Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Роҳбари идораи мусулмонони Озарбойҷон ва минтақаи Қафқоз шайхуислом Аллоҳшукур Пошшозода

05.10.2009 17:50, шаҳри Душанбе

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбари идораи мусулмонони Озарбойҷон ва минтақаи Қафқоз шайхуислом Аллоҳшукур Пошшозода зимни мулоқоти худ аз дӯстию шиносоии беш аз 18 - солаашон ёдовар шуда, сӯҳбати ошкору самимӣ анҷом доданд.

Зимни ёдоварӣ аз хидматҳо ва таълимоти Имоми Аъзам таъкид гардид, ки Абӯҳанифа муштаракоти муҳими мазҳабҳои суннию шииро дарёфт намуда, тавонист, ки пайванди миёни онҳоро таъмин созад.

Шайхуислом Аллоҳшукур Пошшозода ба тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хусусан Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини ваҳдати миллӣ ва тарғиби гуфтугӯйи миёни тамаддунҳо баҳои баланд дода, аз ҷумла изҳор дошт: «Ман мушоҳида мекунам, ки Шумо бо халқ астед ва халқ бо Шумо аст ва ман бори нахуст мебинам, ки роҳбари давлат бо чунин самимияти қалбӣ аз манфиати мардуми худ ва мусулмонони ҷаҳон пуштибонӣ намояд».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520