Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Имом- хатиби вилояти шимолии Қазоқистон Яҳёхоҷа Исмоилов

05.10.2009 17:20, шаҳри Душанбе

Дар сӯҳбат бо Имом- хатиби вилояти шимолии Қазоқистон Яҳёхоҷа Исмоилов, ки як нафар тоҷики соҳибнуфузи ин кишвар аст, масоили ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон ва ҳифзи манфиатҳои тоҷикони муқими ин давлат баррасӣ шуд.

Яҳёхоҷа Исмоилов иттилоъ дод, ки тадбирҳои сершумори фарҳангии Тоҷикистон, аз ҷумла оид ба бузургдошти Имоми Аъзам ва ҳамчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» дар миёни мардуми Қазоқистон, ба хусус дар воситаҳои ахбори ин кишвар мавриди омӯзишу пайравӣ қарор гирифтаанд.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар чаҳорчӯби Соли бузургдошти Имоми Аъзам дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон як мадраса ба номи ин фақеҳу донишманди камназири олами Ислом кушода шудааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520