Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Маҷмааи тиҷоратии “Наврӯз” дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

25.03.2021 09:25, ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
Ифтитоҳи Маҷмааи тиҷоратии “Наврӯз” дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ   25.03.2021

25 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Маҷмааи тиҷоратии “Наврӯз”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки маҷмааи тиҷоратӣ дар доираи истиқболи сазовор аз ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст. Сохтмони иншоот, ки масоҳаташ ба 2 ҳазору 112 метри мураббаъ баробар аст, соли 2019 оғоз ёфта буд. Бино аз 3 ошёна ва таҳхона иборат мебошад.

Ин бинои хуштарҳу замонавӣ аз тарафи сокинони ватандӯсти ноҳия оилаи Абдуллозодаҳо бунёд шуда, дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ 70 нафар сохтмончии маҳаллӣ ба кор ҷалб гардиданд. Дар бунёди ин маҷмаа асосан маҳсулоти ватанӣ истифода шудааст.

Дар ошёнаи 1-уми маҷмааи тиҷоратӣ асосан маҳсулоти хӯрокворӣ ба фурӯш бароварда шудааст. Толори намоиш ва фурӯши сару либос ва маҳсулоти ҳунарҳои миллӣ дар ошёнаи 2-юми бино ҷойгир аст.       

Дар қабати сеюми иншоот корхонаи дӯзандагӣ бунёд ёфтааст. Корхонаи мазкур бо беш аз 200 адад мошинаи дарздӯзӣ ва дигар дастгоҳҳои зарурӣ барои дӯхти сару либос муҷаҳҳаз гардонида шуда, дар он беш аз 200 нафар занону ҷавондухтарони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Аксари кормандони ин корхонаи дӯзандагӣ қаблан хонанишин буданд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи нав, акнун занону ҷавондухтарони соҳибҳунари деҳаи Наврӯз корро дар шароити беҳтар ба роҳ хоҳанд монд. Дар ин ҷо ҳамчунин нафароне, ки соҳибкасб нестанд, ба курсҳои омӯзишии дӯзандагӣ фаро гирифта шуда, баъдан бо ҷойи кор таъмин мегарданд.   

Баъд аз шиносоӣ бо шароити корӣ дар Маҷмааи тиҷоратии “Наврӯз” дар деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкорро ҷиҳати ободии як гӯшаи диёр, шоистаи таҳсин хонданд.  

Бино дар шафати роҳи мошингарди дорои аҳамияти маҳаллӣ ҷойгир буда, дар доираи корҳои ободонӣ дар атрофи он гулҳои рангоранг ва дарахту буттаҳои ороишӣ шинонида шудааст. Иншооти нав ба симои ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки замони соҳибистиқлолии мамлакат ба куллӣ тағйир ёфтааст, зебогии дигар зам кардааст.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520