.

Барои сохтмони онҳо аз ҳисоби маблағҳои соли 2007 6,7 миллион ва барои соли 2008 10 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Дар соли 2007 дар ҳаҷми зиёда аз 260 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмону васлгарӣ ба анҷом расонда шудааст. Ҳоло ба сохтмони ин иншоот беш аз 50 нафар коргарони ихтисосҳои гуногун ва техникаю таҷҳизоти махсуси сохтмонӣ сафарбар гардидааст. Роҳбари давлат аз ҳолати ногувори ин шаҳраки овозадори донишҷӯён изҳори норозигию нороҳатӣ карда, ба масъулин ҷиҳати таъмиру тармими биноҳои мавҷудаи донишгоҳ ва ободу зебо гардондани атрофи он дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

Як теъдод иншооти дигар рӯзи 6 сентябр бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон мавриди истифода қарор дода шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Осорхонаи таърихӣ-фарҳангшиносии шаҳри Кӯлоб, меҳмонхонаи Хатлон,  театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализода ва  бинои боҳашамати Маркази ташхиси бемориҳои шаҳри Кӯлоб дар фазои тантанавӣ расман ба истифода дода шуд.

Ҷашни 15 - солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба тантанаи сиёсати бунёдкорию созандагӣ табдил ёфт. Рӯзи 14 ноябр дар арафаи ин иди фархунда Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Кохи навбунёди фарҳангии «Абрешим», ки давоми соли равон тармиму таҷдид гардида, бо техникаю таҷҳизоти нав муҷаҳҳаз карда шуд, дидан кард.

Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маросими ба кор шурӯъ намудани корхонаи калони истеҳсоли семент, ки ба ширкати «Амон» тааллуқ дорад, низ баргузор гардид, ки ин ҳама фаъолияти бунёдкорию созандагӣ аст.

Субҳи 15 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маркази вилоятии дилшиносӣ, ки дар ҳудуди он дар арафаи ин ҷашни фархунда як бинои нав сохта ва бо техникаю таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз карда шудааст, ташриф оварда, дар маросими тантанавии ба кор шурӯъ намудани он иштирок намуд.

Ҳамон рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз мактаб-парваришгоҳи ёрирасони шаҳри Хуҷанд боздид намуд, ки нишонаи таваҷҷӯҳу ғамхории доимии ӯ ба масоили мактабу маориф ва хусусан кӯмак расондан ба мактаббачагони ятиму бепарастор, маъюбу мӯҳтоҷ ва фарзандони оилаҳои камбизоат аст. Аз ҷониби  Сарвари давлат  барои онҳо сару либос ва пойафзоли гарми зимистона, телевизор, маркази мусиқӣ, компютер, асбобҳои хониш ва ашёи зарурии ошхона пешкаш гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ғамхорӣ зоҳир кардан ва бо таълиму тарбия фаро гирифтани  кӯдакони  бемору муҳтоҷро  аз ҷумлаи олитарин корҳои хайру савоб маънидод кард.

Бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чкалови вилояти Суғд як бинои нави истиқоматии дорои 30 хона мавриди истифодаи афсарони Гвардияи Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифт.

Мулоқоте, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи соли нави 2008-ум бо соҳибкорони кишвар доир намуд, як навъ ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар чанд соли охир ва оғози марҳилаи нави таърихӣ буд.

Бинобар иттилои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи амалӣ намудани тадбирҳои судбахш ва додани сабукиҳо шумораи субъектҳои соҳибкорӣ аз соли 2003 то 2007 – ум аз 5200 то  ба 8750 адад, шумораи шахсони ҳуқуқӣ аз 33 ҳазору 900 адади соли 2005 дар соли 2007 ба 36 ҳазору 600 адад расид. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қарздиҳии хурди бонкиро аз роҳҳои афзалиятноки рушди соҳибкории хусусии хурду миёна номида, таъкид дошт, ки ҳаҷми он 600 ҳазор сомони соли 2006-ум дар соли 2007 аз 1 миллиард сомонӣ гузашт.

Зимни мулоқоти навбатӣ, ки бори сеюм сурат гирифт, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти таклифу дархостҳо, пешниҳодот ва арзу шикоятҳои сершумори соҳибкорону тоҷирон ба Ҳукумати мамлакат ва вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати такмили санадҳои андозбандӣ, бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, иҷозатномадиҳӣ, стандартизатсия ва сертификатсия, зиёд намудани қарздиҳии хурди бонкӣ ба соҳибкорони ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ва доир ба додани дигар сабукиҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла тибқи яке аз супоришҳо дар ояндаи наздик бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ бо механизми «дари ягона» сурат хоҳад гирифт. Яъне хадамоти дахлдори тамоми мақомоти бақайдгирӣ дар як ҷо гирд оварда мешаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамаи соҳибкорону тоҷирон ба хулоса омаданд, ки ин мулоқот ва татбиқи амалии дастуру супоришҳои Сарвари давлатамон ба бартарафсозии камбудию монеаҳои ҷойдошта мусоидати фаъол намуда, ба  рушди соҳа такони ҷиддӣ мебахшад.

Самтҳои асосӣ ва афзалиятноки сиёсати дохилию хориҷии давлати Тоҷикистон барои марҳилаи нави таърихӣ дар паёми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ба таври густурда муайяну мушаххас гашт.

Сиёсати мутавозини хориҷӣ, ки тайи солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад, омили болоравии нуфузи эътибори кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ гардидааст.

Соли аввали марҳилаи нави таърихии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар татбиқи сиёсати хориҷии давлат бо дастовардҳои назаррас дар хотирҳо нақш хоҳад баст.

Нахустин сафари давлатии худро Президенти тозаинтихоби Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ба Ҷумҳурии Мардумии Чин анҷом дод.

Аз ҷониби Сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Ху Тсзинтао ба имзо расидани Аҳднома оид ба ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ва ба имзо расидани ба 5 санади муҳимми дигари байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ дар соҳаҳои ҳамкории техникию иқтисодӣ, тандурустӣ, маориф, бонкӣ ва ҳавопаймоӣ аз натиҷаҳои асосии ин сафар буд.  Таъкид гардид, ки санадҳои ба имзо расида ба марҳилаи сифатан нави ҳамкории бисёрҷабҳаи Тоҷикистону Хитой асоси боэътимод гузошта, омили таҳкимбахши муносибатҳои мутақобилан судбахши ду кишвар мегарданд. Ҷониби Чин пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмонро оид ба таҳияи Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисод ва савдо барои мӯҳлати то соли 2015 дастгирӣ намуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо намояндагони воломақоми сатҳу зинаҳои гуногуни ин давлат ва баъди Форуми тиҷоратӣ-иқтисодии  Тоҷикистону Чин бо соҳибкорону тоҷирони он мулоқотҳои сершумори алоҳида доир намуда, барои таҳкиму густариши ҳамкориҳои судманди ду кишвар заминаи боэътимод гузошт.

Маҳз натиҷаи ҳамин сафари давлатӣ буд, ки дар давоми соли 2007 дар ду корхонаи бузурги саноатии Тоҷикистон -  ширкати муштараки Зарафшон ва дар кони  бузурги сурбу руҳи мо фаъолияти якҷояи соҳибкорону сармоягузорони ду кишвар бо умедвории зиёд оғоз ёфт. Қобили тазаккур аст, ки имрӯз бо сармоягузории ин ҳамсояи бузурги мо лоиҳаҳои бунёди роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Бӯстон-Чанок бо нақби Шаҳристон ва 6300 метр иншооти зиддитарма, нақби Шаршар, хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқи “Ҷануб-Шимол”,”Лолазор-Хатлон” ва дигар барномаҳои арзишманд татбиқ мегарданд.

Соли 2007-ро дар сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон ҳамчунин метавон оғози марҳилаи нави ҳамкориҳо бо давлатҳои арабӣ маънидод кард.

Моҳи феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пайиҳам ду сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Мисри Араб ва Ҷумҳурии Арабии Сурия  анҷом дод.

Дар Ҷумҳурии Мисри Араб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти он Ҳуснӣ Муборак, ки аз роҳбарони хеле муътабару муҳтарами кишварҳои арабӣ ва аз дӯстону ҳамраъёни деринаи Сарвари давлати мо аст, гарму самимӣ истиқбол намуд. Баҳри ба роҳ мондан ва таҳкиму густариш додани ҳамкориҳои барои ҳарду кишвар судманд дар ин ҷо 6 санади муҳим дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат, илму техника,  энергетика,  фарҳанг, маориф ва мубориза бо ҷинояткорӣ ба имзо расид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Раиси Маҷлиси халқи Ҷумҳурии Мисри Араб Фатҳӣ Сурур ба хотири саҳми намоёну арзандааш дар татбиқ ва тарғибу ташвиқи фарҳанги сулҳ ва ҳамчунин нақши намоёнаш дар ҳаллу фасли мушкилоти сиёсии дорои аҳамияти минтақавию байналмилалӣ бо медали тиллоии давлати Миср сарфароз гардонда шуд.

Як медали тиллоии дигар ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби  Раиси Маҷлиси Шӯрои (Маҷлиси болоии) Ҷумҳурии Мисри Араб  Сафват аш-Шариф барои ҷаҳду талошҳои беназираш баҳри ҳаллу фасли мушкилоти кишварҳои мусулмонии қафомонда тақдим гардид.

Зимни ин сафар Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯён ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Миср кору таҳсил мекунанд ва бо ректори Донишгоҳи Ал-Азҳар доктор Муҳаммад Сайид Тантовӣ мулоқотҳои судбахш анҷом дода, баҳри густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои илму маориф ва дар байни ду кишвар заминаи хуб эҷод намуд.

Ректори Донишгоҳи Ал-Азҳар, ки аз муътабартарин донишгоҳҳои исломии ҷаҳон буда, ҳамчунин аз рӯи як қатор ихтисосҳои муҳандисию техникӣ ва тиббӣ кадрҳо омода мекунад, пешниҳоди Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро оид ба таълими техникии донишҷӯёни тоҷик дастгирӣ намуд. Баъди ин сафар сафорати Тоҷикистон дар Миср ифтитоҳ ёфт, ки он метавонад дар густариши муносибатҳои судманди ду кишвар саҳми намоён гузорад.

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арабии Сурия  ҳам аз нигоҳи роҳкушоӣ барои ҳамкории густурда бо кишварҳои арабӣ басо муҳим буд. Сафарҳои Мисру Сурияро натанҳо воситаи наздикшавии боз ҳам бештар бо давлатҳои арабӣ, балки ҳамчунин кӯшиши пайванд додани риштаҳои гусастаи байни тамаддунҳои бостонии ориёӣ ва Мисру Бобулистони қадим метавон арзёбӣ кард.

Дар шаҳри Димишқ - пойтахти Ҷумҳурии Арабии Сурия Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти ин давлат Башшор-ул-Асад  бо шукӯҳу шаҳомати хосса ва самимияти зиёд истиқбол гирифт.

Дар баробари ҳамаи муқаррароти сафарҳои расмӣ, яъне саф кашидани горди фахӣ, садо додани сурудҳои миллӣ ҳамчунин дар фазои Димишқ садои 21 шиллики тӯпхонаҳо танинандоз гардид, ки танҳо хосси сафарҳои давлатӣ аст.

Аз самимияти баланд ва ҳавасмандии ҳарду ҷониб баҳри таҳкиму густариши робитаҳо ба имзо расидани 8 санади муҳимми ҳамкорӣ башорат дод. Санадҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсати хориҷӣ, иқтисод ва савдо, саноат, ташвиқ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, илму техника, фарҳанг, маориф, иттилоот ва туризм ба имзо расид.

Моҳҳои апрелу май сафарҳои расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлатҳои арабӣ ва мусулмонӣ идома ёфт.  Аз 9 то 13 апрел Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб  қарор дошт. Амороти Муттаҳидаи Араб  бо шарофати мавқеи мусоиди ҷуғрофӣ ва сиёсати либералии иқтисодию тиҷоратии роҳбарияти ҳукумати худ тайи чанд даҳсолаи ахир ҷаҳиши намоёни иҷтимоию иқтисодӣ ва илмию фарҳангиро ноил гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалии Раҳмонро  Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб  Халифа ибни Зоид оли  Наҳайён гарму самимӣ истиқбол гирифт.

Ба имзо расидани 5 санади муҳим баҳри ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмию техникӣ, ҳамгироиҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва робитаҳои байнибонкии ду кишвар заминаи боэътимод эҷод намуд.

Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Амороти Муттаҳидаи Араб Муҳаммад ибни Рошид оли Мактум, ки ҳамзамон Ноиби Президент, Вазири мудофиаи кишвар ва Амири Аморати Дубай аст, бо Вазири молияи Аморот  Шайх Ҳумдон ибни Рошид оли Мактум  ва ҳамчунин зимни Форуми иқтисодӣ ва инвеститсионии  ду кишвар ба пешниҳодоти Эмомалӣ Раҳмон оид ба татбиқи барномаҳои дорои аҳамияти бузурги минтақавии кишвари мо мароқ зоҳир карда шуд.

Дар Амороти Муттаҳидаи Араб таваҷҷӯҳи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро  фаъолияти ширкати алюминийи “ДубАл” ба худ ҷалб намуд, ки дар як сол 850 ҳазор тонна алюминий истеҳсол мекунад. Сохтмони як  корхонаи бузурги алюминии дигар идома дошт, ки иқтидори солонаи истеҳсолии он 1,5 миллион тонна хоҳад буд. Бо дарназардошти болоравии иқтидори истеҳсолии “ДубАл” баъди 4-5 сол ин давлат бо  80 ҳазор километри мураббаъ ҳудуд ва 4 миллион аҳолиаш ҳар сол ба андозаи 2,5 миллион тонна алюминий истеҳсол хоҳад кард. Чунонки дар рафти боздид зикр гардид, на Амороти Муттаҳидаи Араб ва на ҳамсоягонаш аз ин боке надоранд, зеро ки ба андешаи мутахассисони онҳо истеҳсоли муосири алюминий ҳеҷ таъсири манфӣ ба экологияи минтақа надорад.

Зимни ин сафар баҳри ташкили ҳамкориҳои муфид байни ширкатҳои алюминийи ду кишвар низ заминаи хуб муҳайё гашт.

Моҳи май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Давлати Қатар рафт.  Давлати Қатар яке аз кишварҳои хеле хурд, вале бисёр пешрафтаи Араб буда, дар қисмати шимолу шарқии нимҷазираи Арабистон ва соҳили ғарбии халиҷи Форс қарор дорад.  Роҳбари давлат-Амири Қатар Шайх Ҳамад ибни Халифа оли Сонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтирому самимияти баланд дар фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Давҳа-пойтахти кишвар истиқбол намуд.

Дар ҳузури роҳбарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Шайх Ҳамад ибни Халифа оли Сонӣ байни Тоҷикистону Қатар 4 санади ҳамкорӣ ба имзо расида, барои густариши робитаҳо дар соҳаҳои сиёсати хориҷӣ, иқтисод ва савдо, техника,  ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ва байни палатаҳои савдо ва саноати ду кишвар заминаи ҳуқуқӣ эҷод гардид. Ҷониби Қатар ба имкону захираҳои рушди иқтисодӣ ва сарватҳои бебаҳои табиии Тоҷикистон, аз ҷумла об, нерӯи арзони барқ, маъданҳои кӯҳӣ ва меваю сабзавот мароқ зоҳир намуда, барои сармоягузории онҳо изҳори ҳавасмандӣ кард. Натиҷаи ҳамин ҳавасмандӣ буд, ки моҳи май   Сафири Фавқулодда ва Мухтори Давлати Қатар дар Тоҷикистон таъин гашт ва моҳи июл ҳайати баландпояи ин давлат таҳти сарварии Вазири молия, иқтисод ва савдои он  Юсуф Ҳусайн Камол ҷиҳати муайян намудани самтҳои ҳамкорӣ ба кишвари мо ташриф овард. Моҳи август Амири Давлати Қатар Шайх Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ бо сафари расмии ҷавобӣ ба Тоҷикистон омад, ки ин далели ҳусни нияти роҳбарони аввал ва ҳукуматҳои ду кишвар баҳри инкишофи ҳамкориҳо мебошад.  Зимни музокирот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо сармоягузории Давлати Қатар як масҷиди бузург бо тарҳи муосир ва бо риояи нозукиҳои меъмории миллии тоҷикӣ дар Душанбе бунёд карда шавад. Ҳамчунин мувофиқат ба даст омад, ки байни ду кишвар хатти мустақими ҳавоӣ кушода шавад. Ба комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ дастур дода шуд, ки самтҳои афзалиятнок ва роҳу равиши ҳамкориҳои минбаъдаро муайяну мушаххас намоянд. Дар Душанбе  4 санади муҳимми ҳамкорӣ дар соҳаҳои сармоягузорӣ, савдо, парвариши занбӯри асал ва чорводорӣ ба имзо расид.

Ба ширкати сармоягузории «ад-Диёр»-и Давлати Қатар барои сохтмони биноҳои хуштарҳи истиқоматӣ қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба ҷудо намудани қитъаи замин тақдим карда шуд. Амири Давлати Қатар Шайх Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ дар намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Душанбе иштирок намуда, бо анвои гуногуни меваю сабзавоти тару тоза, хушкмева, навъҳои гуногуни асал ва маҳсулоти корхонаҳои саноатии коркарди меваю сабзавот аз наздик шинос шуд.

Сарварони ду давлат ҷиҳати амалӣ намудани санадҳои қарордодию ҳуқуқии ҳамкории ба имзорасида оид ба имконоти дар Тоҷикистон бунёд кардани корхонаҳои муштараки коркарди асл, меваю сабзавот ва гӯшту шир барои содирот ба Давлати Қатар гуфтугӯ намуданд.  Ҷиҳати шиносоӣ бо таҷрибаи пешқадами деҳқонону мутахассисони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон Сарвари давлати мо Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар Шайх Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ ба ноҳияи Ҳисор ташриф оварданд. Онҳо аз ангурбоғи хоҷагии «Баракат»-и ноҳияи Ҳисор дидан карда,  ба таҷрибаи пешқадами ангӯрпарварон ва навъҳои гуногуни ин меваи биҳиштӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд.

Дар ҳамин хоҷагӣ онҳо ҳамчунин галлаю рамаи аспу гӯсфандро мушоҳида карда, оид ба роҳҳои фоидаовари ҳамкорӣ дар бахши чорводорӣ ва истеҳсолу коркарди гӯшту шир мубодилаи афкор намуданд.

Моҳи май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафари расмӣ анҷом дод. Дар Эрон 6 санади муҳимми ҳамкорӣ дар соҳаҳои  энергетика ва саноат, сохтмони роҳу нақбҳои мошингард, ҳамлу нақли автомобилӣ, тиҷорат, телевизион ва радио  ба имзо расид.  Зимни ин сафар ҷонибҳо доир ба ин масъалаҳои муҳим ба мувофиқа омаданд:

корҳои омодагӣ барои сохтмони нақби Чормағзак, ки дарозии он 4200 м. бо маблағгузории ҷониби Эрон;

суръати сохтмони нерӯгоҳи обии Сангтӯда-2 тезонида шуд, то ки он дар нимаи аввали  соли 2009 ба истифода дода шавад;

суръат бахшидан ба бунёди хати 500 киловолтаи интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Эрону Покистон аз тариқи Афғонистон ва роҳи мошингард ва роҳи оҳани байниминтақавии Колхозобод-Панҷи Поён-Қундуз-Мазори Шариф-Ҳирот-Машҳад;

бунёди маркази бузурги тиҷоратии Тоҷикистону Эрон дар шаҳри Душанбе.

Таъкид гардид, ки баъди анҷоми нерӯгоҳи обии Сангтӯда-2 дар болои дарёи Вахш бунёди нерӯгоҳи нав бо иқтидори 1000 мегават оғоз мегардад.

Мувофиқаи муҳимми дигар байни ширкати “Сомон-Эйр”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати “Меҳан-Эйр”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи таъсиси ширкати муштараки ҳавопаймоӣ ба даст омад, ки ба болоравии сифати хизматрасонии ҳавопаймоӣ мусоидат хоҳад кард.

Байни Ширкати алюминийи Тоҷикистон “Талко” ва  ширкати алюминии Ҷумҳурии Исломии Эрон  “ал-Маҳдӣ” қарордод ба имзо расид, ки тибқи он “Талко” метавонад аз ин кишвар гилхок,  кокс ва пек гирад ва ширкати алюминии Ҷумҳурии Исломии Эрон  “Иралко” ва ҳамчунин “Дубал”-и Амороти Муттаҳидаи Арабро бо блокҳои анодӣ таъмин намояд.

Соли 2007 заминаи хуби ҳамкории гуногунҷабҳа байни Тоҷикистону Озарбойҷон гузошта шуд.  Ин заминаи ҳамкорӣ зимни сафари расмии Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Тоҷикистон, ки моҳи март ҷараён дошт ва ҳангоми сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Озарбойҷон моҳи август  фароҳам оварда шуд.

Дар натиҷаи ду сафари сатҳи олӣ дар Душанбе ва Боку дар маҷмӯъ 20 санади муҳими ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ ба имзо расид. Муҳимтарини ин санадҳо Аҳдномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон буд, ки он дар Душанбе аз ҷониби сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев ба имзо расид. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон заминаи ҳуқуқию қарордодии омодагашта метавонад ҳаҷми солонаи мубодилаи молро байни ду кишвар то ба 700 миллион доллари амрикоӣ расонад, ки ин дастоварди хеле муҳим хоҳад буд. Илҳом Алиев изҳор дошт, ки сармоягузорони Озарбойҷон азм доранд дар омӯзиши конҳои газу нафти Тоҷикистон, истихроҷу коркарди он ва дар дигар соҳаҳои иқтисодиёти кишвари мо иштироки фаъол дошта бошанд.

Зимни ин сафарҳо барои ҳамкории густурда дар истеҳсол ва коркарди алюминий замина гузошта шуд, ки дар муддати камтар аз як сол ҳаҷми доду гирифти ин соҳа байни ду кишвар аз 1 миллион тонна борҳои гуногун бештар мебошад.

Баъди як моҳи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Озарбойҷон Сафоратхонаи ин давлат дар Тоҷикистон кушода шуд. Худи ҳамин сол рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Озарбойҷон гузаронда шуда ва  соли 2008 рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Сафари расмии ҷавобии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи сентябр ҷараён дошт, баҳри густариши муносибатҳои ҳамкории ду кишвар нақши муҳим гузошт.  Зимни сӯҳбатҳо аз болоравии мубодилоти мол байни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Пешрафти назаррас, аз ҷумла натиҷаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон, ки моҳи майи соли 2006 сурат гирифта буд ва мулоқотҳои дигари сатҳи олӣ дониста шуд. Зикр гардид, ки мубодилоти мол дар соли 2006 қариб 215 миллион доллари амрикоӣ расид. Дар ҳафт моҳи соли 2007 ин нишондиҳанда аз 200 миллион доллари амрикоӣ бештар гардид.

Зимни сафарҳои расмии сарони ду давлат ба кишварҳои ҳамдигар дар маҷмӯъ 13 санади мумҳим ба имзо расида, ки дар натиҷа заминаи хуби ҳуқуқии ҳамкорӣ фароҳам омад. Дар воқеъ, тайи ду соли ахир фаъолияти соҳибкорону тоҷирони Қазоқистон дар Тоҷикистон хеле босамар арзёбӣ мешавад.

Ҳамчунин барои кору фаъолият дар Қазоқистон барои шаҳрвандони Тоҷикистон низ шароити хуб фароҳам оварда шуд, ки ҳамаи инро метавон натиҷаи иродаи сиёсӣ ва омодагию ҳавасмандии сарони ду давлат  маънидод кард.

Моҳи сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон рафт.

Пас аз анҷоми мулоқотҳои расмӣ  бо иштирок ва дар ҳузури сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Қурмонбек Боқиев 5 санади муҳим оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои  танзими раванди муҳоҷират ва ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирон, комплекси агросаноатӣ,  фарҳанг ва ҳуҷҷатдории бойгонӣ ба имзо расид.

Дар нишасти матбуотӣ сарони давлатҳо изҳор доштанд, ки сафари мазкур ба марҳилаи нави муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон асоси воқеӣ мегузорад.

Дар Бишкек Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо намояндагони Ассотсиатсияи тоҷикони муқими Қирғизистон, ки бо номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ва бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои олии таълимии ин кишвар таҳсил мекунанд мулоқот намуда, бо онҳо сӯҳбати судманд анҷом дод. Сарвари давлат Эмомали Раҳмон ба онҳо иттилоъ дод, ки минбаъд тибқи мувофиқаҳои бадастомада Тоҷикистон мактабҳои қирғизии худ ва Қирғизистон мактабҳои тоҷикии худро бо тамоми маводи зарурӣ, аз ҷумла бо асбобу анҷоми хониш бо забони модарӣ таъмин мекунанд.  Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба тоҷикони Қирғизистон 2 ҳазор дона китобҳои илмию таърихӣ ва бадеии тоҷикӣ ва ҳамчунин шумораи зиёди асбобҳои мусиқӣ ва либосҳои миллии саҳнавӣ тӯҳфа карда шуд, ки боиси хушнудию сарфарозии онҳо гашт.

Авали моҳи декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Япония рафт. Дар доираи барномаи сафари расмӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Императори Япония Акихито, Сарвазири ин давлат Ясуа Фукуда ва дигар шахсони расмӣ сӯҳбатҳои пурмӯҳтаво анҷом дод. Императори Япония Акихито изҳори боварӣ намуд, ки ин сафар ба густариши муносибатҳои судманди ду кишвар такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Дар мулоқот бо Сарвазири Япония Ясуа Фукуда мубодилаи судманди афкор атрофи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои автомобилгарди байни Тоҷикистону Афғонистон бо фарогирии қитъаи роҳи Дустӣ - Панҷ - Фархор – Гулистон, бунёди «бандари озоди дохилӣ», маркази ташхиси хун ва сохтмону таҷдиди мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ сурат гирифт.

Соҳаҳои кишоварзӣ, саноати сабуку хӯрокворӣ, истихроҷ ва коркарди газу нафт, маъданҳои кӯҳӣ ва махсусан соҳаи гидроэнергетика аз самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои минбаъдаи ду кишвар дониста шуд.

«Япония ба таҳкиму тавсиа бахшидани муносибатҳои худ бо Тоҷикистон манфиатдор аст» изҳор дошт Сарвазири Япония Ясуа Фукуда.

Натиҷаи ин робитаҳои судбахш аст, ки то имрӯз аз ҷониби Ҳукумати Япония барои дастгирии сиёсати иҷтимоию иқтисодии Ҳукумати Тоҷикистон ва амалӣ намудани тадбирҳои пурсамар кӯмакҳои зиёди техникию молиявӣ расонда мешавад.

Дар шаҳри Токио Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ҳамчунин бо соҳибкорону тоҷирони Япония мулоқоти озоду самимӣ доир намуд, ки ба андешаи коршиносон натиҷаҳои хуб ба бор хоҳад овард. Барои ин ҳамкориҳо Соли 2007 дар ташкил ва густариши ҳамкориҳои бисёрҷанба бо Туркманистон басо пурмаҳсулу умедбахш буд.  Барои ин ҳамкориҳо заминаи мӯътамади сиёсию ҳуқуқӣ зимни сафари расмии Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба Тоҷикистон ва сафари расмии ҷавобии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон гузошта шуд.  Дар ҷараёни ин сафарҳо дар мачмӯъ 11 санади ҳамкорӣ ба имзо расид, ки муҳимтарини онҳо Аҳднома оид ба дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Туркманистон аст. Санадҳои дигар барои ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, фарҳанг ва ҳунар,  маориф, ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи сармоягузорӣ,  комплекси агросаноатӣ, алоқаи ҳавоӣ, ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ,  ҳифзи мутақобилаи иттилооти махфӣ, канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирии саркашӣ аз супурдани андоз заминаи ҳуқуқӣ муҳайё намуданд.  

Оғози интиқоли нерӯи барқ аз Туркманистон ба Тоҷикистон, ки тӯли 5 соли оянда дар мавсими зимистон ҷараён хоҳад гирифт, таъсис ёфтани комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва бо маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ таъмин гаштани Тоҷикистон аз ҷониби Туркманистон аз ҷумлаи натиҷаҳои пурарзиши ҳамкории ду кишвар аст.

Ҳанӯз сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Туркманистон анҷом наёфта аз корхонаи нафттозакунии ба номи Туркменбошӣ нахустин қатори роҳи оҳан бо кокси нафтӣ сӯйи Ширкати алюминийи Тоҷикистон «Талко» ба роҳ баромад, ки ин нишона аз ҳавасмандии устувори ҳамкории ҳарду кишвар аст.

Ҷиҳати рушди робитаҳои фарҳангии мардумони ду кишвар роҳбарони ду давлат тасмим гирифтанд, ки соли 2008 Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон ва соли 2009 Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон баргузор карда шавад.

Рӯйдоди бисёр муҳимму пурарзиш аз ҷониби Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳадя гаштани як аспи ҷавони хушзоти Ахалтегин бо номи «Диёр» буд, зеро ки ба андешаи коршиносон чунин тӯҳфа танҳо ба шахсиятҳои олимақом ва хеле муътабару муҳтарами мардуми туркман сазовор дониста мешавад.

Дар ин давра Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ғайр аз сафари расмии худ ду сафари корӣ ба Туркманистон анҷом дод, ки яке 24 декабри соли 2006 ҷиҳати иштирок дар маросими дафни  нахустин Президенти он Сапармурод Ниёзов ва дафъаи дуюм моҳи феврали соли 2007 барои ширкат дар маросими расмии ба иҷрои вазифа шурӯъ намудани Президенти нави Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов буд. Иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими видоъ ва ба роҳи охират гусел намудани  нахустин Президенти Туркманистон Сапармурод Ниёзов ва дар  тантанаҳои ба иҷрои вазифа шурӯъ намудани Президенти нави Туркманистон, ки аз рӯйи эҳтирому самимият, адои суннатҳои аҷдодӣ ва ҳусни ҳамсоягӣ сурат гирифт, боиси сарфарозӣ ва қадршиносии роҳбарият ва мардуми ин кишвар гашт.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Туркманистон зимни сафари кории аввал ҳамчунин бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шавкат Азиз, ёвари Котиби давлатии  Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ричард Баучер, Вазири захираҳои обии Ҳиндустон Сайфиддин Соз ва Котиби давлатии Ҷумҳурии Қирғизистон  Адахан Мадумаров мулоқотҳои судбахш анҷом дод.

Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шавкат Азиз ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ҷаҳду талошҳои  беназираш баҳри   мавриди истифода қарор додан ва ба нафъи кишварҳои минтақа, аз ҷумла Афғонистону Покистон равона намудани захираҳои обию энергетикии Тоҷикистон арзи сипосу миннатдорӣ намуда, таъкид дошт, ки Тоҷикистон дар ояндаи наздик дар бозори минтақавии нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ нақши марказӣ  хоҳад дошт.

Зимни сафари кории дуюм ба Туркманистон Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мулоқот намуда, масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишварро асосан дар соҳаи иқтисод ва савдо, муносибатҳои бонкӣ ва сармоягузории лоиҳаҳои стратегии кишвари мо баррасӣ намуд.

Дар давраи баъд аз интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то охири соли 2007 Сарвари давлат Эмомали Раҳмон ҳамчунин дар якчанд ҳамоишҳои сатҳи олии байналмилалӣ ва минтақавӣ иштирок намуда, ҷиҳати муаррифии сиёсати мутавозини хориҷии Ҳукумати кишвар қадамҳои устувор гузошт.

Нахустин сафари хориҷии Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  рӯзи 27 ноябри соли 2006 ба шаҳри Минск рост омад, ки ҳадаф аз он иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буд. Сарони давлатҳои аъзои ИДМ қабл аз оғози ҷаласа Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бори дигар ба муносибати аз нав бо аксарияти кулли овозҳои мардум ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданаш табрику таҳният гуфтанд.

Роҳбарони давлатҳо оид ба масъалаи асосӣ, яъне ислоҳоти ИДМ ва ба талаботи ҳаёти имрӯза мутобиқ намудани он ба хулосаи ягона омада натавонистанд.  Барррасии масъала то ҷаласаи навбатӣ, ки дар шаҳри Душанбе ба моҳи октябри соли 2007 ба нақша гирифта шуда буд, мавқуф гузошта шуд.

Моҳи август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҷаласаи 7-уми Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок  намуд.

Дар саммити мазкур масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ, илму техника, фарҳанг ва мудофиаю амният мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Баъди анҷоми музокироти сарони давлатҳо 11 санади ҳамкорӣ ба имзо расид, ки муҳимтарини онҳо «Аҳднома дар бораи ҳусни ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкории дарозмуддати давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай» буд.

Санадҳои дигар Декларатсияи Бишкекии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, Изҳороти муштараки Сарони давлатҳо ва созишномаҳо дар бораи ҳамкорӣ байни соҳибкорону бонкҳо, равобити фарҳангӣ ва ғайра буд. 

Бояд тазаккур дод, ки раёсат ё худ раисии Созмони ҳамкории Шанхай  баъди ҷаласаи Бишкек ба ҷониби Тоҷикистон гузашт ва ҷаласаи ояндаи Сарони давлатҳои аъзои он соли 2008 дар Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор хоҳад гашт.

Дар шаҳри Бишкек Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи саммит ҳамчунин бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод,  Президенти Ҷумҳурии Қиргизистон Қурмонбек Боқиев ва бо Муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Линн Паско вохӯриҳои судманд анҷом дод.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао дар сӯҳбат бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки ҷониби Чин барои татбиқи амалии ҳамаи санадҳои ҳамкории ду кишвар саъю кӯшиш намуда, ҳамчунин омода аст ба кишвари мо иловатан дар бунёди корхонаҳои коркарди амиқи нахи пахта ва ба дигар соҳаҳо низ кӯмаки амалӣ расонад.

Эмомалӣ Раҳмон аз Ху Тсзинтао даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф оварад. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин даъватро бо қаноатмандӣ пазируфта, таъкид дошт, ки соли 2008 ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом хоҳад дод.

Дар чаҳорчӯби ҳамоиши навбатии сарони кишварҳои аъзои созмони ҳамкории Шанхай дар машқгоҳи Чебаркули назди шаҳри Челябински Федератсияи Россия машқҳои муштараки низомӣ таҳти номи «Вазифаи сулҳҷӯёна-2007» баргузор гашт, ки аз ҷараёни даври ниҳоии он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар давлатҳо назорат намуданд. Аз Тоҷикистон дар ин машқҳо беш аз 100 нафар хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиа иштирок доштанд.

Дар маҷмӯъ ба ин машқҳо беш аз 7 ҳазору 300 нафар хизматчиёни ҳарбии сохторҳои гуногуни қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва беш аз 500 адад техникаи гуногуни ҳарбӣ сафарбар шуда буд.

Дар Чебаркул Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир  Путин мулоқот намуд. Зимни сӯҳбати онҳо робитаҳои судбахши байни сохторҳои низомию амниятии ду кишвар, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, дастгирии Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон, ба низом даровардани муҳоҷирати меҳнатӣ ва беҳтар намудани шароити кору зиндагии шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Россия аз самтҳои муҳимми ҳамшарикии стратегии ду кишвар арзёбӣ гардид.

Владимир Путин ҳамчунин таъкид дошт, ки тибқи маълумоти роҳбарияти машқҳои муштараки «Вазифаи сулҳҷӯёна-2007»  хизматчиёни низомии Тоҷикистон қариб аз рӯйи тамоми нишондодҳои он ҷойҳои аввалро сазовор гаштаанд. Бояд тазаккур дод, ки умуман Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон тибқи баҳои коршиносони низомӣ аз ҷиҳати таҷриба ва омодагии ҷангӣ дар Осиёи Марказӣ ва атрофи он ҷойи аввалро ишғол мекунанд.

Ҳамчунин қобили таъкид аст, ки бурду бохти Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҳамеша таҳти назорат ва ғамхории бевоситаи Сарфармондеҳи Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Дар Челябинск Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо зиёда аз 100 нафар тоҷикони муқими ин ва дигар минтақаҳои Россия вохӯрӣ намуда, бо онҳо сӯҳбатҳои озоду ошкоро ва судбахш анҷом дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз боби нигаҳдорӣ ва рушду нумӯи фарҳанги миллӣ дар хориҷ аз Тоҷикистон андешаронӣ карда, аз ҷумла изҳори қаноатмандӣ кард, ки имрӯз дар 55 давлати ҷаҳон ҷамъият ва марказҳои фарҳангии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ пурсамар фаъолият мекунанд.

Дар мулоқот зикр гардид, ки дар минтақаҳои гуногуни Россия 68 ҷамъияти тоҷикон ва 160 корхонаи хусусии аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон бунёдгашта  фаъолият мекунанд.  Намояндагони тоҷикони Россия Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бовар кунонданд, ки бо кору фаъолияти бенуқсон ва рафтору кирдори шоистаи худ ба тарғибу ташвиқи фарҳанги волои миллати бостонии тоҷик дар ин кишвар саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Аввали моҳи декабри соли 2007 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар саммити 1-уми Форуми Оби кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором иштирок намуд, ки дар шаҳри Беппуи Япония баргузор гашт. Ин сафарро дар раванди муаррифии байналмилалии Тоҷикистон метавон аз сафарҳои аз ҳама бобарору пурмаҳсули Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2007 маънидод кард.

Масъалагузорӣ ва пешниҳодҳое, ки аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон дар ин саммит ба миён гузошта шуд, аз ҷумла дар воситаҳои ахбори умум ҳамчун пирӯзӣ ё ғалабаи пурарзиши Эмомалӣ Раҳмон дар дипломатияи ҷаҳонию минтақавии об арзёбӣ гашт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури роҳбарият ва намояндагони 49 давлат ва беш аз 10 созмони байналмилалию минтақавӣ даъват намуд, ки масъалаи об  ба баррасии Ассамблеяи Генералии СММ пешниҳод карда шавад.

Пешниҳодҳои дигари ӯ дар бораи қабули Конвенсияи Байналмилалии Об, таъсис додани фондҳои фавқулоддаи минтақавию байналмилалии об, ба Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал додани мақоми муассисаи назди Созмони Милали Муттаҳид, минтақаи афзалиятноки татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола эълон намудани ҳавзаи баҳри Арал ва истифодаи оби мусаффои кӯли Сарез барои таъмини аҳолии Осиёи Марказӣ бо оби нӯшокӣ аз ҷониби иштирокчиёни саммит бисёр арзишманд ва муҳим арзёбӣ шуд.

Баъди бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “Соли оби тоза” эълон гаштани соли 2003 ва даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» эълон шудани солҳои 2005-2015 ин пешниҳодҳо аз тадбирҳои пурарзиши навбатии сарвари давлати мо баҳри ҳаллу фасли мушкилоти глобалии обӣ аст.

Тадбири муҳимми дигар ин даъват намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба коҳиши офатҳои табиии вобаста ба об аст, ки тобистони соли 2008 дар Тоҷикистон бо иштироки намояндагони кишварҳо ва созмонҳои манфиатдор баргузор хоҳад гардид.

Ба ин пешниҳодҳо ҳамчунин зимни мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Директори Котиботи Стратегияи Байналмилалии СММ оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ Салвано Брайсено,  Президенти Шӯрои ҷаҳонӣ оид ба масоили об Луис Фошон, Раиси Кумитаи тадорукоти саммити мазкур, собиқ Сарвазири Япония Йоширо Мори ва бо Директори Генералии ЮНЕСКО Коичиро Матсуура баҳои баланд дода шуд.

Ва беш аз ин Директори генералии ЮНЕСКО  Коичиро Матсуура таъкид дошт, ки ин созмон омода аст  барои татбиқи амалии пешниҳод оид ба истифодаи оби кӯли Сарез баҳри таъмини 30-40 миллион аҳолии Осиёи Марказӣ бо оби ошомиданӣ кӯмаки техникӣ расонад.

Моҳи декабри соли 2007 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар шаҳри Ашхобод – пойтахти Туркманистон дар маросими ифтитоҳи Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи пешгирикунанда ва дар конфронси байналмилалии «Дипломатияи пешгирикунанда ва ҳамкории байналмилалӣ» иштирок намуд.

Иштироки Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин чорабиниҳо ва масъалагузориҳои пурманфиати ӯ нишона аз ҷонибдории устувор ва чораандешиҳои  ӯ баҳри рушди ҳамкориҳои минтақавӣ аст, ки ин аз ҷониби Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов хуб арзёбӣ гардид.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ва дигар нотиқон изҳори боварӣ намуданд, ки ин марказ боз як воситаи хуб дар роҳи ҳаллу фасли масоили вобаста ба истифодаи босамари имконоти муштараки нақлиёту коммуникатсия, захираҳои обию энергетикӣ ва дигар захираҳои мавҷудаи минтақаи Осиёи Марказӣ мегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ҳамчунин мулоқотҳои сершумори дигар дар дохили кишвар бо намояндагони воломақоми давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ доир намуд, ки вохӯриҳо  бо Президенти Федератсияи футболи умумиҷаҳонӣ Ҷозеф Блаттер, Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон Луиз Арбур, Комиссари олии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба аҳаллиятҳои миллӣ Ролф Экеус, Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Италия Ҷанни Вернетти, намояндаи махсуси Дабири кулли Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) оид ба Осиёи Марказӣ ва Кавказ Роберт Симмонс, Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Директори муассисаи минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои Аврупо ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Кори Удовички, Директори генералии Департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонки Осиёии Рушд Хуан Миранда, Фармондеҳии нерӯҳои марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико адмирал Уилям Феллон, Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Марк Перин де Бришамбо, Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Нилекантан Равви, Вазири корҳои хориҷии Словакия Ян Кубиш, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Булғория Ивайло Георгиев Калфин, Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Фаронса Эрве Моран, Муовини раиси Маҷлиси умумичинии вакилони халқ Хэ Лули, Директори Бонки таҷдид ва рушди Аврупо оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Масару Хонма, Ноиби президенти Бонки умумиҷаҳонӣ Шигео Катсу, Президенти Бонки Осиёии Рушд Харухико Курода ва бо Вазири давлати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба корҳои хориҷӣ Муҳаммад ибни Ҳуссайн аш-Шиъолӣ муҳимтарини онҳо ба шумор мераванд. Давоми соли 2007 конфронсу саммит ва дигар чорабиниҳои байналмилалӣ ҳамчунин дар пойтахти Тоҷикистон - Душанбеи хушманзараи мо баргузор гаштанд,  ки аз худ нақши намоён гузоштанд.

Аввали моҳи июн дар Бӯстонсарои ҳукумат бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти Гурӯҳи машваратии намояндагони кишварҳо ва созмонҳои байналмилалии мададрасон зери унвони «Форуми рушди Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур масоили вобаста ба татбиқи амалии Стратегияи миллии Рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015, Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2009 ва тадбирҳои раҳоӣ аз онҳо ба мисли ислоҳоти идораи давлатӣ, ҷалби инвеститсия ба иқтисодиёти миллӣ, рушди бахши хусусӣ, инкишофи имкониятҳои инсонӣ, ҳаллу фасли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва бад-ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи мардум баррасӣ шуд. Татбиқи амалии ин санадҳо, ки дар якҷоягӣ бо кишварҳо ва созмонҳои байналмилалии мададрасон таҳия гардидаанд, ҷалби 5 миллиарду 30 миллион доллари амрикоиро ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар назар доранд. То ҳамон рӯз барои сармоягузории 2 миллиарду 254 миллиони он мувофиқа ҳосил шуд буд. То соли 2009 600 миллион доллари амрикоӣ бояд аз худ карда мешуд.

Конфронси байналмилалии бахшида ба 10-солагии ба имзо расидани  Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки рӯзи 25 июн дар Бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд, аз ҷумлаи чунин рӯйдодҳои пурарзиш маҳсуб мешавад.

Дар конфронси байналмилалӣ намояндагони воломақоми Тоҷикистон, давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои зиёди байналмилалию минтақавӣ, умуман шахсиятҳои бисёри баландпоя, ки дар раванди барқарор намудани сулҳи миёни тоҷикон саҳми намоён гузоштаанд ва  корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, олимону муҳаққиқони дохилию хориҷӣ иштирок намуданд. 

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 10-умин солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ  22 нафар шахсиятҳои намоён аз дохил ва хориҷи кишвар барои хизматҳои арзанда дар раванди ба даст овардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон  бо мукофотҳои олии давлатӣ, аз ҷумла орденҳои “Зарринтоҷ дараҷаи I”, “Дӯстӣ”,  “Спитамен дараҷаи I” ва “Шараф дараҷаи I” сарфароз гардиданд.

Нақши пурарзиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ аз ҷониби Иттиҳодияи умумиҷаҳонии хайрияи «Сулҳовар» ва Хазинаи байниминтақавии ҷамъиятии хайрияи «Галаситора» бо Ситораи ёқути сурх «Сулҳовар»  қадрдонӣ карда шуд.

Бояд тазаккур дод, ки Иттиҳодияи умумиҷаҳонии хайрияи «Сулҳовар» созмони байналмилалии ҷамъиятӣ буда, аз ҷониби шахсиятҳои бузурги соҳаи фарҳанг, илм, варзиш ва соҳибкории ИМА, Британияи Кабир, Россия, Швейтсария, Лаҳистон, Булғористон ва дигар кишварҳои ҷаҳон таъсис дода шудаст. Ситораи ёқути сурх «Сулҳовар» мукофоти олии ин созмон аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахустин роҳбари давлат буд, ки ба хотири фаъолияти бузурги сулҳовариаш бо ин мукофоти олӣ сарфароз гардонда шуд. Худи ҳамон рӯз намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Пйер Морел барои намояндагони воситаҳои ахбори умум  ҳамчунин нишасти матбуотӣ ороста, иттилоъ дод, ки маблағи нахустини барои татбиқи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ пешбинишуда 750 миллион «евро»-ро ташкил медиҳад. Ӯ Тоҷикистонро шарики муҳимми Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ номида таъкид дошт, ки қисмати зиёди ин ва дигар маблағҳо ба кишвари мо ҷудо мегардад.

Конфронси 6-уми Барномаи ҳамкории минтақавии иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ низ, ки моҳи ноябри соли 2007 дар Душанбе баргузор гардид, басо муфид буд. Дар доираи баргузории ин конфронс ва баррасии масоили ҳамкории минтақавӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд ду созишнома ба имзо расид, ки маблағи умумии онҳо 104,1 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Як созишнома оид ба лоиҳаи «Беҳтарнамоии роҳи минтақавии байни Тоҷикистону Қирғизистон» буд, ки мувофиқи он марҳилаи сеюми таҷдиди роҳи Душанбе-Рашт-Тоҷикобод-Ҷиргатол-Қарамиқ-Саритош маблағгузорӣ карда мешавад. Ҳаҷми ин лоиҳа 76,2 миллион доллари амрикоӣ буда, 53,4 миллиони он сармояи Бонки Осиёии рушд мебошад, ки аз он 12 миллионаш грант ё худ кӯмаки бебозгашт аст. Саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин лоиҳа 22,8 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Созишномаи  дуюм доир ба лоиҳаи «Идораи хатари обхезӣ дар вилояти Хатлон» буд. Ин лоиҳа ба беҳтарнамоии вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии аҳолӣ, кам кардани хатари обхезӣ ва барқарорсозии инфрасохтор дар ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Ҳамадонӣ ва Фархори вилояти Хатлон нигаронида шудааст. Маблағи умумии созишнома 27,7 миллион доллари амрикоӣ аст, ки аз он 79,42 % ё худ 22 миллиони он саҳми Бонки Осиёии рушд ва 5,7 миллион ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Маблағҳои ҳарду созишнома ҳам имтиёзӣ буда, дар мӯҳлати 5 сол аз худ карда мешаванд. Мӯҳлати бозпардохти онҳо 32 сол мебошад. Ҳаҷми бозпардохт дар 8 соли аввал 1% ва баъд аз он 1,5%-ро ташкил медиҳад.

Рӯйдоди аз ҳама муҳим ва хотирмон дар сиёсати байналмилалии Тоҷикистон ин ташкил ва гузарондани Саммитҳои сатҳи олии ИДМ, Иттиҳоди иқтисодии Евразия ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ буд.

Ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил роҳбарони  давлатҳои Арманистон - Роберт Кочерян,  Беларус - Александр Лукашенко, Гурҷистон - Михаил Саакашвили, Молдова - Владимир Воронин, Озарбойҷон - Илҳом Алиев, Россия - Владимир Путин, Туркманистон - Гурбонгулӣ Бердимухамедов, Қазоқистон - Нурсултон Назарбоев, Қирғизистон - Қумонбек Боқиев ва Узбекистон - Ислом Каримов ба Душанбе ташриф оварданд. Аз роҳбарони давлатҳо танҳо Президенти Украина Виктор Юшенко бо сабаби авзои ноороми кишвараш дар ҷаласа ширкат карда натавонист.

Натиҷаи асосии саммити сарони давлатҳои ИДМ  қабули Консепсияи рушди минбаъдаи иттиҳод ва  нақшаи чорабиниҳои татбиқи он буд, ки қаблан як сол пеш дар Минск ва тобистони соли 2007 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баррасии он бенатиҷа анҷом ёфта буд. Қабул гаштани санади «Пешниҳодҳо оид ба сиёсати мувофиқашудаи муҳоҷират» ва як қатор асноди муҳимми дигар низ аз натиҷаҳои пурарзиши ҳамоиши Душанбе маҳсуб мешавад.

Қобили таъкид аст, ки дар мулоқоти ҳайатҳои васеъ  бо қарори якҷояи сарони кишварҳои аъзои ИДМ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми намоёнаш дар роҳи муттаҳидсозии имкону захираҳои ҳамкории муштарак аз ҷониби Раиси Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ  - Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев Нишони фахрии ИДМ тантавор тақдим карда шуд.

Мулоқотҳои дар шаҳри Душанбе анҷомдодаи Сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Евразия ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ низ бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст гардиданд.

Бо қарори Сарони давлатҳо раёсат дар Иттиҳоди иқтисодии Евразия ба давлати Тоҷикистон гузашт ва дар давоми як соли оянда Раиси Шӯрои байнидавлатии Иттиҳод  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хоҳад буд.

Шаҳри Душанбе он рӯзҳо ҳамчунин маркази баргузории мулоқотҳои дуҷонибаи сарони давлатҳо ва дигар шахсони расмии воломақом гардид. Дар ҳошияи саммитҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Молдова Владимир Воронин, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мулоқотҳои судманд анҷом дод.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Федератсияи Россия Владимир Путинро бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи як сарфароз гардонда, онро баҳои Тоҷикистон ба фаъолияти ӯ дар роҳи барқарорсозии шӯҳрату бузургии давлати Россия ва қадрдонии кишвари мо аз корҳои босамари ин шахсият дар роҳи таҳкиму густариши муносибатҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Россия маънидод кард.

Сарвари давлати Россия Владимир Путин ин мукофотро баҳои олии Тоҷикистон ба кори роҳбарияти давлати худ арзёбӣ карда, дар ҳамзамон ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сулҳу осоиш ва ба шоҳроҳи рушди бонизом равона кардани кишвар баҳои баланд дод. Владимир Путин ҳамчунин изҳор дошт, ки Россия ба ҳайси кафили амнияту суботи Тоҷикистон дар рушду нумӯъ ва гулгулшукуфии он манфиатдор аст.

Дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Дабирони генералии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай Николай Бордюжа ва  Болат Нургалиев Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкории ин созмонҳо дар соҳаи амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ ба имзо расид. Ин рӯйдод дар воситаҳои ахбори ҷаҳонӣ басо пурарзиш арзёбӣ гардид.

Қобили таъкид аст, ки дар Душанбе дар доираи се саммит ба имзо расидани Консепсияи рушди минбаъдаи ИДМ  ва  нақшаи чорабиниҳои татбиқи он, Пешниҳодҳо оид ба сиёсати мувофиқашудаи муҳоҷират, санади таъсисдиҳии Иттиҳоди гумрукӣ дар ҳайати Беларус, Россия ва Қазоқистон бо имкони ҳамроҳшавии дигар кишварҳо, наздик шудан ба қабули Консепсияи истифодабарии босамари захираҳои обию энергетикии Осиёи Марказӣ, додани имтиёзҳо барои харидории техника ва таҷҳизоти ҳарбии Россия ва дигар санадҳои муҳим бори дигар шаҳри сулҳу созиш ва умеду орзуҳо будани пойтахти кишвари мо Душанберо баръало собит намуд. Аз ин хотир натиҷаи саммитҳои сегонаи Душанбе дар воситаҳои ахбори ҷаҳонӣ ба ҳайси рахнаи монеаҳо ва ҳатто дастовардҳои  «қариб инқилобӣ» талқин шуданд.  Сатҳу сифати омодагӣ ва ташкили кори сарони давлатҳо ва ҳамаи зинаҳои дигар аз ҷониби меҳмонони саммит баҳои хеле баланд гирифт.

Суханҳоеро, ки дар рӯзҳои ин саммитҳо ба унвони Тоҷикистон, Сарвари он Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми кишвар аз ҷониби сарони давлатҳои қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ садо доданд, метавон ҳамчун баҳои воқеии онҳо ба дирӯзу имрӯзи Ватани азизи мо ва ояндаи умедбахшу дурахшони он донист.

Дар маҷмӯъ соли 2007 аз бисёр ҷиҳат барои рушду нумӯи кишвар соли саршор аз рӯйдодҳои пурарзиш буд, ки муҳимтарини онҳо анҷоми даври омодагӣ ва оғози сохтмони асосии нерӯгоҳи обии Сангтӯда-1, ифтитоҳи пули азим миёни Тоҷикистону Афғонистон дар мавзеи Панҷи поён, тадбирҳо баҳри танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумӣ, оғози марҳилаи нави ҳамкорӣ бо кишварҳои арабӣ, рушди тозаи ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Мардумии Чин,  Туркманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Қирғизистон, ташаббусҳои байналмилалии обии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон  дар иртибот бо масоили дар саммити 1-уми Форуми оби кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором ва баргузории саммитҳои сегона бо иштироки роҳбарони 11 давлати қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Душанбе буд.

Воқеан дар ин мӯҳлат тавассути амалӣ намудани тадбирҳои пурарзиш дар сиёсати дохилию хориҷии давлати Тоҷикистон, ки таҳти сарварӣ ва раҳнамоии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  ҷараён гирифтанд, барои идомаи босуботи давраи рахнаи монеаҳои бузург ва фатҳи қуллаҳо заминаи мусоид гузошта шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520