Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

13.10.2009 18:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони як зумра вазорату идораҳо ва дигар шахсони дахлдор оид ба зимистони пешомад ва дигар масъалаҳои муҳим машварати корӣ анҷом дод.

Дар боби омодагӣ ба зимистон таваҷҷӯҳи зиёд ба сарфаю сариштакорона истифода бурдани захираҳои об ва нерӯи барқ зоҳир карда шуд. Дар робита ба ин Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар ҷумҳурӣ дар баробари воридот фурӯши лампаҳои тасфон ҳам дар моҳҳои наздик манъ карда шавад.

Ҳамчунин дастур дода шуд, ки пурра ба истифодаи лампаҳои каммасраф гузаштан таҳти назорати доимӣ қарор бигирад.

Аз рафти таҷдид ё худ азнавсозии агрегатҳои нерӯгоҳи обии Норак, ки аллакай чархи дуюмаш аз Украина ба Тоҷикистон расид, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Хотиррасон бояд намуд, ки чархи якуми нерӯгоҳ соли равон иваз карда шуд ва он бо иқтидори 335 мегават кор карда истодааст. Чархҳои ҳамаи 9 агрегат дар зарфи 5 сол пурра иваз карда хоҳанд шуд ва дар натиҷа иқтидори лоиҳавии он, ки 3000 мегават аст, аз нав барқарор мегардад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масоили соҳаи кишоварзӣ низ таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, ба масъулини дахлдор оид ба тезондани ҷамъоварии ҳосили пахта ва омодагӣ ба кишти тирамоҳӣ супоришҳои мушаххас дод.

Баррасии рафти корҳои созандагию бунёдкорӣ, аз ҷумла сохтмону навсозии роҳу пулҳо, мактабу бемористонҳо ва дигар иншооти иҷтимоӣ низ аз мавзӯъҳои асосии машварат буд.

Зимни машварат ҳамчунин таъкид гардид, ки сифати таълиму тарбияи насли наврас дар муассисаҳои таълимӣ бояд пайваста таҳти назорат қарор дошта бошад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520