Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи шодбошӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао

01.10.2009 14:00

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Сзинтао барқияи шодбош фиристод, ки дар он аз ҷумла, гуфта мешавад:

«Ҷаноби мӯҳтарам Раис,

бо камоли қаноатмандии бузург Шумо ва халқи бо мо дӯсти мамлакататонро аз номи халқи тоҷик ва шахсан аз номи худ ба муносибати ҷашни пуршарафи таърихӣ - 60 – солагии эълони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин самимона табрик менамоям.

Хурсандиовар аст, ки Чин дар ин муддат дар соҳаҳои асосии иқтисодиёт, пеш аз ҳама соҳаҳои иҷтимоӣ ва гуманитарӣ қадамҳои бузург ба пеш гузошт ва ба туфайли ин мамлакатро ба яке аз давлатҳои муқтадиртарини ҷаҳон табдил дод. Ҳамаи ин дастовардҳои бузурги халқи Чин дӯстони мамлакати Шуморо ба ваҷд оварда, обрӯю эътибори мамлакатро дар арсаи байналхалқӣ торафт афзунтар мегардонад.

Тоҷикистон ба қадри муносибатҳои анъанавии дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории самимона бо мамлакати Шумо мерасад, ки халқҳои ҳар ду давлатро ба ҳамдигар қарину наздиктар мегардонад. Ҳамаи ин имрӯз ҳам барои рушди минбаъдаи муносибатҳои мо заминаи боэътимод мебошад.

Ҷидду ҷаҳди муштараки мо ба вусъати ҳамкории доманадор дар доираи равобити дуҷониба ва истифодаи имкониятҳои Созмони ҳамкории Шанхай ва созмонҳои дигари байналхалқию минтақавӣ ба ин равшан шаҳодат медиҳанд.

Муносибатҳои дӯстонаи мо тӯли солҳои охир бемайлон густариш ёфта, хусусияти доманадортар пайдо мекунанд ва самарабахш густариш меёбанд. Барномаҳои муштараки стратегие, ки дар қаламрави Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд, намунаи олии вусъати ҳамкориҳои мо мебошанд.

Халқи тоҷик ба саҳми шахсии Шумо, ҷаноби Раис дар рушд ва вусъати муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан муфид баҳои баланд медиҳад, ки минбаъд ҳам ба манфиати халқҳои Тоҷикистон ва Чин хизмат хоҳанд кард.

Мо азми қавӣ дорем, ки дар оянда ҳам бо давлати бузурги Чин ҳамаҷониба ҳамкорӣ карда, кӯшишҳо ва ҷидду ҷаҳди дуҷонибаро ғанитар гардонем, зеро онҳо ҷавобгӯӣ талаботи замони ҳозира мебошанд.

Ҷаноби мӯҳтарам, ба Шумо аз таҳти дил саломатии комил, хушбахтӣ ва дар бобати ба даст овардани ҳадафҳоятон ба манфиати ободию шукуфоии мамлакататон комёбиҳои беназир орзумандам, ба халқи бо мо дӯсти Чин зиндагии фараҳмандона ва шукуфоӣ орзу мекунам».

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520