Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

30.09.2009 19:30, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон, бонкҳои тиҷоратӣ ва роҳбарони сохторҳои бахши иқтисодии мамлакат машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат натиҷаҳои фаъолияти бонкӣ ва нишондодҳои рушди онҳо дар 8 моҳи соли равон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, вазифаҳои минбаъда баҳри беҳдошти вазъи соҳа ва дастгирии давлатии он дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ муайяну мушаххас карда шуд.

Дар рафти машварат ҳисоботи Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода ва роҳбарони бонкҳои тиҷоратӣ шунида шуд.

Аз ҷумла зикр гардид, ки сатҳи таваррум дар 8 моҳи соли равон 4% - ро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,9 банди фоизӣ кам аст. Иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол дар Тоҷикистон 13 адад бонк ва 121 ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ амал мекунанд. Дар 8 моҳи соли равон 20 шуъбаи нави бонкӣ дар минтақаҳо, 4 оҷонсӣ, 68 нуқтаи интиқоли пул ва 29 ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ кушода шудааст.

Ҳаҷми амонатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 218,9 миллион ё худ 31,6% ва 209,8миллион ё худ 19,5% афзудааст, ки бешубҳа аз болоравии эътимоди мардум ба бонкҳои кишвар гувоҳӣ медиҳад. Дар 8 моҳ бонкҳо ба мизоҷони худ дар ҳаҷми умумии 2,9 миллиард сомонӣ қарз додаанд, ки аз он 1,1 миллиардашро қарзҳои хурд ташкил медиҳад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон беҳшавии хизматгузории бонкӣ, баланд шудани боварии мардум ба бонкҳо, афзоиши амонатҳо дар ташкилотҳои қарзӣ, афзудани ҳаҷми қарздиҳӣ, хусусан қарзҳои хурд ва тадриҷан афзудани ҷалби сармояи хориҷиро аз пешравию комёбиҳои асосии низоми бонкии кишвар дар солҳои охир маънидод намуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти нишондодҳои ҳисоботи роҳбарони бонкҳо ва таклифу пешниҳодҳои онҳо ба роҳбарияти сохторҳои масъули бахши иқтисодӣ дастур дод, ки баҳри дастгирии бештари низоми бонкии мамлакат дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ тадбирҳои муассиру судбахш андешанд.

Идомаи ислоҳоти бонкӣ, афзун намудани қарзҳо ба соҳибкорони ватание, ки маҳсулоти содиротӣ истеҳсол мекунанд ва ба соҳибкорони истеҳсолии деҳоти кӯҳистон, таъмини шаффофият дар фаъолияти бонкӣ ва дигар тадбирҳои муҳим зарур шумурда шуд.

Роҳбарони бонкҳо аз он, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар давоми соли равон аллакай ду бор аст, бо онҳо мулоқоту машварат анҷом дода, оид ба дастгирии давлатии соҳа тадбирҳои мушаххас меандешад, изҳори хушнудӣ намуда, таъкид бар он доштанд, ки баҳри ба сатҳи муосири ҷаҳонӣ баровардани хизматрасониҳои бонкӣ ҷаҳду талош мекунанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520