Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими таҷлили 14-умин солгарди Ваҳдати миллӣ

26.06.2011 17:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Имрўз, ки мову шумо дар арафаи таҷлили солгарди навбатии Рўзи ваҳдати миллӣ, яъне санаи таърихӣ ва сарнавиштсози баҳамоиву оштии миллӣ, сулҳу суботи комил, асоси рушди ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоламон ҷамъ омадаем, ҳар як фарди Тоҷикистон, кулли ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро самимона табрик мегўям.

Чордаҳ сол пеш мо маҳз ба шарофати ваҳдати миллӣ ва дар ин замина муттаҳид сохтани нерўҳои сиёсӣ, таъмин кардани ризоияти ҷомеа тавонистем, ки истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзии кишварамонро ҳифз кунем ва сарҷамъии мардуми Тоҷикистонро таъмин намоем.

Бинобар ин, бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии ин санади сарнавиштсоз, арзиши сулҳу субот ва моҳияти ваҳдати миллиро ҳамчун неъмати бебаҳо беш аз пеш дарк ва қадр менамоем, барои пойдору устувор мондани он ҳамеша саъю талош меварзем ва ҳар сол Рўзи ваҳдати миллиро бо ифтихору сарфарозӣ ва шукўҳу шаҳомати хоса ҷашн мегирем.

Имсол таҷлили Рўзи ваҳдат дар арафаи ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон - 20 солагии истиқлолияти давлатӣ дар пойтахти кишвари азизамон - шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Ин рўзи таърихӣ воқеан ба марҳалаи нави такомули давлати соҳибистиқлоламон оғоз бахшида, барои татбиқи раванди созандагии давлат заминаи устувору мусоидро фароҳам овард.

Ва имрўз мо бо итминони комил гуфта метавонем, ки ҳамаи ободиву осудагии Ватани маҳбубамон - Тоҷикистон меваҳои шаҳдбори истиқлолият ва ваҳдати миллӣ мебошанд.

Бинобар ин, ҳар як сокини мамлакат бояд бо шукронаи сулҳу субот ва оромиву осудагии кишвар ҳамеша барои таҳкими ваҳдати миллӣ, тақвияти пояҳои давлатдории миллӣ ва вусъати раванди бунёдкориву созандагӣ саъю талош намояд.

Фазои имрўзаи сиёсии минтақа ва ҷаҳон моро водор мекунад, ки тамоми нерўҳои созандаи ҷомеаро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат равона созем.

Дар ин амри хайр ҷавонони кишвар ҳамчун нерўи пешрав ва бунёдкори ҷомеа бояд нақши арзанда дошта бошанд.

Зеро ояндаи ҳар як давлату миллат ба ҷавонон вобаста мебошад. Ин нукта дар нисбати Тоҷикистон маънии хоса дорад, чунки аксарияти аҳолии кишвари моро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Бинобар ин, мо ҷавононро дар татбиқи сиёсати давлатӣ такягоҳи асосӣ медонем.

Дар навбати худ тамоми мардуми кишвар, махсусан ҷавонон бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки ваҳдати миллӣ дар баробари истиқлолият арзиши муқаддасу бебаҳои ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва пешрафти ҳамаҷонибаи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлол ва давлатдории миллиамон бевосита ба ваҳдату ягонагии халқи Тоҷикистон ва сулҳу субот вобаста мебошад.

Аз ин лиҳоз, густариши пайвастаи худогоҳиву худшиносӣ ва таблиғи аҳамияти ваҳдати миллӣ дар шуури наврасону ҷавонон бояд яке аз самтҳои муҳимтарини кор ва меъёри асосии таълиму тарбия бошад.

Ин шоҳроҳи бунёдӣ, яъне худогоҳиву худшиносӣ шахсро водор месозад, ки ба қадри модар - Ватан, муқаддасоти миллӣ – истиқлолият, озодӣ ва рамзҳои давлатӣ, инчунин арзишҳои волои фарҳангиву ахлоқӣ, забони модарӣ, адабиёти оламшумул ва таъриху маданияти куҳани халқи худ бирасад ва барои ба наслҳои оянда гузоштани мероси арзанда кўшишу талош варзад.

Имрўз фарҳанги давлатсозӣ ва давлатдорӣ ба зиндагии ҷомеаи мо бо шаклу мазмуни нав ворид шуда, марҳала ба марҳала такмил меёбад ва моро ба бунёдкориву созандагӣ ҳидоят менамояд.

Ҳамзамон бо ин, ғояи ваҳдати миллӣ ҳамчун андешаи зиндагисози ҷомеаи мо рўз то рўз решадору мустаҳкам мегардад, зеро хурду бузурги мардуми Тоҷикистон ҳамеша хостори ободиву озодӣ ва оромиву осудагӣ мебошанд.

Ба воситаи ин ғояи асосии умумимиллӣ мо метавонем ҳамаи табақаҳои ҷомеаро муттаҳид гардонем ва рушди бемайлону устувори самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаро ба роҳ монем. Бо ин мақсад нигоҳ доштани фазои мусоиди сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми ақидаву мавқеъҳо, ризоияти ҷомеа, таҳаммулгароӣ ва мароми созандаву устувори ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ниҳоят зарур аст.

Ҳамгироӣ ва дар муҳити солим, яъне бо иттиҳоду иттифоқ ва муруввату мадоро зистан аз ҷумлаи фаризаҳои асосии ҳамбастагии башарият дар ҳама давру замонҳо ба ҳисоб меравад.

Тавре ки бузургони мо фармудаанд, тавоноӣ ва некбахтии ҳар як миллат ба иттиҳоду ваҳдати афроди он вобаста мебошад.

Иттиҳоди миллӣ ҳамеша бар ҷангу ҷидол ва нифоқу ҷудоӣ пирўз мегардад. Аз ин рў, вазифаи ҷонӣ ва қарзи имониву рисолати инсонии ҳар як фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандўсту ватанпарасти миллати мо таҳкими дўстиву бародарӣ, сулҳу созиш, тақвияти ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият мебошад. Мо бояд Ватани худро самимона ва аз таҳти дил дўст дорем ва барои ободиву шукуфоии он пайваста талош варзем.

Дар ин сурат мо метавонем эътимоду эътиқоди мардумро ба ғояи ваҳдати миллӣ, истиқлолият ва давлатдории миллӣ қавитар гардонем ва нақшаҳои азими созандаро пайгирона татбиқ созем.

Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ду боли як иқбол ва ду рукни меҳварии фарҳанги давлатдориву давлатсозии мо мебошанд, ки ҳамдигарро нерўи тоза ва тақвият мебахшанд.

Ба саодати наслҳои имрўзу оянда мо соҳиби давлати миллие мебошем, ки дар он ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу субот побарҷост.

Маҳз дар ин давра мо имкони таърихӣ пайдо кардем, ки ба воситаи андешаи ваҳдати миллӣ ҳамчун василаи ифодакунандаи фикру ақидаи аксарияти сокинони кишвар пояҳои давлатдориамонро мустаҳкам карда, барои таъмини зиндагии шоистаи мардум нақшаҳои созандаву бузургро тарҳрезӣ намоем, мушкилоти зиндагии имрўзаро ҳал кунем, шабу рўз заҳмат кашида, Ватанамонро обод гардонем ва ба наслҳои оянда як мулки ободу давлати пешрафтаро ба мерос гузорем.

Барои он ки дар ин самт мо ба натиҷаҳои боз ҳам назаррас ноил гардем, зарур аст, ки тамоми ҷомеа ба масъалаи таълиму тарбия ва рушди илму маориф рў оварад.

Наврасону ҷавононро дар рўҳияи ватандўстиву ватанпарастӣ тарбия бояд кард, то ки онҳо вориси ҳақиқии ин давлату ҷамъият буданашонро эҳсос намоянд ва барои ободии сарзамини аҷдоди худ огоҳона саъю талош варзанд. Имрўз дар ҷаҳон илм бо суръати кайҳонӣ пеш рафта, техника ва технологияҳои нав ихтироъ ва истеҳсол шуда истодаанд. Ба ҷавонони кишвари мо зарур аст, ки пойбанди расму ойинҳои хурофотӣ набошанд, балки аз дастовардҳои муосири илму техникаи ҷаҳон огоҳии бештар пайдо кунанд, диду назар ва ҷаҳонбинии хешро вусъат бахшанд, бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳ гарданд ва ҳамқадами шоистаи давру замон бошанд.
ҳадафи ниҳоии мо бо истифода аз дастовардҳои илму техникаи муосир ва технологияҳои пешрафта, инчунин аз расму оин ва арзишҳои миллии маънавӣ ва ахлоқӣ тарбия кардану ба камол расонидани наслҳои закиву донишманд ва соҳибмаърифату соҳибмаълумот мебошад, то дар оянда тақдири давлату миллати худро ба даст гирифта тавонанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Сулҳу ваҳдат ва таҳаммулпазирӣ дар табиату хислати мардуми тоҷик ба арзишҳои муқаддасе табдил ёфтаанд, ки бо ҷону равони мо сиришта шуда, дар ташаккули ахлоқу фарҳанг ва зиндагии маънавии ҷомеаи мо қадру манзалати баланд доранд.

Сулҳ, ваҳдат ва таҳаммулгароӣ дар фарҳанги оламшумули миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик ҳамчун се ҷавҳари маънавии тақдирсоз дар гирдоби таърих ва шебу фарози садсолаҳои ноором мо - тоҷиконро самандарвор нерўву тавон ва эҳёи дубора бахшидаанд.

Ҳар ҷомеа ба ҳадаф ва қутбнамое ниёз дорад, ки роҳи рушди худро мутобиқи он муайян созад. Чунин ҳадаф бояд дар заминаи таърих, арзишҳо ва ҳувияти миллӣ ташаккул ёфта, ба воқеият, ниёзҳо ва дархостҳои имрўзаи ҷомеа ҷавобгў бошад, аксари афрод ва табақаҳои ҷомеаро дар атрофи худ муттаҳид сохта, мардумро ба сўи рушду созандагӣ роҳнамоӣ кунад. Чунин андеша ва ҳадафи муттаҳидкунанда барои мо маҳз ғояи ваҳдати миллӣ мебошад.

Ташаккули ғояи ваҳдату ягонагӣ яке аз вазифаҳои умдаи ҳар як миллати соҳибдавлат мебошад, зеро бе андешаи устувори ваҳдати миллӣ ва дақиқ муайян кардани ҳадафу роҳи таърихии ҳар як халқ идомаи ҳаракати огоҳонаи он ба сўи дастовардҳои шоистаи сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ мушкил ва ҳатто ғайриимкон аст.

Албатта, бори аввал нест, ки миллати мо дар тўли таърихи худ ба зарурати ҳалли чунин мушкилот рўбарў гаштааст. Фарзандони хирадманди миллати тоҷик борҳо бо дарёфти посухи матлубу сазовор мардумро аз бунбасти ғоявӣ берун оварда, роҳҳои нави расидан ба марҳалаҳои рушду такомулро ба ҳамзамонони худ ва наслҳои оянда талқин намудаанд.

Дар робита ба ин, мехоҳам таваҷҷўҳи шуморо махсус ба як нуктаи ниҳоят муҳим ҷалб намоям. Танҳо баъд аз ҳазор соли бедавлатӣ миллати мо аз нав соҳибдавлат шуд ва истиқлолият ба даст овард.

Маҳз давлати миллӣ, давлати соҳибистиқлолу озоди демократӣ имконияти таърихӣ фароҳам овард, ки мо андешаи ваҳдати миллиамонро ба вуҷуд орем ва роҳу равиши халқамонро ба сўи оянда муайян созем, андешаи ҷомеъ ва ҷовидонаеро ба вуҷуд орем, ки бунёди онро адолат ташкил дода, мардумро якрўҳу ягона созад, аз арзишҳои асили фарҳангиву маънавии аҷдодамон сарчашма гирад, имрўзу фардои давлатро бо ҳам пайванд созад ва мавриди қабули аксари афроди ҷомеа бошад.

Дар шароити муосир таҳкиму ташаккули чунин ғоя на дар шакли як шиори таблиғотӣ, балки фақат дар шакли таҳияи як консепсия ё барномаи дақиқи дурнамои рушди миллӣ имконпазир аст. Таҳияи чунин ҳуҷҷати сарнавиштсоз кори саҳл нест. Аз ин рў, он бояд бо иштироки намояндагони соҳибназари тамоми табақаву гурўҳҳои ҷомеа сурат гирад.

Ваҳдати миллӣ асоси оромиву осудагии халқ, кафолати инкишофи давлат ва муҳимтарин омили рушди ҷомеа мебошад. Аз ин рў, бояд ҳар як фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандўсту ватанпараст дар қалбу шуури худ эҳсоси наҷиби ваҳдатро парвариш диҳад ва барои таҳкиму тақвияти он ҳамчун арзиши нодири милливу дастоварди бебаҳои замони истиқлолият талош намояд. Халқи тоҷик даҳшати ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, рўзҳои сахту сангин ва ҳисороти гарони онро фаромўш накардааст. Аз ин хотир, ҳамаи мо бояд беш аз ҳар вақти дигар ҳушёр бошем, шукронаи давлати соҳибистиқлол ва Ватани озоду соҳибихтиёрро ҳамеша ба ҷо орем, соҳиби Ватан буданро аз ҳар чизи дигар авлотар донем.

Маҳз дар ҳамин сурат ваҳдату иттиҳод, ҳамраъйиву ҳамбастагӣ ва ҳамдиливу якдигарфаҳмӣ барои ташаккул ва рушди андешаи фарогири ваҳдати миллӣ замина хоҳанд гузошт ва ин андеша мардумро ба пирўзиҳои минбаъда раҳнамоӣ хоҳад кард. Зеро хиради азалии миллати соҳибтамаддуни мо маҳз дар заминаи ҳувияти миллӣ, фарҳангсолорӣ, донишандўзиву муҳаббат ба миллату Ватан ба вуҷуд омада, барои соҳибистиқлолии кишвари мо заминаи мусоидро фароҳам овардаанд, ки самараи онро мо имрўз дар таҷлили ин ҷашни бузурги баҳамоиву якдигарфаҳмӣ, сулҳу субот ва ҳамбастагиву ҳамраъйии миллӣ мебинем.

Бори дигар ҳамаи шумо – ҳамватанони азизро бо ҷашни хуҷаставу муқаддаси ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар ва тамоми ҳамватанони бурунмарзӣ оромиву хушбахтӣ ва рўзгори ободу осуда орзу менамоям.

Бигзор ваҳдати миллии халқи тоҷик ҳамеша пойдору устувор ва ҷовидона бошад!

Бигзор дар сарзамини куҳанбунёди мо сулҳу субот абадӣ ҳукмфармо гардад!

Бигзор парчами Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар миёни ҷомеаи мутамаддини ҷаҳон доимо парафшон бошад.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520